fbpx

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз


1
1 point
Вакили дифоъ аз ҳимояи Абдуллоҳ Ғурбатӣ даст кашид.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Вакилони қирғиз “мобилизатсия”-и ихтиёрӣ ва тақсими аслиҳа ба сокинони наздимарзиро иҷоза доданд

Аъзои кумитаи умури байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр тарҳи қонунеро баррасӣ карданд, ки имкон медиҳад, “дар ҳолатҳои изтирорӣ” ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканд ва Ӯши он кишвар аслиҳа дода шавад.

Вакили порлумон Марлен Маматалиев гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи ташаббусҳои вакилон баъди низоъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, дар як санад гирдоварӣ шавад.

Ба гуфтаи вай, ҳоло пешниҳод аст, ки ба 4 қонун – “Дар бораи омодагии басиҷ ва басиҷи низомӣ дар Қирғизистон”, “Дар бораи уҳдадориҳои ҳатмии ҳарбии шаҳрвандони Қирғизистон”, “Дар бораи аслиҳа” ва “Дар бораи масъулони марз” тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

“Баъди ҳодисаҳои вилояти Бодканд мо бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кардем. Онҳо мехоҳанд, ки имкони ихтиёран басиҷ шуданро дошта бошанд. Онҷо шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба шикор машғуланд, омодагии низомӣ доранд. Ҳамчунин мо мехоҳем, ба қонунҳо тағйирот ворид кунем ва ба ин тартиб, дар ҳолатҳои алоҳида ба касоне ҳам силоҳ дода шавад, ки таҷрибаи низомӣ надоранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки якбора ба ҳама силоҳ диҳанд, тарбит ва раванди онро бояд вазорати корҳои дохилӣ танзим кунад”, – гуфт вакил.

Баъди баҳсу баррасӣ ин тарҳи қонун дар кумитаи мазкури порлумони Қирғизистон қабул шудааст.

Равобити Душанбе ва Бишкек дар як соли ахир пурмушкил шудааст. Далели тира шудани равобити Тоҷикистону Қирғизистон сар задани муноқишаҳои пайиҳам дар марзи ду кишвар гуфта мешавад. Аз ҷумла дар даргирии рӯзҳои 14-17 сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз, 4 октябр, муҳокимаи парвандаи журналисти боздоштшудаи тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатиро ба анҷом расонид ва ӯро ба 7,5 соли зиндон маҳкум намуд.

Ҷониби ҳимоя мегӯяд, ки аз болои ҳукми суд шикоят хоҳад кард.

Мурофиа додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ имрӯз, 4 октябр, дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва дар он сухани охирин ба журналист дода шудааст.

Дар ин бора аз Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон хабар медиҳанд.

Ин маркази менависад, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ зимни сухани охирини худ бори дигар таъкид намудааст, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.

Новобаста ба ин, суд Абдуллоҳ Ғурбатиро бо моддаҳои 328 қисми 1, 330 қисми 1 ва 307 қисми 2 банди 3-и КҶ гунаҳкор карда, ба 7,5 соли зиндон равонаи зиндон намуд.

Дирӯз, 3-юми октябр, зимни ҷаласаи судӣ айбдоркунандаи давлатӣ аз суд хоҳиш карда буд, ки ба Абдуллоҳ 8 соли зиндони низомаш пурзӯр таъйин карда шавад, аммо суд ҷаласаи навбатиро ба рӯзи дигар, аммо номаълум гузошта буд.

Дар Суғду Хатлон мактабҳоро ба номи қурбониёни муноқишаҳои мегузоранд

Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва Айнии вилояти Суғд ду мактаб ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов ва Хирадманд Усмонзода, афсароне, ки ҳангоми муқобила ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон қурбон шуданд, гузошта мешаванд.

Ба иттилои Умар Ситамов, директори мактаби №15 дар Ховалинг, Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг зимни ҷаласаи хеш бо ҳузури директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ноҳия, пешниҳод карданд, ки МТМУ №15-и деҳаи Дараи Мухтор ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов гузошта шавад.

“Ҳоло ба хотири арҷгузорӣ ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг қарор қабул намуд ва он ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Ховалинг ирсол гардид”, – гуфт Умар Ситамов.

Шуҳратҷон Наҷмиддинови 33-сола аз ноҳияи Ховалинг буд, қабл аз кушта шудан дар симмати муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара фаъолият мекард ва рӯзи 16-уми сентябр, ҳангоми муқобилият ба ҳамлаи таҷовузгаронаи Қирғизистон ҷони худро аз даст дод.

Аз марҳум Шуҳратҷон Наҷмиддинов 3 фарзанд ятим монданд.

Бояд гуфт, хабари даргузашти Шуҳратҷон Наҷмиддиновро модари марҳум Замзам Мирзоева дар шабакаи иҷтимоии фейсбук интишор кард.

Пас аз нашри хабар, як гурӯҳ истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси ноҳияи Ховалинг Маҷиди Муҳтадӣ муроҷиат намуда, дархост карданд, ки “ба хотири абадан ба ëдгор мондани номи шаҳиди ҷонфидо Шуҳратҷон Наҷмиддинов ягон муассиса ва ё хиёбон ба номи ӯ гузашта шавад”.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки мактаби №27-и деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба номи Хирадманд Усмонзода, як афсари дигари ҷонбохта дар даргириҳои марзӣ, номгузорӣ шавад. Алиқул Қодиров, раиси ҷамоати деҳоти Урметани Айнӣ дар ин бора гуфт, “пешниҳоди мазкур дар ҳоли татбиқшавӣ қарор дорад ва умед дорем, ки он расмӣ гардад”.

Хирадманд Усмонзодаи 28-сола яке аз афсарони дигари қурбоншуда дар муноқишаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аст ва аз ӯ низ як кӯдаки дусола ятим мондааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз муноқишаи моҳи июни соли равон, ки он замон низ чанд нафар сарбозону афсарони тоҷик қурбон шуда буданд, дар Исфара 9 кӯчаро дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузошта буданд.

Сафари беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Русия ба Қазоқистон

Вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Ахмеджанов 4 октябр хабар дод, ки аз 21-уми сентябри имсол то ҳол ҳудуди 200 ҳазор шаҳрванди Русия вориди кишвари онҳо шудааст.

ВУД Қазоқистон 1-уми октябр гуфта буд, “аз 21 то 28-уми сентябр вуруди зиёди муҳоҷирон аз Русия ба ин кишвар сабт шудааст”, ки назар ба ҳолати муқаррарӣ 2-3 маротиба бештар аст”. Тибқи иттилои вазорат, аз 21 то 27-уми сентябр 98 ҳазор нафар аз Русия вориди Қазоқистон шуда, 64 ҳазор кас ин кишварро тарк кардааст.

Манбаъ афзуда, ки вуруди шаҳрвандони Русия асосан ба вилоятҳои ҳаммарзи Қазоқистон бо он кишвар, аз ҷумла Қазоқистони Ғарбӣ, Оқтеппа, Костанай, Павлодар, Қазоқистони Шимолӣ, Қазоқистони Шарқӣ, Атирау ва Остонаву Алмато мушоҳида мешавад.

Пештар расонаҳо бо истинод ба мақомоти Қазоқистон хабар дода буданд, ки аз 21-уми сентябр то 2-юми октябри имсол беш аз 54 ҳазор шаҳрванди Русия тавассути гузаргоҳи марзии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ворид шудааст ва 42 ҳазори онҳо мардони аз 18 то 52-сола ҳастанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend