fbpx
0

Парвозҳо дар хатсайри байналмилалии Душанбе – Машҳад, ки қаблан муваққатан қатъ гардида буданд, аз 24 апрел дубора барқарор мешаванд.

Ба иттилои Азия-Плюс, нахустин парвоз 24 апрел соати 10:00 ба вақти Теҳрон аз Машҳад анҷом ёфта, соати 13:00 ба вақти Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меояд. Дар самти бозгашт соати 14:30 ба вақти Душанбе парвоз мекунад ва соати 14:30 ба вақти Эрон дар Машҳад фуруд меояд.

Дар айни замон маълум нест, ки парвозҳо дар хатсайри Теҳрон – Душанбе кай барқарор мегарданд. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» низ, ки қаблан дар ин масир парвоз анҷом медод, ҳанӯз санаи дақиқи барқароршавии парвозҳоро эълон накардааст.

Ёдрас мешавем, ки парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон охири моҳи феврал бо ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон муваққатан қатъ гардида буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend