Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:3410.01.2025
Суди шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигор ва сардабири рӯзномаи “Пайк”-ро ба даҳ соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм имрӯз, 10-уми январ содир шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта як муроҷиати ӯ ба раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ нашр гардида буд.
Аҳмади Иброҳим моҳи августи соли 2024 дастгир шуда буд ва ба “ришвадиҳӣ ба корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" айбдор мешуд.
Ӯ дар номаи худ ба Рустами Эмомалӣ гуфтааст, "дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?".
Аҳмади Иброҳим 63 сол дорад ва дар расонаҳои гуногун кор кардааст. Ӯ соли 2012 рӯзномаи хусусии “Пайк”-ро таъсис дода буд ва роҳбарии онро ба уҳда дошт.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
23 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
23 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад