fbpx
0

Дусаду панҷоҳ сол пеш асосгузорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарк карда буданд, ки ақли озод, ки бо донишу таҳсил муҷаҳҳаз аст, навовариву соҳибкорӣ ва рушдро пеш мебарад.  Айни ҳамин ақида имрӯз низ Иёлоти Муттаҳидаро, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа, роҳнамоӣ мекунад.  Муносибати мо ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар саросари ҷаҳон возеҳ аст: маориф ва рушди малакаҳо садақа нест – он сармоягузорӣ аст, ки ба манфиати амният ва инкишофи муштарак даромад мебиёрад.  Сармоягузории Амрико дар Тоҷикистон дар давоми 35 соли охир ҳарду кишвари моро қавитар кардааст.

Ба наздикӣ ман дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тандурустӣ, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Иёлоти Муттаҳидаро ҳифз мекунад, навишта будам. Имрӯз мехоҳам ба он диққат диҳам, ки чӣ гуна ду кишвари мо аз якдигарашон омӯхтаанд – ва чӣ гуна ин мубодилаи давомдор ба фоидаи манфиатҳои муштараки мо аст.

Муошират асоси ҳамкорист

Муошират дар тӯли 35 сол заминаи ин шарикӣ буд — ва рақамҳо инро нишон медиҳад: садҳо ҳазор китоби дарсӣ пешниҳод шудааст; даҳҳо ҳазор муаллим омӯзонида шудааст; ва акнун як насли роҳбарони тоҷик ба забони бизнеси ҷаҳонӣ ва дипломатия озодона сӯҳбат мекунанд.

Масалан, аз соли 2004 инҷониб Барномаи стипендиявии “English Access”-и Сафорати Амрико ба 2 500 нафар ҷавонони болаёқати тоҷик курсҳои дусолаи забони англисиро баъд аз дарсҳои мактаб пешниҳод кардааст. Аз соли 2009 инҷониб беш аз 40 нафар муаллимони барномаи “English Language Fellows” дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дарс додаанд.  Шабакаи мо “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” (English Without Borders) барои муаллимони забони англисӣ то 4 000 нафар афзудааст, ки аз захираҳои дарсӣ ва омӯзиш баҳра мебаранд.

Мо ин сармоягузориро дар соҳаи муошират идома медиҳем: дар соли 2024 Сафорати Амрико 242 000 адад китоби дарсии забони англисӣ барои синфҳои 10 ва 11-ро тақдим кард, ки ба ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон расонида шуд.  Мо тақрибан 4 000 нафар муаллимони забони англисии мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро омӯзонидем.  Тавассути барномаи “Fulbright”, барномаи пешбари мубодилаи илмии ҳукумати ИМА, тақрибан 100 нафар муаллимони ҷавон дар синфхонаҳои амрикоӣ таҳсил кардаанд, ва беш аз 100 нафар муаллимон курсҳои моро оид ба таълими забони англисӣ ҳамчун забони дуюм ба анҷом расонидаанд.

Ҳукумати ИМА сармояи зиёдеро ба барномаҳои маорифи Тоҷикистон дар даҳсолаи охир гузошт, ки боиси беҳбудии назарраси натиҷаҳои хониш дар синфҳои ибтидоӣ дар саросари кишвар гардид.  Масалан, сатҳи фаҳмиши хониши китобҳо дар синфи 2-юм аз 13 фоизи то 51 фоиз хонандагон, ки ба стандартҳо мувофиқанд, афзоиш ёфт.  Ин беҳбудии устувори натиҷаҳои асосии хониш байни садҳо ҳазор хонандаи мактабҳои ибтидоии Тоҷикистон аст – дастовардҳое, ки боиси иштироки бештар дар қувваи корӣ ва рушди иқтисодӣ мегардад, ва маҳз он қувваи кории моҳир ва забони англисидонро ба вуҷуд меорад, ки шарики табиӣ барои тиҷорати амрикоӣ дар Осиёи Марказиро месозад.

Инчунин, даҳҳо ҳазор муаллим аз омӯзиши рушди касбӣ таҳти роҳбарии ИМА гузаштанд.  Дар натиҷаи талошҳо аввал ҳар сол якчанд ҳазор муаллим омӯзонида шуд, ки то соли авҷгирифта беш аз 20 ҳазор муаллим ва тақрибан 300 директори мактаб омӯзишро ба анҷом расониданд – ки ба мактабҳо дар саросари кишвар таъсир кард.  Ин сармоягузорӣ на танҳо муаллимонро дар синфхона дар бар мегирад, балки дастгирии ассотсиатсияҳои падару модарон ва муаллимон ва маъмурони соҳаи маорифро низ дар бар мегирад, ки муносибати ҳамаҷонибаро барои тақвияти сармояи инсонии низоми маорифи Тоҷикистон нишон медиҳад.

Аз соли 2019 инҷониб дар доираи барномаи мо “Забони англисӣ барои мансабдорони давлатӣ” беш аз 550 нафар мансабдорон дар вазорату идораҳое, ки бо тиҷорат, саноати кӯҳкорӣ, амният ва энергетика сарукор доранд – онҳое, ки соҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистонро назорат мекунанд – омӯзонида шудаанд, ки ин дастгирӣ аз супориши Президент Раҳмон дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои кормандони давлатӣ мебошад.  Барномаи мо “Забони англисӣ барои рӯзноманигорон” ба беш аз 700 нафар рӯзноманигор ва муҳаррирон дастрасии бевосита ба гузоришдиҳӣ аз манбаҳои аввалия додааст, ки ба онҳо кумак мекунад, то ҷамъиятро беҳтар огоҳ созанд.  Шумораи бештари роҳбарони ояндадори Тоҷикистон забони англисиро ҳамчун забони хориҷии худ интихоб мекунанд – ин тағирот ба онҳо дастрасии беҳтар ба технологияи пешрафтаи амрикоӣ, бахши хусусии пурҳаракати Амрико ва шарикони тиҷоратии амрикоиро, ки майли ҳамкорӣ доранд, мекушояд.

Ин мубодилаи фарҳангии муошират дар ҳарду самт амал мекунад.  Ҳар сол беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути як қатор барномаҳои мубодилаи илмӣ, касбӣ ва роҳбарии ИМА – аз ҷумла барномаҳои FLEX, IVLP, Open World, Global UGRAD, SUSI, TechGirls ва TechWomen – ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар мекунанд, дар ҳоле ки ҳар сол зиёда аз 50 нафар амрикоиҳо дар Тоҷикистон забонҳои тоҷику форсиро меомӯзанд.  Ин маънои онро дорад, ки дар ҳоле ки ҷавонони тоҷик забони англисиро меомӯзанд, ҷавонони амрикоӣ забони тоҷикиро меомӯзанд – ба фоидаи ҳарду халқи мо.

Ҳамкорӣ натиҷа меорад

Имрӯз тақрибан 9 000 хатмкунандагони барномаҳои мубодилаи ИМА аз Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои ин кишвар зиндагӣ ва кор мекунанд.  Бисту се нафар аз онҳо аз соли 1993 инҷониб дар вазифаҳои вазир ё муовини вазир хизмат кардаанд.  Тақрибан сад нафари дигар дар мақомоти судӣ, прокуратура, маъмурияти андоз ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ хизмат мекунанд.

Ин шабакаи хатмкунандагон бо истифода аз таҷрибаи амрикоӣ ва тавсеаи доираи шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба манфиати мардуми Тоҷикистон натиҷа меорад.  Масалан, дар соҳаи маъданҳои муҳим хатмкардагони Барномаи роҳбарии ташрифовардагони байналмилалӣ (IVLP) мақомотҳои назорати геология ва саноати кӯҳкории Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунанд, ва як гирандаи стипендии “Fulbright” дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маъданҳои стратегиро таҳқиқ мекунад.  Ин маъданҳо барои истеҳсоли нимноқилҳо ва батареяҳо ҳаётан муҳиманд, бинобар ин коҳиш додани вобастагӣ аз нуқтаҳои танги занҷираҳои таъминоти ҷаҳонӣ имконияти калидӣ барои таҳкими ҳамкорӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон аст.  Азбаски барномаҳои мубодилаи ИМА дарҳоро мекушояд ва иштирокчиёнро барои роҳбарӣ тайёр мекунад, хатмкунандагони он ҳоло санги бунёдии бахши хусусии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд – аз ҷумла роҳбарии калидӣ дар ширкати “FIFTYFIVE GROUP”, “Алиф Бонк”, “SmartHub” ва Мактаби амрикоӣ – ки ҳар кадоме заминаро барои сармоягузорӣ ва тиҷорати амиқтари амрикоӣ мегузорад, ки ба фоидаи ҳарду кишвари мост.

Тавассути шабакаи хатмкунандагони мо, мо дастгирии соҳибкорӣ, идоракунии рақамӣ ва ҷалби ҷавонон бар зидди ифротгароиро идома медиҳем.  Шасту чор духтари ҷавон лоиҳаи омӯзишии “iCODE”-ро дар соҳаи таҳияи барномаҳои мобилӣ ба анҷом расониданд, ва 40 нафари дигар дар “Tech4Change Camps” малакаҳои технологиро аз худ карданд.  Ин малакаи амалие аст, ки имконияти воқеии иқтисодиро ба вуҷуд меорад, устуворӣ таъмин мекунанд ва ба қувваи кории дорои донишу малакаҳои технологӣ, ки сармоягузории байналмилалиро ба Тоҷикистон ҷалб мекунад, мусоидат менамояд.

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ба шаҳри қадимаи Панҷакент кумак кард, ки мақоми мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО-ро ба даст орад.  Дар соли 2023 диджейи амрикоӣ Карл Ҳоллиер фарҳанги ҳип-ҳопро ба ҳазорон тоҷик дар фестивали “Боми Ҷаҳон” муаррифӣ кард, ва гурӯҳи “The Pipeline Vocal Project” дар саросари кишвар сафар карда, суруди маҳбуби тоҷикӣ “Чаки чаки борон”-ро иҷро карданд, ки дар саросари кишвар гарм пазируфта шуд.  Ин навъи дипломатияи рӯ-ба-рӯ аст, ки дарҳоро барои муносибатҳои устувор байни Амрико ва Тоҷикистон мекушояд.  Ин сармоягузориҳо дар баробари ӯҳдадориҳое, ки ҳарду кишвари мо дар изҳороти муштараки сиғаи C5+1 оид ба мероси фарҳангӣ дар моҳи ноябри соли 2025 таъкид карданд, ҳамкории моро дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, мубориза бар зидди савдои ғайриқонунии амволи фарҳангӣ ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ амиқтар мекунад.

Натиҷаҳо муносибатҳоро қавитар месозад

Сию панҷ сол вақти кофист, ки мо онро мушоҳида кунем, ки чӣ гуна як барномаи китобҳои дарсӣ то 242 000 китоб дар синфхонаҳои саросари кишвар мерасад, ва як гирандаи стипендия ба муовини сарвазир табдил меёбад.  Ин тасодуфан рӯй надод.  Ин мероси намоёни шарикии мост.  Он муносибатҳоеро инъикос мекунад, ки дар тӯли 35 соли истиқлолияти Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд – муносибатҳое, ки амният ва инкишофи муштараки моро пеш мебарад.

Дар айни ҳол, ки мо 250-солагии истиқлолияти Амрико ва 35-солагии шарикии ИМА бо Тоҷикистонро ҷашн мегирем, натиҷаҳои ҳамкорӣ худашон гувоҳӣ медиҳад:  насли ояндадоре, ки дорои малакаҳои боэътимоди дониши забон, малакаҳои пешрафтаи технологӣ ва ӯҳдадорӣ ба рушди робитаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон.  Ин аст усули “Амрико дар ҷои аввал”, ки забони англисӣ, малакаҳои технологӣ ва мубодилаи фикру андешаҳо ва таҷрибаҳои пешрафтаро пешниҳод мекунад – аз як ҷомеа ба ҷомеаи дигар.

Тоҷикистон ва Амрико: якҷоя ба пеш.

Муаллиф: Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар ш. Душанбе хонум Карсон Релитc Рокер


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend