fbpx

Ҳабси як марди рус дар Екатеринбург барои шиканҷаи фарзанди муҳоҷири тоҷик

Кӯдак моҳи декабри соли 2022 кушта шудааст ва тӯли ин муддат ҷасади ӯ дар борхалтае дар дохили гараже, ки дар наздикии хонаи парасторон ҷойгир аст, хобидааст.


0
Мард бо дастони баста

Суди ҳарбии гарнизонии Екатеринбург Александр Наумов, парастори Далер Бобиеви шашсола – писари муҳоҷире аз Тоҷикистонро ба панҷ соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Суд айбдоршавандаро дар шиканҷаи ноболиғ бо бераҳмии хос гунаҳкор донист, хабар медиҳад лоиҳаи Радиои Озодӣ “Мигрант.Медиа”.

Наумов дар суд гуноҳи худро эътироф накарда, изҳор доштааст, он кореро, ки ӯро ба он айбдор мекунанд, содир накардааст, зеро дар ҷанги зидди Украина буд.

Тибқи маълумоти SOTAvision, мард тасдиқ кардааст, ки то моҳи июни соли 2023 дар ҷанг буд ва аз ин ҳодиса хабар надошт. Аммо далелҳое ҳастанд, ки ӯ дар зимистон ба рухсатӣ меомад ва наметавонист нопадид шудани кӯдакро пай набарад.

Вероника Наумова, парастори писар 26 июни соли 2023 дар бораи гум шудани Далер Бобиев хабар дод ва қайд намуд, ки ӯ қаблан ҳам аз хона фирор мекард. Давоми се рӯз садҳо нафар сокинони маҳаллӣ писаракро ҷустуҷӯ карданд.

Баъдтар маълум шуд, ки кӯдак моҳи декабри соли 2022 кушта шудааст ва тӯли ин муддат ҷасади ӯ дар як борхалта дар дохили гаражи иҷорагирифта, ки дар наздикии хонаи парасторон ҷойгир аст, хобидааст. Александр Наумов гуфтааст, ки дар гараж набуд ва халтаро бо ҷасади писарак надидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend