Кори иҷтимоӣ танҳо хоҳиши кӯмак ба одамон нест. Вақте сухан дар бораи ҳифзи кӯдакон меравад, ҳар як қарори мутахассис метавонад ба сарнавишти кӯдак ва тамоми оилаи ӯ таъсир расонад. Аз ин рӯ, ин касб дониши амиқ, малакаҳои амалӣ ва масъулияти баланди касбиро талаб мекунад.
Дар нашри аввали подкасти «Дар ҳифзи кӯдакон» мо баррасӣ мекунем, ки чаро имрӯз кори иҷтимоӣ ҳамчун як касби мустақил эътироф шудааст, мутахассисоне, ки бо кӯдакон кор мекунанд, бояд кадом салоҳиятҳоро дошта бошанд ва чаро омодасозии босифати кадрҳо яке аз шартҳои асосии фаъолияти самараноки низоми ҳифзи кӯдакон ба ҳисоб меравад.
Меҳмонони барнома: Қурбон Гиёев — дотсенти кафедраи кори иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Субҳон Ашуров — доктори илмҳои иқтисодӣ, директори Ассотсиатсияи мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон ва мушовири Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон оид ба стандартҳои салоҳият дар соҳаи кори иҷтимоӣ.
Дар ин барнома хоҳед фаҳмид:
- чаро танҳо таҷрибаи зиндагӣ барои кор бо кӯдакон ва оилаҳо кофӣ нест;
- кадом дониш ва малакаҳо барои корманди муосири иҷтимоӣ ҳатмӣ мебошанд;
- чаро мутахассисон ба стандартҳои касбӣ ва равиши салоҳиятнок ниёз доранд;
- донишгоҳҳо дар омодасозии кадрҳо чӣ нақш доранд;
- чаро сармоягузорӣ ба таҳсилоти кормандони иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба бехатарӣ ва некӯаҳволии кӯдакон аст.
Шакли садоии подкастро дар ин ҷо гӯш кунед:
Подкаст барои мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ, омӯзгорон, донишҷӯён, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, ҷолиб хоҳад буд.
Подкасти «Дар ҳифзи кӯдакон» аз ҷониби Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Касбигардонии кори иҷтимоӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон) ташкил шудааст.








