logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Аҳолии Тоҷикистон ба 10,72 миллион нафар расидааст

Ҳамзамон, шумораи фавт 4,1% афзуда, дар соли гузашта ба 34,4 ҳазор нафар расидааст.

Your tj

17:1027.02.2026

Аҳолии Тоҷикистон ба 10,72 миллион нафар расидааст

То 1-уми январи соли 2026 аҳолии Тоҷикистон 10 млн 720,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки қариб 215 ҳазор нафар - 2% бештар аз аввали соли 2025 мебошад, хабар медиҳад Оҷонсии омори кишвар.

Шумораи аҳолӣ дар минтақаҳо бо фоиз ва рақамҳо чунин аст:

  • вилояти Хатлон – 36,2% (3 млн 878,9 ҳазор);
  • вилояти Суғд – 28,1% (3 млн 15,1 ҳазор);
  • шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 21,5% (2 млн 298,6 ҳазор);
  • шаҳри Душанбе – 12% (1 млн 291,8 ҳазор);
  • Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2,2% (236,4 ҳазор).

Соли 2025 дар Тоҷикистон 255,1 ҳазор таваллуд ба қайд гирифта шуда, афзоиши таваллуд дар ҳамаи минтақаҳо ба ҷузи ВМКБ сабт шудааст.

  • вилояти Суғд 1,4% (62,8 ҳазор таваллуд);
  • вилояти Хатлон - 1,9% (105,4 ҳазор таваллуд);
  • шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ - 6,4% (57,9 ҳазор таваллуд);
  • шаҳри Душанбе - 0,4% (25,6 ҳазор таваллуд);
  • ВМКБ 2% кам шудааст (3,3 ҳазор таваллуд).

Ҳамзамон, шумораи фавт 4,1% афзуда, ба 34,4 ҳазор нафар расидааст.

Афзоиши фавт дар минтақаҳо чунин аст:

  • Суғд – 2,4% (11,3 ҳазор фавт);
  • Хатлон – 4,1% (11,4 ҳазор фавт);
  • шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 6,4% (6,8 ҳазор фавт);
  • Душанбе – 5,1% (3,5 ҳазор фавт);
  • ВМКБ – 4,0% (946 нафар фавт).

301 просмотра

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

1 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

1 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

4 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

4 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ