Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 09:2526.06.2025
Ятим Акрамов, сокини 77-солаи ноҳияи Мӯъминобод, барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба наберааш, духтараки ноболиғ боздошт гардид. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, навори ин ҳодиса, ки дар он рафтори ғайриахлоқии мард нисбат ба духтари хурдсол сабт шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, нигаронии корбарони интернетро ба миён овард.
Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки Ятим Акрамов нисбати набераи панҷсолаи худ, ки “дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт”, амалҳои бадахлоқона анҷом додааст.
Назари шахси боздоштшуда дастрас нест.
Дар робита ба ин нисбати Акрамов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 139-и Кодекси ҷиноятӣ (ҳаракатҳои бадахлоқона) оғоз шуда, ӯ айни ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Тафтишот оид ба ҳодиса идома дорад.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад