fbpx

Ҷаҳиши нархи орду шакар ва маводи сӯзишворӣ пас аз болоравии қурби доллар

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Ҳалокати як кӯдаки 5 – сола бар асари садама дар Панҷ

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чанде пеш бар асари садамаи нақлиёт кӯдаки 5-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, сокини маҳаллӣ Зоирҷон Ҷангизодаи 28-сола рӯзи 9 март ҳамроҳи оилааш барои истироҳат ба доманакӯҳи ҷамоати деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия мераванд. Субҳ онҳо – 12 кас, аз ҷумла 7 нафар кӯдакон бо автомашинаи тамғаи SsangYong Musso ба сафар мебароянд.

Гуфта мешавад, тахминан соати 14:00, ҳангоми дар болои кӯҳ қарор доштанашон ногаҳон борон меборад, ки дар натиҷа чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба автомашина савор шуда ҳаракат мекунанд.

“Вале аз шиддати борони зиёд ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он мелағжад ва ба дарахти писта бархӯрда, баъдан ба ҷарии 150 метр сарозер рафтааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Зикр мегардад, ки бар асари ин садама, Некрӯз Амонови 5-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигар аъзои оила бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҷаҳиши нархи орду шакар

Дар пайи идома ёфтани ҷангу ҳамлаи Русия дар Укроин ва паёмади ҷаҳиши доллар дар Тоҷикистон. Нархи орду шакар ва маҳсулоти дигари ғизоӣ яку якбора боло рафт. Ҳоло арзиши як халта орди навъи якуми 50 килоӣ дар бозорҳои шимолии Тоҷикистон то 300-320 сомонӣ боло рафтааст, ки то дирӯз 265-270 сомонӣ қиммат дошт.

Нархи як халтаи 50 килоии шакар то ба 600 сомонӣ расидааст, ки то дирӯз нархи як килои он дар бозорҳо 9-10 сомонӣ буд. Фурӯшандагон гарон шудани арзиши маҳсулоти ниёзи аввалро, ки асосан воридотӣ аст ба ҷаҳиши якбораи қурби доллар рабт медиҳанд. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 9-уми март қурби 100 доллари амрикоиро дар баробари сомонӣ яку якбора аз 1128 ба 1300 сомонӣ боло бурд.

Масъулини ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, ба санҷиши омилҳои болоравии нарх дар бозорҳо шуруъ кардаанд.

Бегоҳии 9-уми март якбора нархи як халта орди 50 килоӣ дар мағозаву бозорҳои шимолии Тоҷикистон аз 294 сомонию 50 дирам то 314 сомонӣ дар фурӯш буд. Чизе, ки то чанд рӯзи пеш 265-270 сомонӣ қимат дошт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд аксе пайдо шуд, ки дар он нархи як халта орд 321-325 сомонӣ навишта шудааст, вале маълум нест, ки ин нархнома дар куҷо ва кадом вақт гирифта шудааст. Як сокини шаҳри Панҷакент навиштааст, ки нархи як халта орд дар ин шаҳр ба 320 сомонӣ расидааст.

Фурӯшандагон мегӯянд, эҳтимол қимати орд аз ин ҳам боло равад.

Ин дар ҳолест, ки давоми чаҳор рӯзи охир нархи як халтаи 50 килоӣ шакар дар бозорҳои Суғд аз марзи 600 сомонӣ гузашта, назар ба чаҳор рӯзи пеш ҳудуди 150 сомонӣ гарон шудааст.

Орду шакар, яке аз дувоздаҳ номгӯйи маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи тоҷирон дар пайи болоравии якбораи қурби расмии доллар ба сомонӣ нархи он низ гарон шуд. Рӯзи 9-уми март қурби расмии доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон якбора боло рафта 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуд. Паёмади онро алакай дар болоравии нархи дигар маҳсулоти хӯрокии воридотӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Арзиши бензину “солярка” дар Душанбе якбора боло рафт

Бо оғози фасли баҳор бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар пойтахти Тоҷикистон гарон шуда, лекин арзиши гази моеъ ҳоло бетағғйир боқӣ мемонад.

Ба ин тариқ, нархи бензини навъи бештар арзонтари тамғаи АИ-92 аз охири моҳи феврал то имрӯз ба андозаи 17% – аз 10 сомонӣ барои 1 литр то ба 11,70 сомонӣ боло рафт.

Сӯзишвории дизелӣ нисбатан бештар – ба андозаи 17,7% боло рафт: аз 10,20 сомонӣ то ба 12,00 сомонӣ.

Арзиши гази моеъ, ки беш аз нисфи нақлиёти автомобилии кишвар бо он кор мекунад, ҳоло бетағйир боқӣ мемонад – 6,50 сомонӣ барои 1 литр.

Дарёфти шарҳи ширкатҳои воридкунанда дар мавриди гароншавии бензин ва сӯзишвории дизелӣ муяссар намешавад, лекин бархе аз манбаъҳои наздик ба бозори сӯзишворӣ сабаби инро ба болоравии нархи нафт дар пасманзари даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Укроин, афзоиши талабот ба маҳсулоти нафтӣ, инчунин босуръат болоравии қурби доллар дар бозори дохилии асъори Тоқикистон рабт медиҳанд.

Аммо дигар манбаъҳо вобастагии болоравии нархи маводи сӯзишворӣ ва қурби долларро инкор намуда, изҳор мекунанд, ки маҳсулоти нафтӣ қариб пурра дар Русия ва кишварҳои минтақаи мо харидорӣ мешаванд, ки дар онҳо ширкатҳо метавонанд маблағро бо рубл пардохт кунанд ва рубл бошад, тайи ду ҳафтаи ахир нисбат ба сомонӣ хеле беқурб шуд.

Тибқи омори расмӣ, 86% маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон аз Русия ворид намуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.

Қаблан дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ изҳор дошта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби камшавии талабот ба маводи сӯзишворӣ, қимати онҳо дар як сатҳ боқӣ мемонад ё ҳатто поин меравад.

Гап сари он аст, ки дар мавсими баҳору тирамоҳ бо сабаби фаъолшавии корҳо дар бахши кишоварзӣ, талабот ба маводи сӯзишворӣ афзуда, мутаносибан, нархҳо ҳам зиёд мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аз аввали моҳи март то охири моҳи апрели соли гузашта сӯзишвории автомобилӣ дар нуқтаҳои фурӯши кишвар боло рафта, лекин дар моҳи май вазъ дар бозор ба эътидол омад ва нархҳо ҳатто каме поин рафтанд.

Тамоили нави афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ дар моҳи июн оғоз гардида, то нимаи моҳи ноябр идома ёфт ва сипас ҷараёни поинравии он шурӯъ шуд: арзиши сӯзишворӣ то даҳаи охири моҳи феврал ба андозаи 12% поин рафт.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, соли 2021 ба Тоҷикистон ҳудуди 620 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки 60% бештар нисбат ба соли пешин (2020) мебошад.

Ҳудуди 87%-и маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ аз Русия, 7,3% – аз Қазоқистон, 2,6% – аз Ӯзбекистон, 2,4% – аз Туркманистон ва боқимонда аз дигар кишварҳо оварда шудааст.

Соли гузашта ба 1 тонна сӯзишворӣ ширкатҳои интиқолдиҳандаи он ба ҳисоби миёна 667 доллар пардохт намудаанд, ки 200 доллар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Дар Тоҷикистон масунияти шаҳрвандон дар баробари CОVID-19 санҷида мешавад

Аз 14  то 19 марти соли 2022  дар Тоҷикистон ташхиси масунияти шаҳрвандон дар баробари COVID-19  бо дар назар гирифтани эҳтимолияти сироятёбӣ ба ин беморӣ, гузаронида мешавад. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин ташхис ройгон аст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин ташхис аз сӯйи Пажуҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон муштаракан бо Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Русия гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, афроде, ки мехоҳанд дар тадқиқоти мазкур ширкат кунанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон: дар Душанбе (марказҳои саломатии 1,8,9,10,12,13 ва 14) Турсунзода (муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Беморхонаи марказии шаҳрӣ – КАТС ва БМШ ), Ваҳдат (КАТС ва БМШ), Ҳисор (МНДСЭ (Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ) муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон сокинони Вилояти Хатлон ба Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, вилояти Суғд ба МВНДСЭ ва КАТС-и шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба КАТС ва МНДСЭ, дар шаҳри Истаравшан ба КАТС ва МНДСЭ ва дар шаҳри Исфара ба КАТС ва МНДСЭ муроҷиат кунанд.

Сабти ном барои ҳузур дар тадқиқот дар нуқтаҳои муайяншудаи шаҳру навоҳии кишвар ба гунаи электронӣ сурат мегирад. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки шумораи нафароне, ки бояд дар тадқиқот иштирок намоянд, маҳдуд аст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои дарёфти маълуморти бештар, шаҳрвандон метавонанд ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронии масоили марбут ба COVID-19 тамос бигиранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend