logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҷабборов ба Тошиев барои "баргардонидани заминҳо" унвони қаҳрамонӣ додааст

Саҳми Тошиев дар таърих дарҷ мегардад, гуфтааст Содир Ҷабборов.

Your tj

19:3916.05.2023

Ҷабборов ба Тошиев барои "баргардонидани заминҳо" унвони қаҳрамонӣ додааст

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев Қаҳрамони (Баатир) Ҷумҳурии Қирғизистонро додааст. Ба гуфтаи ӯ, унвон ба Тошиев барои дар мувофиқа бо Узбекистон баргардонидани заминҳои қирғиз дода шудааст.

Дар ин бора Ҷабборов 12-уми май зимни як мулоқот бо номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаи якмандатии ноҳияи Ленин изҳор дошт, хабар медиҳад Kloop.kg.

Ба гуфтаи ӯ, ҳайати таҳти раҳбарии Тошиев якуним сол ба Тошканд сафар карда, бо талоши раиси КДАМ тавонистаанд қитъаи 19 гектарии Гавасойро, ки замони ҳукумати шӯравӣ ба ҶШС Узбекистон дода шуда буд, аз ихтиёри Тошканд баргардонанд. Мавзеи Гавасой дар деҳаи Коктоши ноҳияи Ала-Буқаи вилояти Ҷалолобод ҷойгир буда, ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад.

“Ин заминҳоро бо мушкили зиёд баргардонданд. Бале, баҳсҳо, низоъҳо буданд, тарафҳо ҳатто ҳуҷҷатҳоро пароканда карда, ба ҳамдигар ҳарфҳои дағал  мегуфтанд... Аз ин рӯ, ман ба ӯ унвони қаҳрамон додам, зеро саҳми ӯ дар таърих боқӣ мемонад. Бисёриҳо навиштаанд, ки президент ин унвонро ба дӯсташ дод, аммо ман мехоҳам қайд намоям, ки таърих баҳои худро хоҳад дод”,- қайд намуд Ҷабборов.

Дараҷаи олии фарқкунандаи “Киргиз Республикасинин Баатири” ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев 1-уми сентябри соли 2022 дода шудааст. Дар фармон, ки баъдан президент имзо кард, гуфта мешавад, ки ин ҷоиза ба Тошиев “барои хидматҳои махсус дар назди давлат ва мардуми Қирғизистон” дода шудааст.

Ҷабборов гуфт, ба Тошиев унвони Қаҳрамонро барои он додааст, ки раиси КДАМ дар ҷараёни ҳодисаҳое, ки ба ваҳдати мардуми қирғиз таҳдид мекард, “низоъ қатъ карда, мардумро оштӣ дод”. Дар ҳамин ҳол Содир Ҷабборов шарҳ надод, ки сухан дар бораи кадом ҳодисаҳо меравад.

Дар охири соли 2022 президенти Қирғизистон ва Узбекистон қонунҳо дар бораи тасвиби Шартномаи байни Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ ва Созишнома дар бораи идораи муштараки захираҳои обии обанбори Кампиробод (Андиҷон)-ро имзо карданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

1 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

1 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

2 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

5 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ