Афсари комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба гирифтани пора гумонбар шуд

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи як афсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дод, ки ӯ ба гирифтани пора гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, гумонбар А. Сатторзода аз моҳи феврали соли 2025 дар ин вазифа кор карда, моҳи сентябри соли гузашта барои ба таъхир гузоштани муҳлати хизмати ҳарбии як ҷавон аз як шаҳрванд 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Тафсилот дар бораи робитаи ин шахс бо даъватшаванда дар хабар зикр нашудааст.

Оҷонсӣ ҳамчунин дар бораи боздошт шудани гумонбар маълумоти дақиқ надодааст.

Нисбат ба ӯ бо гумони “сӯйистеъмоли ваколатҳои мансабӣ ё баромадан аз ҳадди ваколатҳо” (моддаи 391, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Бар асоси қонунгузорӣ, ин модда ҷазо дар шакли ҷарима ё то ду соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Назари худи гумонбар дар робита ба иттиҳом то ҳол дастрас нест.

Skip to toolbar