fbpx

Шавкат Мирзиёев бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон дидан мекунад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 то 12 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар додааст ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Сарони кишварҳо ният доранд, ки дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар тамоми соҳаҳо баррасӣ намуда, инчунин ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан ҳосилшударо мавриди таҳлил қарор диҳанд.

Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон байни Душанбе ва Тошканд бастаи нави созишномаҳо дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, тиҷорату молия, бахши кишоварзӣ ва фарҳангу илм ба имзо расад. Ин чорумин сафари Шавкат Мирзиёв ба Тоҷикистон ба сифати президенти кишвари ҳамсоя хоҳад буд.

5 ҳазор хонандаи тоҷик довталаби таҳсил дар мактабҳои Русия

Дар Тоҷикистон давраи навбатии интихоби довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба поён расид. Тибқи иттилои Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд, имсол беш аз 5000 хатмкунандагони мактабҳои миёна, литсей ва гимназияҳои панҷ шаҳри Тоҷикистон – Хуҷанд, Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ дар озмун иштирок кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти рус, Тоҷикистон аз рӯи талабгорони таҳсил дар макотиби олии Русия дар миёни дигар кишварҳо ҷойи аввалро ишғол мекунад ва соли ҷорӣ шумораи довталабон аз 15 то 20 фоиз афзудааст. Ҳамасола Русия барои қабули ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳояш 630 ҷой ҷудо мекунад.

“Барқи тоҷик” ваъда дод, ки маҳдудияти барқ дар Рамазон камтар мешавад

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, бо дарназардошти фарорасии моҳи Рамазон шиддати маҳдудияти истифода аз нерӯи барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистонро камтар мекунад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ба ин хотир тасмим шудааст вақти ифтор ва рӯзабандӣ ба манзили сокинон нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Тақвими Рамазон соати ифрот ва рӯзабандиро дар Тоҷикистон аз тахминан соатҳои ҳафти шом то чори субҳ муқаррар кардааст. Ёдгорӣ афзуд, ҳамзамон мутахассисони “Барқи тоҷик” мавзӯи лағви пурраи маҳдудиятҳои истифода аз нерӯи барқ дар кишварро баррасӣ мекунанд. Маҳдудияти барқ дар мавсими сармо яке аз мушкилоти калидии сокинони манотиқи берун аз шаҳри Душанбе боқӣ мемонад.

Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро кард

Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбиро иҷро кард. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ноҳияҳои пойтахт соли ҳафтум инҷониб пеш аз муҳлат нақшаи даъватро иҷро мекунанд.

Полковник қайд кардааст, ки то субҳи имрӯз нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ 70%: ВМКБ – 100%, вилояти Хатлон – 65%, Суғд – 53,3% ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 85,3% ба иҷро расидааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд дар бораи хидмати ҳарбӣ қонуни нав қабул шуда бошад ҳам, ҳолатҳои сарбозшикор ё ба истилоҳ “облава” дар ҷараёни даъват хотима наёфтанд. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз ҷониби шахсони номаълум маҷбурӣ ба хидмат ҷалб кардани ҷавонон маълумот нашр мешавад.

Нуҳ макони таърихии Тоҷикистон ба Рӯйхати умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуданд

Нуҳ макони таърихӣ ва фарҳангии долони Зарафшон – Қайроққум расман ба рӯйихати умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуданд. Инҳо “Панҷакенти қадим”, “Шаҳрҳои хурди Санҷаршоҳ ва Ҳисорак”, “Гардании Ҳисор”, “Калъаи Муг”, “Кум”, “Тали Ҳамтуд”, системаи обёрии “Токсанкорез” ва мақбараи “Хоҷа Муҳаммад Башоро” мебошанд.

Солҳои зиёдест, ки ин ёдгориҳо аз ҷониби муҳаққиқон ва бостоншиносони ватанию хориҷӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ карор дошт. Ҳамоҳангсози миллии фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов мӯътақид аст, ки эътирофи мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар СММ танҳо як тасодуф нест, балки эътирофи ҷомеаи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои таърихи 5500 сола мебошад.

Бародари Муродалӣ Алимардонро аз боздошт раҳо кардаанд

Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва ҳоло роҳбари “Агроинвестбонк”, аз боздошт раҳо шудааст.

Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфта буданд, ки ӯ 90 миллион сомонӣ қарзи гирифтаашро аз “Агроинвестбонк” “ғайримақсаднок” истифода кардааст.

Парда Алимардонов ва наздиконаш ҳангоми дар боздошт будани ӯ ва ҳам баъди раҳоияш дар бораи иттиҳоми воридшуда ба матбуот изҳори назар накарданд. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 13-уми апрел гуфт, Парда Алимардонов “кредит”-и бонкро баргардонд ва, бино бар ин, парвандаи ӯ баста шуда, аз боздошт раҳо гардид. Ҷузъиёти дигар дастрас нест.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend