fbpx

Uncategorized

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард


0

Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ба навиштаи бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз бӯй ва ношаффоф будани оби нӯшокӣ нигаронӣ намудаанд, вокуниш кардааст.

Рӯзи 24-уми сентябр дар “Фейсбук” чунин нигаронӣ шуд, ки дар бархе ҷойҳои пойтахт об бӯй мекунад ва маззааш тағйир ёфтааст.

КВД “Обу корези Душанбе”, рӯзи 25-уми сентябр дар робита ба ин масъала вокуниш кард, ки “вазъ аз ҷониби мутахассисони соҳа зери назорати қатъӣ қарор дорад”.

“Дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи оби дарёи Варзоб баланд гардида, ҳамзамон ба оби дарё миқдори зиёди таҳшинҳо ва омехтаҳои табиӣ ворид гардиданд. Дар чунин шароити обу ҳаво шаффофият, ранги об ва баъзан хусусиятҳои органолептикии он метавонанд муваққатан тағйир ёбанд”, – омадааст дар вокуниши корхона.

Корхонаи “Обу корези Душанбе” шарҳ додааст, ки бо мақсади пешгирии таъсири чунин тағйирот ба сифати оби нӯшокӣ, онҳо сари вақт чораҳои зарурии технологӣ ва хидматрасониро дар иншооти обтаъминкунӣ амалӣ намуда, вазъро зери назорат гирифтанд.

Ба иттилои ин корхона, барои назорати воқеии сифати об намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ба иншооти дахлдор даъват гардида, вазъро аз наздик санҷидаанд.

“Лабораторияи корхона назорати сифати обро мунтазам ва пайваста анҷом медиҳад. Нишондиҳандаҳои об таҳти назорати мутахассисон қарор дошта, пас аз ба эътидол омадани вазъи об дар манбаи обтаъминкунӣ, ҳолати он низ ба меъёр баргаштааст», – таъкид намудааст корхонаи “Обу корези Душанбе”.

Корхонаи мазкур дар идома навиштааст, «Обу корези Душанбе» масъулияти худро назди сокинони пойтахт пурра дарк намуда, сифати оби нӯшокӣ, бехатарии он ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо обро яке аз вазифаҳои асосии худ медонад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend