Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин ҳамоиши сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” гуфт, дар ҷаҳони зудтағйирёбандае, ки бо таҳдидҳои гуногун мувоҷеҳ аст, ҳифзи сулҳу субот ҳамоно дар авлавият боқӣ мемонад.
Ин нишаст рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шудаааст.
Ба иттилои Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки “талошҳои муштараки кишварҳои мо ба таҳкими асосҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мусоидат хоҳанд кард”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба зарурати ҳамкории наздиктару муштараки кишварҳо дар мубориза бо таҳдидҳои иқлимии замони муосир ва ҳалли мушкилиҳои дигар, аз қабили камбуди оби тоза, обшавии пиряхҳо таъкид кардааст.
“Гуфта шуд, ки Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” тули солҳои сипаригашта тавонист худро ҳамчун василаи самарабахши таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои мо нишон диҳад”-, навиштааст манбаъ.
Дар поёни ҳамоиш аз рӯи натиҷаи кори он , “Эъломияи Сеул” қабул шудааст.
Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Корея
Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 15-уми сентябр барои ширкат дар нахустин ҳамоиши сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ба ин кишвар сафар намуд.

Дар доираи ин сафар миёни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳайатҳои ду ҷониб санадҳои ҳамкориро дар бахшу соҳаҳои гуногун, аз қабили саноат, энергетика, нақлиёт, гумрук, маориф, муқовимат бо коррупсия ва ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан имзо намудаанд.
Ҷузъиёти санадҳои нави ҳамкорӣ маълум нест Вале дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон баъзе ҷузъиётро аз суҳбату мулоқотҳои раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои кореягияш нашр кардааст.
Миёни Тоҷикистону Корея парвозҳои мустақим роҳандозӣ мегардад?
Ба иттилои манбаъ, субҳи 16-уми сентябр дар шаҳри Сеул миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Ҷе Мён, раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ рушди ҳамкориҳои ду ҷониба, аз ҷумла роҳандозии хастсайри мустақими ҳавоӣ ва ифтитоҳи намояндагии Оҷонсии рушди савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA) дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфиятҳои инсонӣ тавассути барномаҳои таълимӣ ва ҷудо намудани квотаҳо барои таҳсилро муҳим донистааст.
“Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад”-, афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо зикр намудаанд, ки дар робитаҳои ду кишвар ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту рақамикунонӣ, технология, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ авлавият дода мешавад.
Президенти Тоҷикистон иштирки фаъоли доираи соҳибкорон, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Корея ба Тоҷикистонро зарур шумурдааст.
Қолаби ҳамкории “Осиёи Марказӣ – Корея” аз соли 2007 амал мекунад, ки қаблан дар сатҳи вазирон баргузор мегардид. Бори нахуст ин нишаст дар сатҳи сарони давлатҳо баргузор шуд. “Азия плюс” бо такя ба Оҷонсии омор иттилоъ додааст, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 144 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид гардидааст, вале дар ин давра аз Тоҷикистон ба Корея молу маҳсулот содир нашудааст.








