fbpx
0

Дар шаҳри Панҷакент чор нафар пас аз истеъмоли гӯшти мурғ дар яке аз ошхонаҳо заҳролуд шуда, 25 нафари дигар бо гумони гирифторӣ ба бемории сироятии шадиди меъдаю рӯда аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо нашри хабарнома иттилоъ додааст, ки ҳодиса рӯзи 6-уми апрел рух дода, беморон пас аз як шабонарӯзи табобат бо ҳолати қаноатбахш аз муассисаи тиббӣ рухсат шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, нишонаҳои беморӣ баъди истеъмоли гӯшти мурғ (грил) дар тарабхонаи “Абубакр” пайдо шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи санҷиши хона ба хона 25 нафар бо нишонаҳои монанд ба муоина фаро гирифта шуданд. Аз онҳо намунаҳои ташхисӣ гирифта шуда, вазъи саломатии аксарият қаноатбахш арзёбӣ гардидааст.

Ҳамзамон, дар ошхонаи мазкур санҷиши назоратӣ гузаронида шуда, муайян шудааст, ки ҳангоми омодасозӣ ва нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ба як қатор талаботи санитарӣ ва меъёрҳои беҳдоштӣ риоя нашудааст.

Бо дарназардошти камбудиҳои ошкоршуда, фаъолияти ошхонаи “Абубакр” то бартараф намудани пурраи камбудиҳо муваққатан боздошта шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, заҳролудшавӣ бештар бар асари истеъмоли маҳсулоти нодуруст нигоҳдошташуда, бахусус консерваҳои хонагӣ ба амал меояд. Дар баъзе ҳолатҳо, чунин ҳодисаҳо ҳатто ба паёмадҳои вазнин, аз ҷумла фавт низ оварда мерасонанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend