fbpx

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз Тоҷикистон хост, вохӯрии онҳо бо “Толибон”-ро тезонад. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасари хабарҳои рӯз ҷамъ овардем, ки донистанашон барои Шумо муҳим аст.


0
Фото AFP

Дидори мақомоти тоҷику қазоқ барои ворид кардани сӯзишворӣ

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки бо Қазоқистон масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро матраҳ карданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дидори мақомоти тоҷику қазоқ дар ин бора рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот раҳбарони ширкатҳои қазоқии “КазМунай газ” ва “Тенгиз Шевройл” иштирок намудаад.

“Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистонӣ дар самтҳои мазкур, инчунин имконияти татбиқи меъёри сифрии хироҷҳои гумрукиро зимни анҷоми амалиёти дахлдори тиҷоратӣ баррасӣ намуданд”,-хабар медиҳад сомонаи ВКХ.

Қазоқистон аз таъминкунандаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон аст, ки 80 дарсади ронандагони тоҷик аз он истифода мебаранд. Чанд моҳи охир қимати гази моеъ ва дигар намуд сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафт ва нигаронии сокинонро ба миён овард. Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ, роҳкиро ҳам боло рафт.

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.

Дар рафти суҳбат оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистонро анъанаҳои деринаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва риштаҳои қавии дӯстӣ бо ҳам мепайванданд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни суҳбат атрофи масоли мубрами байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ дар Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

Сарони кишварҳо муҳимияти татбиқи пурраи созишнома ва қарордодҳои қабулшуда, идомаи ҳамкории мутақобила ва ҳамоҳангиро дар доираи фаъолияти комиссияи муштраки байниҳукуматӣ таъкид намуданд.

Ҷабҳаи муқовимат аз Душанбе хост, вохӯрии онҳо бо “Толибон“*-ро тезонад

Тоҷикистон метавонад дар расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон нақши ҳалкунанда дошта бошад, гуфтааст раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидрам дар як мусоҳиба бо ТАСС.

Вай таъкид кард, ки намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии ҷумҳурӣ барои муколама бо аъзои “Толибон”*, ки қудратро дар кишвар ба даст овардаанд, омодаанд. Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, Тоҷикистон “агар ташаббусро ба даст гирад, метавонад боз ҳам пеш равад. Илова бар ин Пидром қайд кард, ки барои кумак ба муқовимат бо дигар кишварҳо робита барқарор кардан лозим аст. Вай ишора кард, ки Ҷабҳаи муқовимат бояд бо Русия, ИМА, Чин, Эрон ва Покистон тамос гирад.

Дар Тоҷикистон се машқи низомии бузургмиқёси СААД оғоз мешавад

Аз 10 то 23 октябр дар доираи чорабиниҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар машқгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Момирак”, ки бевосита дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгиранд, якбора се тамрини низомӣ баргузор мешавад.

Ин тамринҳо аз машқҳои воҳидҳои тадорукот ва роҳандозии иктишоф (разведка) “Поиск-2021”, воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2021” ва Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал – “Взаимодействие-2021” иборатанд.

Задухӯрди шадиди “Толибон”* бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер

Дар Панҷшер байни ҷангиёни “Толибон”* ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи деҳаи Заманкури вулусволии Аъноба ба амал омад, хабар медиҳад “Afghanistan International”.Муноқиша тақрибан ду соат идома кард, аммо ҷузъиёти ин ҳодиса мушаххас нашудааст.

Қаблан Латифи Пидрам, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, ки аз муқовимат ҳимоят мекард, ба хабаргузории ТАСС гуфта буд, ки дар Панҷшер ҷанги партизанӣ бо “Толибон”* идома дорад. Вай таъкид кард, ки дар бисёре аз вилоятҳои Афғонистон минтақаҳое ҳастанд, ки таҳти назорати “Толибон”* қарор надоранд.Пидром ҳамчунин аз Тоҷикистон даъват кард, ки барои ҳалли низои Афғонистон бештар ташаббус нишон диҳад.

Дархости кумаки молии бештари Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул

Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналиилалии Пул хоҳиш кардааст, ки барои афзоиши дастгирии молӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон. Ахиран Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо хонум Катаржина Зайдел, мудири иҷроияи гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Тоҷикистон ва Пиотр Трабинский, мудири иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул роҷеъ ба Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Завқизода аз мудирони иҷроияи гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул хоҳиш намудааст, ки барои афзоиш додани дастгирии молӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин расонидани кумакҳои техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намоянд.

“Ройгон табобат мекунем”: Абдуллозода ба аёдати кӯдаке рафт, ки падараш ӯро корд зад

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ба шаҳри Хуҷанд ба аёдати Мавзуна Мирзоахмедоваи 8-сола рафт. Зимни аёдат Абдуллозода ба табибон дастур додааст, ки табобати ин духтарро ройгон анҷом диҳанд.

Мавзуна Мирзоахмедова панҷ рӯз аст, ки дар шуъбаи эҳёи шифохонаи шаҳрии №1-и Хуҷанд қарор дорад. Ӯ яке аз се узви хонаводаи захмишудаи ҳодисаи хунин дар Хуҷанд, гуфта мешавад, ки шаби 1 ба 2 октябр аз сӯи падараш Мансур Мирзоахмедов бо корд захмӣ гардид. Падари хонавода дар заминаи як муноқишаи оилавӣ дар дили шаб ба ҳамсараш Умеда Мирдадоева, фарзандонаш Мавзуна ва Хумрихон бо корд ҳамла карда, онҳоро шадидан захмӣ ва сипас қасд ба ҷони худ кард.

Дар пайи ин ҳодисаи мудҳиш Хумрихони 11-сола, хоҳари Мавзуна ба ҳалокат расидааст. Алҳол Умеда, модари Мавзуна дар шуъбаи эҳёи бемористони клиникавии Суғд бистарӣ аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend