Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 19:3112.02.2025
Хуршед Каримзода сардори Хадамоти гумрук гуфт, бозбинии масъалаи нобудсозии воситаҳои нақлиёт (утилизатсия), ҳаҷми маблағ ва тарзи рӯёнидани он мавриди баррасӣ қарор дорад.
Номбурда зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 12 феврал ба хабарнигорон гуфт, дар назар аст, баъди бозбинӣ ин маблағ ҳангоми воридот рӯёнида шавад.
“То имрӯз, давоми як соле, ки маблағи нобудсозӣ ҷорӣ шуд, аз ҷониби БДА ҳангоми бақайдгирӣ маблағ рӯёнида мешуд. Ҳоло масъалаи рӯёнидани он ҳангоми воридот аз ҷониби мақомоти гумрук ва бозбинӣ намудани ҳаҷми маблағ баррасӣ шуда истодааст. Маблағи нобудсозӣ ҳам ба электромобилҳо ва ҳам ба дигар воситаҳои нақлиёт дахл дорад”,- афзуд Каримзода
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ӯ гуфт, новобаста ба чораандешиҳо вақтҳои охир ба Тоҷикистон мошинҳои кӯҳна бисёр ворид шуданд. Аммо шарҳ надод бо чӣ роҳ
“Махсусан, мошинҳое, ки баъди ба садама дучор шудан таъмири рӯякӣ мешаванд ва оварда ба нархи арзон дар бозорҳои ҷумҳурӣ фурӯхта мешаванд. Ин як мушкилоти ҷиддиро ба миён овардааст”,- шарҳ дод Каримзода.
Читайте также
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
1 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
5 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
5 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
6 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
6 дня назад