fbpx
0

Тасаввур кунед, ки дар як шаҳри хурд дигар касе ба марказҳои ҷавонон намеоянд. Бархе барои идомаи таҳсил ё дар ҷустуҷӯи кор аз маҳалли зисти худ рафтаанд. Бархеи дигар шавқу ҳаваси худро аз даст додаанд. Гурӯҳи сеюм бошад, дигар бовар надоранд, ки метавонанд дар ҷомеа тағйироти мусбат ба вуҷуд оранд.

Давлат метавонад нишондиҳандаҳои омориро мушоҳида намояд: чанд нафар таҳсил мекунанд, чанд нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд ва чанд нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил гардидаанд. Аммо рақамҳо на ҳамеша сабабҳои аслии ин равандҳоро ошкор месозанд. Маҳз дар ҳамин ҷо нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз меёбад.

Посух ба чунин масъалаҳо бештар дар фаъолияти ҳаррӯзаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ пайдо мешавад. Онҳо тавассути гузаронидани пурсишҳо, ташкили мулоқот бо ҷавонон, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ ва муоширати мустақим бо мардум мушкилоти воқеиро муайян мекунанд. Барои онҳо масъалаҳо танҳо рақамҳои ҳисоботӣ нестанд, балки воқеияти зиндагии шаҳрвандон мебошанд.

Дар ҷараёни форумҳои ҷавонон иштирокчиён на танҳо масъалаҳои умумии ҳуқуқи инсонро баррасӣ мекунанд. Онҳо бештар дар бораи роҳҳои пайдо намудани ҷойи кор, ташкили ташаббусҳои шахсӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои худ, рушди касбӣ, сабабҳои муҳоҷирати ҷавонон аз минтақаҳо ва кишвар, инчунин беҳтар намудани муҳити зист дар шаҳрҳо мубодилаи афкор менамоянд.

Аз ҳамин сабаб имрӯз дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  ҳамчун шарикони ҳамдигар арзёбӣ мешаванд, на  рақиб. Ҳар кадоми онҳо вазифа ва масъулияти худро доранд. Баъзан чунин менамояд, ки давлат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ду фазои ҷудогона фаъолият мекунанд: яке сиёсати давлатӣ ва қарорҳоро таҳия менамояд, дигаре ҳар рӯз бо аҳолӣ кор мекунад. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз дар натиҷаи муколама ва ҳамкории байни ин ду ҷониб қарорҳои устувор ва самаранок ба вуҷуд меоянд.

Вақте ки муколама аз баҳс судмандтар аст

Одатан чунин меҳисобанд, ки вазифаи асосии ташкилотҳои ҷамъиятӣ танҳо танқиди фаъолияти давлат мебошад. Аммо таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи шаҳрвандии муваффақ на танҳо мушкилотро ба миён мегузорад, балки роҳҳои ҳалли онҳоро низ пешниҳод мекунад. Он афкори шаҳрвандонро ҷамъоварӣ намуда, усулҳои нави фаъолиятро меозмояд ва барои дарёфти роҳҳои ҳал самаранок мусоидат менамояд.

Барои давлат низ чунин муколама аҳамияти амалӣ дорад. Он имкон медиҳад, ки аз ташкилотҳое, ки ҳамарӯза бо аҳолӣ фаъолият мекунанд, бозхӯрди мустақим гирифта шавад, самаранокии барномаҳои амалкунанда арзёбӣ гардад ва ниёзҳои нави ҷомеа сари вақт муайян карда шаванд.

Ин масъала махсусан дар самти сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти калон дорад. Манфиатҳо ва ниёзҳои ҷавонони Тоҷикистон бо суръат тағйир меёбанд. Аз ин рӯ, сиёсати давлатии ҷавонон низ бояд бар асоси андеша, пешниҳод ва иштироки фаъоли худи ҷавонон ташаккул ёбад.

Муколама аз куҷо оғоз меёбад?

Амалӣ гардидани муколама бе мавҷудияти фазои муносиб ғайриимкон аст. Аз ҳамин лиҳоз, ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» тайи чандин сол аст, ки маркази ҷавонони TUT-ро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд рушд дода, барои муколама, ҳамкорӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.

Аз як тараф, инҳо фазоҳои боз ва дастрасанд, ки дар онҳо тренингҳо, мубоҳисаҳо, маҳфилҳои шавқмандон ва барномаҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Аз ҷониби дигар, маҳз дар ҳамин ҷо мунтазам форумҳои ҷавонон доир мегарданд, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, коршиносон ва ҷавононро гирди ҳам меоранд.

Ин форумҳо бар асоси принсипи «як гурӯҳ сухан мегӯяд ва дигарон танҳо гӯш мекунанд» ташкил намешаванд. Ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани муҳити муколама мебошад, ки дар он ҳар як иштирокчӣ имкони изҳори андеша, пешниҳоди савол, шунидани мавқеи дигарон ва баррасии роҳҳои эҳтимолии ҳалли масъалаҳоро дорад.

Вақте соли 2016 дастаи лоиҳа нахустин маркази ҷавонони TUT (маркази ҷавонон барои омӯзиш, муколама ва рушди ташаббусҳои онҳо)-ро таъсис медод, идея хеле содда ба назар мерасид: бунёди маконе, ки ҷавонон на аз рӯйи зарурат, балки бо шавқу рағбат ба он оянд. Ин ҷо на мактаб аст, на донишгоҳ, на ҷойи кор ва на хона. Ин фазои махсусест, ки дар он ҷавонон метавонанд баҳс кунанд, дониш омӯзанд, лоиҳаҳои навро тарҳрезӣ намоянд, дӯстони нав пайдо кунанд ва қобилияту имкониятҳои худро бисанҷанд.

«Мо мехостем ҷавононеро муттаҳид созем, ки худ сарчашмаи илҳом барои дигарон бошанд», — мегӯяд Дилрабо Самадова.

Имрӯз аз маркази ҷавонони TUT аллакай ҳазорон ҷавон гузашта, аз имкониятҳои омӯзишӣ ва рушди шахсӣ истифода бурдаанд.

Вақте давлат ба мардум наздиктар мешавад

Баъзан беҳтарин роҳи дарки фаъолияти мақомоти давлатӣ ин аст, ки онро аз наздик мушоҳида намоӣ.

Маҳз бо ҳамин мақсад иштирокчиёни барномаҳои омӯзишии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» пайваста аз муассисаҳои давлатии Тоҷикистон боздид мекунанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от ОО “Офис Гражданских Свобод” (@tut.publicspace)

Яке аз чунин намунаҳо сафари ахири шунавандагони курси «Ҳомии ҳуқуқи инсон» ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷараёни ин мулоқот ҷавонон бо фаъолияти суд аз наздик шинос шуда, тартиби баррасии масъалаҳои назорати конститутсиониро омӯхтанд ва имкони мустақиман ба намояндагони мақомоти судӣ пешниҳод намудани саволҳои худро пайдо карданд.

Чунин вохӯриҳо барои аз байн бурдани тасаввуроти нодуруст дар бораи дастнорас будани ниҳодҳои давлатӣ мусоидат намуда, нишон медиҳанд, ки муколамаи ошкоро миёни давлат ва шаҳрвандон воқеан имконпазир аст.

Ин танҳо як намунаи он аст, ки чӣ гуна ҳамкорӣ ва муколама метавонад на танҳо дар назария, балки дар амал низ татбиқ гардад.

Ҷавонон на танҳо мешунаванд, балки пешниҳод ҳам мекунанд

Яке аз хусусиятҳои муҳими форумҳои ҷавонон дар он аст, ки иштирокчиён дар онҳо танҳо шунавандаи ғайрифаъол нестанд.

Бисёре аз ҷавонон бо ташаббусҳо, лоиҳаҳо ва ғояҳои худ ба форумҳо меоянд. Баъдан ин пешниҳодҳо бо дастгирии мураббиён, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд амалӣ мегарданд.

Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, ҳангоми таъсиси TUT ҳадаф танҳо баргузор намудани тренингҳо набуд. Даста мехост барои ҷавонон имконият фароҳам оварад, ки ташаббусҳои шахсии худро аз мубоҳисаҳо ва лоиҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ то идеяҳои экологӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорӣ  амалӣ намоянд.

Ӯ инчунин ёдовар мешавад, ки ҳатто ташаббусҳое, ки зоҳиран ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ иртиботи мустақим надоштанд, дар сурати мутобиқ будан ба арзишҳои ташкилот аз дастгирӣ бархурдор мегардиданд.

Масалан, боре дар дафтари шаҳри Хуҷанд гурӯҳе аз дӯстдорони илм ҷамъ омада, моҳе ду маротиба нишастҳои илмӣ баргузор мекарданд. Дар ин вохӯриҳо навгониҳои илмӣ ва дастовардҳои муҳаққиқон мавриди муҳокима қарор мегирифтанд ва чунин ташаббус муддати тӯлонӣ идома ёфт.

Форум — оғози ҳамкорӣ

Дар тӯли солҳои фаъолият ҳазорон ҷавон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар барномаҳои TUT иштирок намудаанд. Бархе аз онҳо ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфтанд, бархеи дигар соҳибкории худро таъсис доданд, гурӯҳе дар сохторҳои давлатӣ ба фаъолият оғоз намуданд ва иддае таҳсили худро дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар идома доданд. Бо вуҷуди гуногун будани роҳи интихобкардаи онҳо, аксарият бар он назаранд, ки муҳимтарин дастоварди иштирок дар барномаҳои TUT танҳо соҳиб шудан ба донишҳои нав набуд, балки имкони шиносоӣ ва ҳамкорӣ бо намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони дорои андешаҳои мухталиф гардид.

Яке аз чунин намунаҳои муваффақ Муҳаммадҷон Шарипов мебошад. Ӯ фаъолияти худро дар TUT  ихтиёрӣ оғоз карда буд, имрӯз ба рушди барномаҳои ҷавонон саҳм гузошта, ба дигарон маҳорати суханронӣ дар назди оммаро меомӯзонад. Ӯ роҳи тайкардаи худро чунин арзёбӣ мекунад:

«Ҳар касе, ки дониш ва таҷрибаи худро ба дигарон интиқол медиҳад, ҳамзамон худ низ рушд мекунад ва ба пеш қадам мегузорад.»

Чунин саргузаштҳои илҳомбахш кам нестанд. Дар байни ихтиёриёни TUT нафароне ҳастанд, ки пас аз иштирок дар барномаҳо лоиҳаҳои шахсии худро роҳандозӣ кардаанд, ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шудаанд ё ҳамкории худро бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ идома медиҳанд.

Муколама – сармоягузорӣ ба эътимод

Эҳтимол муҳимтарин натиҷаи чунин форумҳоро наметавон танҳо бо шумораи иштирокчиён ё теъдоди санадҳои имзошуда арзёбӣ кард. Самараи воқеии онҳо дертар зоҳир мегардад: замоне ки ҷавон бори аввал дар муҳокимаҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунад; вақте намояндаи мақомоти давлатӣ ба ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ на ҳамчун мунаққид, балки ҳамчун шарики ҳамкор менигарад; ва ё ҳангоме ки ташаббуси шаҳрвандӣ ба як қисми барномаи давлатӣ табдил меёбад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от ОО “Офис Гражданских Свобод” (@tut.publicspace)

Маҳз бо ҳамин роҳ эътимоди мутақобила тадриҷан шакл мегирад. Ин раванд дар як рӯз ва ё пас аз баргузории як форум ба вуҷуд намеояд. Он натиҷаи гуфтугӯҳои пайвастаест, ки дар онҳо одамон воқеан ба сухани якдигар гӯш медиҳанд ва ҳамдигарро дарк мекунанд.

Имрӯз аҳамияти чунин муколама танҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд намешавад. Шаҳру ноҳияҳои кишвар низ бо масъалаҳо ва хусусиятҳои хоси худ рӯ ба рӯ мебошанд. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳими марказҳои ҷавонони TUT таҳкими муколама дар минтақаҳо мебошад, то намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, адвокатҳо, рӯзноманигорон ва пешвоёни ҷавонон тавонанд масъалаҳои маҳалли худро якҷоя баррасӣ намуда, барои ҳалли амалии онҳо роҳҳои муассир пайдо кунанд.

Дар тӯли солҳои фаъолият ҳазорон ҷавон аз барномаҳои TUT баҳра гирифтаанд.

TUT дар рақамҳо: 10 соли фаъолият

  • зиёда аз 10 000 нафар иштирокчии барномаҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳо буданд ;
  • зиёда аз 2 000 чорабинии омӯзишӣ;
  • зиёда аз 50 000 соат омӯзиш;
  • зиёда аз 7 000 машварати ройгони ҳуқуқӣ;
  • зиёда аз 5 000 маводи нашршуда;
  • зиёда аз 100 наворҳои машваратӣ ва пахши мустақим;
  • зиёда аз 55 миллион фарогирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • зиёда аз 500 ташкилоти шарик;
  • зиёда аз 80 донор ва сарпараст;
  • зиёда аз 50 иқдоми хайриявӣ ва ҳифзи муҳити зист.

Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend