fbpx

Аҳмад Масъуд Афғонистонро тарк накардааст. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Аҳмад Масъуд Афғонистонро тарк накардааст

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун нарафтааст. Дар ин бора хабаргузории Форс бо такя ба як манбаи наздик ба фармондеҳи артиш хабар додааст. Ба гуфти Қосим Муҳаммадӣ, овозаҳо дар бораи тарки Афғонистон кардани Масъуд ҳақиқат надорад. “Вай бо дараи Панҷшер дар тамос аст”, – таъкид кард мусоҳиби оҷонсӣ.

Муҳаммадӣ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҷангиёни Толибон* тақрибан 70 дарсади кӯчаҳо ва ағбаҳои асосии вилояти Афғонистонро таҳти назорат доранд.

Аммо водиҳои кӯҳии Панҷшер дар зери назорати комили нерӯҳои миллӣ боқӣ мемонанд.

Манбаъ гуфтааст, ҷанги феълӣ дар Афғонистон аз ҷониби Қатар ва Покистон сарпарастӣ мешавад ва онҳо аз ҷиҳати молиявӣ аз ҷангҷӯён пуштибонӣ мекунанд.

Муҳаммадӣ изҳори умедворӣ кард, ки “кишварҳои минтақа ва ҷаҳон инро дарк хоҳанд кард”.

Се рӯз дар Душанбе баъзе роҳҳои марказӣ баста мешаванд

Аз 15 то 18 сентябр дар Душанбе ду чорабинии муҳими сиёсӣ баргузор мешавад: ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ва ҷаласаи солонаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо президенти Русия Владимир Путин бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад.

Дар робита ба ин маъракаҳои сиёсӣ, сар аз 15-уми сентябр, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ – А.Дониш маҳдуд карда мешавад.

Аз 15 сентябр сар карда, фурудгоҳи Душанбе ба қабули меҳмонони расмӣ аз кишварҳои гуногун шурӯъ мекунад – дар маҷмӯъ, дар доираи ҳайатҳои инфиродӣ омадани ҳазор меҳмон дар назар аст.

Мо дар харита роҳҳои баста мешударо нишон додем. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кӯчаҳо давра ба давра рӯзонаву шабона маҳдуд карда мешаванд.

Мутаассифона, замони дақиқи бастани роҳ ҳанӯз эълон нашудааст, аз ин рӯ ба шумо маслиҳат медиҳем, ки дар ин рӯзҳо кӯшиш кунед, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунед.

Толибон* санги мазори Масъудро барқарору муҳофизаташро пурзӯр карданд

Толибон* санги мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро барқарор кардаанд. Афроде, ки дар тахриби санги мазори Аҳмадшоҳ Масъуд даст доштаанд, муҷозот шуданд, хабар додаст Herat Times бо такя ба Толибон*.

Акс аз сомонаи rossaprimavera.ru

Ба иттилои манбаъ, санги мазор барқарор гардида, дубора дар ҷояш насб шудаст. Шабакаи телеграми Sputnik Афғонистон бо нашри акси мақбара аз қавли Herat Times овардааст, ки муҳофизати мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд пурзӯр шудааст, то аз такрори тахрибкорӣ ҷилавгирӣ гардад.

Қаблан хабар дода шуд, ки аъзои гуруҳи Толибон* сарпӯши шишагии мақбара, ки ояи Қуръони карим дар он навишта шуда буд, шикаста, ҳамчунин санги мазорро пора намудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистонро шартан озод кардаанд

Шаҳрванди Қирғизистон Кубаничбек Акматов, ки бо гумони фурӯши шираи камол аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд, бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудааст.

Абдилаҳат Акматов, падари боздоштшуда, дар суҳбати телефонӣ гуфт, писараш дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон дар ҳабси хонагӣ аст. “Тавассути телефон бо писарам суҳбат кардам. Барояш ҳуҷҷат ва либос фиристодам”, — гуфт Акматов.

Расонаҳо рӯзи 6-уми сентябр хабар доданд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Кубаничбек Акматов – сокини вилояти Бодканди Қирғизистонро боздошт кардаанд.

Ба иттилои пешакӣ, Акматов дар минтақаи байнимарзӣ дар наздикии деҳаи Уч-Добои вилояти Бодканд дастгир шудааст.

* – ҷунбиши Толибон * ҳамчун созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend