Ҳабси писари Гул Шералӣ ва боз 3 нафар барои занозанӣ

Тафтишот муайян кардааст, ки иштирокчиёни занозанӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.


Ресторани Бухоро

Акс аз сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шаби 30-юми ноябр дар тарабхонаи “Бухоро”-и шаҳри Душанбе занозании гурӯҳӣ бо иштироки ҷавонон, аз ҷумла писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноат ба амал омад. Дар пайи он чор нафар боздошт шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса боиси дағалона вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид.

“Алишер Гулови 25-сола (писари Гул Шералӣ), Раҳмон Маҳмадбекови 26-сола, Ҷасур Хоҷаеви 26-сола ва Сӯҳроб Шарипови 27-сола боздошт шуданд, ки ҳама сокинони шаҳри Душанбе мебошанд”,- хабар медиҳад милитсияи пойтахт.

Тафтишот муайян кардааст, ки иштирокчиёни занозанӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршудагон тибқи моддаи 460 (авбошии майда)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба суди ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуданд.

Суд қарор кардааст, ки нисбати ҳамаи иштирокдорони ҳодиса ба муҳлати 7 рӯз ҳабси маъмурӣ эълон шавад.