Аҳмад Масъудро ба нишасти Парлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо даъват карданд

Лукашенко, Токаев, Норов ба Тоҷикистон омаданд

Имрӯз, 15 сентябр, раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Беларус Александр Лукашенко ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) Владимир Норов ба Тоҷикистон омаданд.

Гуфта мешавад, ки президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Ҳамчунин, ӯ дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки ба 20-умин солгарди таъсиси ин созмон бахшида шудааст, ширкат хоҳад кард.

Ҳадафи сафари Токаев ва Норов ба Тоҷикистон танҳо ширкат дар иҷлосияҳои СААД ва СҲШ гуфта мешавад. Лукашенко ва Токаевро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  Норовро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, 16-17 сентябр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ баргузор хоҳад шуд.

Масъуд ба нишасти Парлумон ва ШИА меравад

Иттиҳоди Аврупо бо судури қатъномае роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер Аҳмад Масъудро барои ширкат ба нишасти Парлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст.

Парлумони Аврупо дар мавриди Афғонистон қатънома қабул кард, ки дар он даъвати пешвои Ҷабҳаи муқовимати миллии зидди толибон дар Панҷшер Аҳмад Масъуди хурдб ба иҷлосияи Парлумони Аврупо ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудааст.

“Биёед пешвои ҷасури муқовимати афғонро дақиқан ба мисли падари маъруфи ӯ 20 сол пеш, ба Парлумони Аврупо даъват мекунем. Умедворӣ барои ояндаи беҳтар барои Афғонистон ҳоло аз даст дода нашудааст”, – гуфтааст дар иҷлосияи ин мақомот вакили ПА аз Нидерланд Барт Грутхейс.

Ин дар ҳолест, чанд рӯз пеш масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфта буд, ки роҳе ҷуз музокира бо Толибон дар Афғонистон вуҷуд надорад ва Брюссел дар садади ҳамоҳангӣ бо аъзои Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси намояндагии ин иттиҳод дар Кобул аст.

Дар қатънома, ки гуфта мешавад аз 36 модда иборат аст, парлумони Аврупо аз хушунатҳои “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) болои мардуми Афғонистон  интиқод карда, гуфтааст, ки “Покистон тавассути нерӯҳои вижа ва пуштибонии ҳавоӣ ба “Толибон” дар ҷанг алайҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер кӯмак кардааст”.

Гуфта шудааст, ки Покистон солҳост ба унвони паноҳгоҳи амн барои “Толибон” амал мекунад.

Садамаи 10 автомобил дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Шоми 14 сентябр дар километри 65-уми роҳ мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб садамаи нақлиёт рух дод.

Ба гуфтаи вай, ронандаи автомшаинаи боркаши тамғаи “Дулан Хова” – сокини Хатлон ҳаноми ҳаракат аз Хуҷанд ба Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа ба 10 мошин бархӯрдааст”.

“Бар асари бархӯрд автомашинаи тамғаи “Toyota” ба ҷарии 200-метра сарозер меравад, – иброз дошт Юсуфӣ. – Дар натиҷаи ин садама зани сокини 50-солаи ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидааст. Панҷ мусофири боқимондаи ҷароҳатбардошта дар бемористони марказии ноҳияи Варзоб бистарӣ шуданд”.

Имдодгарони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷотбахшии Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

“Онҳо ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, автомашинаи ба ҷарӣ афтода, инчунин чизҳои шахсии мусофиронро берун оварда ба соҳибонашон супурданд”, – илова кард ӯ.

Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои паноҳандагони афғон 160 ҳазор евро медиҳад

Ин маблағ барои хариди маводи ниёзи аввали паноҳандаҳои афғонистонӣ, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, масраф хоҳад шуд.

Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, барои афғонистониҳое, ки ба Тоҷикистон паноҳ овадаанд, 160 ҳазор евра кумаки пулӣ ихтисос диҳад. Ин хабарро намояндагии ИА дар Тоҷикистон нашр намудааст.

Ба гузориши намояндагии ИА дар Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои кумак ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вокуниш ба афзоиши хушунат дар Афғонистон, таҳрики мавҷи нави паноҳандагони афғонистонӣ ихтисос ёфтааст.

Гуфта мешавад, ин маблағ дар харидории маводи ниёзи аввал, аз ҷумлаи маводи ғизоӣ ва хаймаву дигар ашёи мавриди ниёзи паноҳандагон масраф мешавад.

Тибқи маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, феълан ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон дастикам 5 ҳазор шаҳрванди Афғонистон паноҳ овардааст. Ин теъдод аз паноҳандагон давоми ҳамагӣ чанд ҳафтаи ахир аз тарси “Толибон”* ба Тоҷикистон омадаанд.

Skip to toolbar