fbpx

Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Маводи сӯзишворӣ то 10% боло рафтааст

Тайи ду рӯзи охир қиммати ҳама намуд маводи сӯзишвории воситаи нақлиёт якбора то 10% боло рафт. Нархи гази моеъ ва бензину дизел (солярка) якбора ба 4,3 ва 6,6 сомонӣ дакка хурдааст. Дар баъзе аз навоҳии Тоҷикистон фурӯши газ 0,30 сомонӣ ва бензину дизел то ба 0,40 сомонӣ баланд шудааст. Ронандаҳо мегуянд болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад.

Зимнан сокинон мегуянд, арзиши маводи сӯзишворӣ қариб дар ҳамаи навоҳии кишвар яксон боло рафтааст. Чунин болоравии нарх дар муқоиса ба гузашта камсобиқа гуфта мешавад.

Баъзе аз масъулони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) болоравии арзиши маводи сӯхтро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ медиҳанд.

Бино ба додаҳои ширкатҳои молиявӣ, ҳоло қиммати 1 бушка (барелль) нафт дар бозори ҷаҳонӣ то ба 55 доллари амрикоӣ баробар шудааст ва гуфта мешавад ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта то 35% баланд гуфта мешавад.

Имтиёздорон-2021 дар Тоҷикистон: Толеъи киҳо баландӣ кард?

Ҳукумати Тоҷикистон Тартиби пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷи гумрукиро тасдиқ намуд. Санад бо қарори ҳукумат аз 31 декабри соли 2020 маъқул дониста шудааст.

Мувофиқи тартиботи қабулшуда, таҳлили аввалияи самаранокии имтиёзҳо аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук гузаронида мешавад.

Натиҷаҳои баҳодиҳии ин мақомот бояд ҳар сол то 1 майи соли минбаъда ба мақомоти ваколатдор (Вазорати молия, – Идора) пешниҳод шаванд, ки дар навбати худ, ба ҳукумат пешниҳод дар бораи бекор кардани имтиёзҳои бесамар ё тамдиди муҳлати имтиёзҳои самаранок пешниҳод омода мекунад.

Ҳудуди 70%-и ҳамаи даромадҳои буҷети кишварро воридоти маблағ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ташкил медиҳанд.

Дар баробари имтиёзҳои бесамар, бо ин санад пешниҳоди имтиёзҳои инфиродӣ, яъне имтиёзҳо ба корхона ва ташкилотҳои ҷудогона манъ мешавад.

Дорандаи бештар ҷолиби имтиёзҳои инфиродӣ фармоишгар ва паймонкори кулли меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” мебошад, ки аз соли 2006 дар қисмати марказии пойтахт мавриди сохтмон қарор дорад.

Дар қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар 16 банд барои корхона ва ташкилотҳои ҷудогона имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудаанд.

Имтиёзҳо, аз ҷумла ба воридкунандагони гандум (ба ҷуз истеҳсолкунандагони машрубот), техника ва воситаҳои махсуси нақлиёт, ки аз ҳисоби буҷет харида мешаванд, КВД “Оид ба истеҳсол, харид, зхаира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе”, воридкунандагони мазут барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳӣ ва ангишт барои ноҳияи Мурғоб пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин барои фармоишгарон ва бинокорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”, Театри миллии Тоҷикистон имтиёзҳои муайян муқаррар шудаанд.

Изофанависӣ: танқиди сахти муовини раиси вилояти Суғд аз ҳукумати Панҷакент

Хол Ҳайдар, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати шаҳри Панҷакент аз кори ҳукумат дар бахшҳои вижа интиқоди сахт карда,  баъзе аз масъулони ҳукуматро ба пешниҳоди маълумоти дурӯғ ва изофанависӣ гунаҳкор кардааст.

Аз ҷумла, Хол Ҳайдар хотирнишон сохтааст, ки “дар коргоҳи “Маърифатпарвар” ҳам аз рӯи нақшаи ваъданамудаатон қариб 100 нафар бояд коргар қабул мекардед. Аммо накардед. Чаро ҷойҳои кории дурӯғин таъсис медиҳед? Киро фиреб мекунед? Фақат барои худнамоӣ бошад, даркор нест! Дар соҳаи саноат 45 нафар коргарони маошгир кам шудаанд”,– гуфтааст муовини аввали раиси вилояти Суғд.

Муовини аввали раиси вилояти Суғд, ҳамчунин дар бахши кишоварзӣ, аз кам захира кардани хошок, кишти нокифояи баъзе аз сабзавот, аз ҷумла сабзиву пиёз, изофанависӣ дар кишти картошка низ изҳори нигаронии ҷиддӣ намудааст.

Ӯ аз ҷумла дар бораи ошкор шудани 1385 га изофанависӣ дар кишти картошка аз тарафи мақомоти додситонӣ гуфтааст.

Хол Ҳайдар ҳамчунин аз фаъолияти гурӯҳи кории тарғиботӣ дар бахши самаранок истифода бурдани барқро ҳам нокифоя хондааст.

Зинаи 99-уми Тоҷикистон дар рейтинги байнулмилалии иқтидори ҳарбӣ

Ширкати байнулмилалии Global Firepower раддабандии нави байнулмилалии иқтидорӣ ҳарбӣ (Military Strength Ranking – 2021)-ро ба нашр расонид.

Мисли рейтинги байнулмилалии иқтидори ҳарбӣ дар соли 2020 байни 138 кишвари мавриди назар Тоҷикистон зинаи 99-умро ишғол мекунад.

Гуфта мешавад, дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 9 ҳазор нафар адои хизмат мекунанд, ки 0,1% аз шумори аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар рейтинг қайд мешавад, ки Тоҷикистон 20 чархбол, 253 танк, 400 мошини зиреҳпӯш, 80 тӯпи вазнини кӯтоҳмил (гаубитса) ва 125 проектори мушакӣ дар ихтиёр дорад. Бинобар сабаби роҳи мустақими баромад ба баҳр надоштан, ҷумҳурӣ Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол, дар раддабандии Global Firepower зикр мегардад, ки соли гузашта Тоҷикистон ба соҳаи мудофиа 79 млн доллар равона кардааст.

ММА: Ҳабдаҳумин ғалабаи Муин-Тоҷик

Варзишкори тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи UAE Warriors  дар Дубай (АМА) бар ҳарифаш аз Коста-Рика Уолтер Замора дастболо шуд.

То ин қувваозмоӣ Муин дар 16 набард пирӯз шуда, 3 бохт дошт. Ҳарифаш мутаносибан 11 ғалаба ба даст оварда, 5 бор шикаст хӯрда буд.

Қувваозмоии Ғафуров ва Замора ҳудуди 20 дақиқа давом карда, дар ҷараёни он варзишкори тоҷик маҳорати хуб нишон дод. Пас аз анҷоми мусобиқа ҳакамон пирӯзиро ба Муин Ғафуров лоиқ донистанд Ин пирӯзии 17-уми Муин аст.

Муин Ғафуров дар саҳифаи худ дар Instagram-аккаунт ба мухлисон барои дастгириашон изҳори миннатдорӣ кард.

Тағйироти кадрӣ дар Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод, мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президент Фирдавс Толибзода ва Мирҳаёт Ёқубзода ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Гуфта мешавад, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Фарҳод Восидиён муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд.

Дар мувофиқа бо сарвари давлат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба сардорони Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва дигар Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур таъин гардиданд.

Ба вазифаи прокурори ВМКБ, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъин шуданд.

Ҳамчунин бо амри сарвари давлат Аҳлиддин Ибодуллозода директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин шуд. Директори пешини ин муассиса Абдувалӣ Шарифзода ба кори дигар гузашт.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend