fbpx

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон 12 сол ҳукми як хонандаи мактабро, ки барои куштори Лутфулло Сафаров, ронандаи таксӣ аз ноҳияи Ёвон маҳкум шуда буд, бекор намудааст.


-1
-1 points
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 12 сол ҳукми як хонандаи мактабро, ки барои куштори Лутфулло Сафаров, ронандаи таксӣ аз ноҳияи Ёвон маҳкум шуда буд, бекор намудааст.

Ассо Шарифов, вакили мудофеи навраси гумонбар бо тасдиқи ин хабар ба Your.tj гуфт, ҳукми зерҳимояашро Додгоҳи вилояти Хатлон содир карда буд, вале дар пайи шикояти кассатсиёнии онҳо Додгоҳи олӣ ҳукмро бекор намуд.

Вай афзуд, ки дар зинаҳои поёнӣ дар тафтишот ва додгоҳ дархосту пешниҳодҳояшон барои пурра баррасӣ намудани парванда ба инобат гирифта нашуд, бинобар ин, ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карданд. Ҳоло ба қавли ӯ, парванда барои тафтиши иловагӣ ба Додситонии кул ирсол шудааст.

Лутфулло Сафаров аввали моҳи апрел ба таври мармуз кушта шуд, ки дар робита ба марги ӯ як наврас боздошт шуда, нисбаташ бо гумони “одамкушӣ бо бераҳмии махсус” ва “роҳзанӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тафтиши парванда дар Додситони ноҳияи Ёвон анҷом ёфта, ба Додгоҳи вилояти Хатлон ирсол гардид. Додгоҳи Хатлон ноболиғро бар асоси моддаҳои 104, қисми 2 (одамакушӣ бо бераҳмии махсус) ва 249, қисми 4 (роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста,, ба муҳлати 12 сол равонаи зиндон намуд, ки ин ҳукм боиси норозигии ҷониби маҳкумшуда гардид.

Ноболиғ гуфтааст, танҳо мошинро гирифта, фирор кардааст

Адвокат Ассо Шарифов мегӯяд, бовар надорад куштор аз сӯи зерҳимояаш сар зада бошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, худи ноболиғ дар мурофиаи додгоҳӣ нақл кардааст, ки вақти ҳодиса танҳо набуд ва ронандаи таксӣ аз зарби корди ду нафари дигар ба ҳалокат расидааст.

Назари наздикони марҳум, мақомоти тафтишотиву Додгоҳи Хатлон ва ангезаи куштор то ҳол барои расонаҳо дастрас нест.

“Азия-Плюс” қаблан хабар дода буд, ки ҷасади Лутфулло Сафаровро, ки дар ширкати “3333”-и ноҳияи Ёвон кор мекард, рӯзи 4-уми апрел сокинон дар майдони заминҳои кишт пайдо кардаанд. Ӯ 38 сол дошт ва соҳиби чаҳор фарзанди хурдсол буд. Шахсияти хонандаи мактаб бинобар ноболиғ буданаш нашр намешавад.

Сабти 40 ҷинояти куштор ва сӯиқасд ба он

Ҳолатҳои бекор намудани ҳукми марҳилаҳои поёнии додгоҳӣ аз ҷониби додгоҳи болоӣ кам расонаӣ мешаванд. Вале намояндагони Додгоҳи олӣ борҳо гуфтаанд, ки садҳо санади судиро бекор кардаанд. Ба иттилои ин ниҳод, дар шаш моҳи аввали соли сипаришуда 200 санади судӣ бекор карда шудааст, ки ба талаботи қонун ҷавобгӯ набудаанд.

Феълан маълум нест, парвандаи куштори таксист, ки ҳукми гумонбар ба он бекор шудааст, ба чӣ меанҷомад.

Дар соли ҷорӣ мақомот чандин бор аз рух додани ҳодисаҳои куштор хабар додааст. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар 6 моҳи аввали соли 2026 дар кишвар 40 ҷинояти куштор ва сӯиқасд ба он сабт шудаааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13 маврид зиёд будааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend