Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз 28 ноябр то 7 декабр дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин чорабинии варзишӣ таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё доир шуда, дар он иштироки варзишгарон аз 45 кишвари қитъаи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи асосии мусобиқа рушди намудҳои варзиш дар иншооти пӯшида ва тарғиби ҳунарҳои размӣ дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад. Дар доираи бозиҳо аз рӯйи чандин намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, таэквондо, кикбоксинг, кураш, самбо, муай-тай, карате ва дигар намудҳо мусобиқаҳо баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ бори аввал соли 2005 баргузор шуда, минбаъд дар шаҳрҳои гуногуни Осиё доир гардидаанд. Дар ин муддат шумораи иштирокчиён ва намудҳои варзиш тадриҷан афзоиш ёфтааст.









