fbpx

Ҷабборов: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик ҳал мешавад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон Акс аз vesti.kg

“Аз донишгоҳ хориҷ шуда буд”. Набераи Абдуллоҳи Нуриро “облава” кардаанд

Пайвандони Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифин дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иддао доранд, ки яке аз наберагони ӯро тариқи “облава” ё сарбозшикор ба артиш бурдаанд.

Ҳабибулло Саидови 21-сола, донишҷӯи соли сеюми факултаи “Кимиё ва биология”-и Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар буд. Наздиконаш мегӯянд, кормандони пулиси Вахш ӯро рӯзи 23-уми апрел боздошт карданд ва баъдан, бо иддаои ин ки ӯ аз донишгоҳ хориҷ шудааст, ба артиш фиристоданд.

Мақомот расман дар бораи шеваи ҷалби ин ҷавон ба артиш хабар надодаанд, вале наздиконаш мегӯянд, ӯ аз донишгоҳ ихроҷ нашуда буд ва тибқи қонун ҷалби ӯ ба саффи қувваҳои мусаллаҳ нодуруст аст.

Абубакри Нурӣ, амаки Ҳабибулло Саидов, рӯзи 25-уми апрел аз Олмон ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта Ҳабибуллоро ба шӯъбаи умури дохилии ҷамоати “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш даъват намуданд ва баъдан хабар доданд, ки ӯ ихтиёрӣ ба сарбозӣ рафт.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш дар бораи тариқи “облава” ё сарбозшикор ба артиш бурдани ин ҷавон шарҳе надоданд.

Ҷабборов: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик ҳал мешавад

Раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо хабаргузории “Кабар” дар бораи масоили марзӣ ҳарф зада, изҳори бовар кардааст, ки баҳси тӯлонӣ базудӣ ҳал хоҳад шуд.

“Дар ояндаи наздик мо бояд ин масъаларо комилан ҳал кунем”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, масъалаи делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз бардошта нашудааст ва ҳаллу фасли он идома дорад.

Ӯ қайд кард, ки бинобар ба таъхир афтодани ин раванд дар тӯли беш аз 30 сол дар ҳалли мушкилот “раванди суст” мушоҳида мешавад, ки то ҳол ҳудудҳои баҳсбарангез вуҷуд доранд.

Аммо ӯ изҳори итминон кард, ки дар ниҳоят ҳама ихтилофот аз байн хоҳанд рафт ва муносибатҳои ду кишвар ба эътидол омада, рушд хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Ҷабборов, аз 900 километри умумии марзи муштарак 600 километраш муайян шудааст.

“Масъала оҳиста ҳал мешавад. Суръат на танҳо аз ҷониби мо, балки аз ҳар ду ҷониб суст аст. Мушкили тақсимоти марзӣ, ки 30 сол боз ҳал нашудааст, дар як моҳ ҳал намешавад”, – гуфт раисҷумҳури Қирғизистон.

Ҷабборов афзуд, ки сохтмони садди марзӣ танҳо пас аз тасвиби ниҳоии қитъаҳо оғоз мешавад.

“Баробари ҳалли масъалаҳои баҳснок ҳар ду ҷониб ба сохтани девор шуруъ мекунанд. Гузаргоҳҳои сарҳадӣ кушода хоҳанд шуд. Тиҷорат оғоз мешавад”, – гуфт ӯ.

Раиси ҲДТ ба Рустами Эмомалӣ: Театри опера балетро наканеду Кохи “Борбад”- ро аз шакли муғулӣ наҷот диҳед

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили парлумони Тоҷикистон аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хостааст, ки биноҳои таърихии Душанбе, аз қабили театрҳои опера ва балет, “Лоҳутӣ”, чойхонаи “Роҳат” ва бинои кунунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро тахриб накунанд ва симои берунии бинои Кохи “Борбад” – ро ба меъмории форсӣ-тоҷикӣ мутобиқ кунад.

Дархости ӯ, аз номи Шӯрои сиёсии ҲДТ дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” нашр шудааст.

Усмонзода тахриб накарданни биноҳоро ба хотири эҳтироми таърихи як давраи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумати Шӯравӣ маънидод кардааст.

– Нигоҳ доштани биноҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ , театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, бинои Маҷлиси Олии ҶТ , Чойхонаи “Роҳат”, меҳмонхонаи “Душанбе” , меҳмонхонаи “Вахш” ва бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст . Ин биноҳо бо меъмории нисбатан беҳтари худ ва хидмати дурударозашон дар хотираи чанд насли мардуми кишвар чун нишони даврони пешин боқӣ мондаанд,- мегӯяд раиси ҲДТ.

Дар ҳамин ҳол, номбурда пешниҳод кардааст, ки бархе биноҳо, ки дар замони Шӯравӣ бо шиори «интернационазм» ё мазмунан таҳқир ба миллати тоҷик сохта шудааст, ислоҳ карда шавад.

Ӯ аз ҷумла, бинои Кохи “Борбад” – ро мисол оварда таъкид намудааст, ки он бо шакли “юрти муғулӣ” сохта шудааст.

– Дар ин бино маъракҳои муҳими давлатӣ мегузарад ки боиси таассуф аст. Сохти дохили бино ба талаботи истифодабари пурра ҷавобгӯ мебошад, вале шакли берунаи бино ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад . Пешниҳод мекунем, ки дар ислоҳи шакли берунаи он мутобиқ ба меъмории форсӣ-тоҷикӣ мусоидат кунед,- пешниҳод кардааст Саидҷаъфар Усмонзода.

Номбурда ҳамчунин аз шаҳрдори Душанбе даъват кардааст, ки роҳҳои пиёдагард ва хиёбону кӯчаҳои пойтахт васеъ карда шавад.

Ба гуфи ӯ, имрӯз баъзе роҳравҳои кӯчаҳо ба ҳадде тангбару борик ҳастанд, ки барои роҳгузарон мушкил эҷод кардаанд.

Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро ба Тоҷикистон даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эммануэл Макронро бо интихоби дигарборааш ба мақоми президентӣ дар Фаронса шодбош гуфтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати интихоби муҷаддад ба мақоми президентӣ барои Макрон дар корҳои минбаъдааш муваффақият таманно кардаст.

“Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам”, – омадааст дар иттилоия.

Раҳмон аз сатҳи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандияшро барои густаришу тавсеаи бештару ҳамаҷонибаи онҳо баён кардаст.

Интихоботи президентӣ дар Фаронса 24 апрел баргузор шуда, дар пайи орошумории комил Макрон бо 58,55% овоз пирӯз шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend