Дар пай нашри навори сарзаниши хонандаи мактаб аз сӯи омӯзгор, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, мақомот ба ин навор вокуниш нишон дода, омӯзгорро танбеҳ додааст.
Дар навор омӯзгор хонандаро барои бе лавозимоти хониш ба дарс ҳозир шудан, сарзаниш мекунад.
Ба иттилои мақомот, ҳодиса рӯзи 14-уми сентябр дар яке аз мактабҳои Ёвон рух дода, омӯзгор лаҳзаи сарзаниши хонандаеро, ки бе дафтар ба дарс ҳозир шудааст, сабт карда, ба модараш фиристодааст. Модари хонанда ин наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст, ки баҳсҳоеро ба миён гузошт.
Шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон рӯзи 15-уми сентябр расман ин қазияро шарҳ дода, гуфт, Равшаноро Акрамова, омӯзгори мактаби №72-и Ёвонро барои шарҳи амалкардаш даъват кардаанд ва ба ӯ зарурати риояи қонунгузорӣ, одоби касбӣ ва муносибати эҳтиромона бо хонандагон фаҳмонда шудааст.
Чаро ба омӯзгор танбеҳ доданд?
Ҳангоми ба навор гирифтани хонанда омӯзгор аз телефони мобилии худ истифода намудааст. Тибқи талаботи қонунгузории соҳаи маориф омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф уҳдадоранд дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд. Шуъбаи маорифи Ёвон гуфтааст, бо дарназардошти талаботи қонунгузорӣ, ба омӯзгор Равшаноро Акрамова муҷозоти интизомӣ ва танбеҳ дода шуд.
“Масъалаи мазкур дар доираи ваколатҳои муқарраргардида мавриди корбарӣ қарор дошта, ба рафтор ва фаъолияти касбии омӯзгор аз нуқтаи назари талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои касбӣ баҳои дахлдор дода мешавад. Дар сурати муайян гардидани асосҳои зарурӣ ва мувофиқи натиҷаи баррасии масъала, нисбат ба омӯзгор чораҳои дахлдор андешида шуда, то маҳдуд ё дур намудани ӯ аз фаъолияти касбӣ тибқи тартиби муқарраргардида масъалагузорӣ карда мешавад”-, гуфта шудааст дар хабари расмии шуъбаи маорифи Ёвон.
“Мақсади омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда набуд”
Ин ниҳод ҳамзамон зикр намудааст, ки мақсади омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда ё расонидани зарар ба ӯ набуда, пешгирӣ аз беэътиноӣ ба раванди таълим будааст.
“Бо вуҷуди ин, шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон таъкид менамояд, ки интихоби усули таъсиррасонӣ дар чунин ҳолат қобили қабул набуда, аз ҷониби омӯзгор ғайрикасбӣ арзёбӣ мегардад…Ба навор гирифтани хонанда ва равон намудани он ба падару модар, ҳатто бо нияти ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба масъулияти фарзанд, наметавонад ҳамчун усули дурусти педагогӣ арзёбӣ гардад ва хилофи меъёрҳои амалкунанда аст”-, омадааст дар изҳороти шуъбаи маорифи Ёвон.
Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки муаллима Равшаноро Акрамова дар раванди дарси забони русӣ бе лавозимоти дарсӣ ба дарс ҳозир шудани Ф.С., хонаандаи синфи сеюми мактаби №72-ро ба навор гирифта, сабтро ба модари ӯ фиристодааст.
Ба иттилои манбаъ, модари хонанда Шаҳноза Нарзуллоеваи 36-сола, ки ҳоло дар Русия дар муҳоҷират қарор дорад, ба ҷойи бартараф кардани камбудиҳо, ин наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст. Ноболиғ феълан зери парастории бибияш будааст ва ба қавли мақомот, аз ҷониби волидайн барои таъмин намудан бо лавозимоти хониш хунукназарӣ шудааст.
Дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки як соҳибкор лавозимоти зарурии мактабиро барои ин духтар харидорӣ кардааст.
Ин бори аввал нест, навори сарзаниши хонандаи мактаб аз сӯи омӯзгор ё баръакс беэҳтиромии донишомӯзон нисбати устодон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез мешаванд. Дар гузашта низ пас аз паҳн гардидани чунин наворҳо, мақомот вокуниш карда буданд.
