Муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардори шуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат дастгир шудааст.
Дар ин бора Оҷонсии мубориза бо фасод хабар дода, аз дастгиршуда Ф. Файзализода ном бурдааст.
Ба иттилои манбаъ, Файзализода аз моҳи марти соли 2025 дар ин вазифа кор карда, моҳи октябри соли гузашта аз волидони ду даъватшаванда дар умум 10 ҳазор доллар (тахминан 95 ҳазор сомонӣ) талаб кардааст. Ҳангоми гирифтани пора аз волидони яке аз ин ҷавонон ӯ дастгир шудааст.
Назари Файзализода дар робита ба қазия маълум нест. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ва сӯистифодаи мақоми хидматӣ (моддаҳои 319 қисми 1 ва 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст.









