fbpx
0

На ҳама имконияти харидани гулдаста ва туҳфаҳои гаронбаҳоро дорад. Чанд вақти охир дар шабакаҳои интернетӣ, махсусан Инстаграм ва Телеграм хизматрасониҳое пайдо шудаанд, ки гулҳо ё туҳфаҳои ҳадяшударо бо нархи арзонтар аз бозор бозфурӯшӣ мекунанд. Дар Душанбе теъдоди онҳо меафзояд, баъзеи онҳо дар шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон низ фаъоланд.

Фурӯшандагон гул ё туҳфаи ба онҳо ҳадяшударо, ки лозимашон нест, ё аз “на оне, ки мехостанд” гирифтаанд, акс гирифта ба ин сервисҳо мефиристанд ва вобаста ба сифату таровати онҳо бо мувофиқа нархгузорӣ карда, дар шабакаҳо нашр мекунанд.

Харидор метавонад бо нархи арзонтар аз бозор гулу туҳфаро дастрас кунад ва ба каси дигар тақдим намояд.

Мо бо намояндагони чанде аз чунин сервисҳо ҳамсуҳбат шуда, дар бораи раванди кор, мушкиливу манфиат ва ҳадафҳои онҳо маълумот гирд овардем. Ҳамсуҳбатон хостанд маълумоти шахсиашон махфӣ бимонад.

“Мо дар Тоҷикистон аввалин будем”

ReBuket.tj яке аз чунин сервисҳо мебошад, ки аз аввали моҳи декабри соли гузашта ба бозфурӯшии гулҳо ва туҳфаҳо машғул аст. Мудири ин лоиҳа бо хоҳиши махфӣ мондани номаш гуфт, идея ба таври ногаҳонӣ пайдо шуд.

“Тасодуфан хабареро хондем, ки дар Узбекистон одамон метавонанд гулҳои худро бозфурӯшӣ кунанд. Ин хабар моро ба идеяҳои нав такон дод.

Намудҳои хизматрасониро зиёд кардем. Бурда расонданро илова намудем. Системаи худро таъсис додем, ки онро дигар сервисҳо дар Тоҷикистон низ истифода мебаранд”,- шарҳ дод ӯ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от ReBuket.tj — вторая жизнь букетов (@rebuket.tj)

Дастаи ReBuket.tj аз 4 нафар иборат аст. Ҳар яки онҳо ҳиссаи худро ба ин лоиҳа мегузорад.

“Ҳар яки мо нақши худро дорад: яке ба қисми техникӣ ва маркетинг машғул аст, дигаре ба қисми амалиётӣ ва идораи молиявӣ”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, сервис аллакай наздики 80 рӯз боз фаъолият дорад. Он дар тамоми шаҳрҳои ҷумҳурӣ дастрас аст

“Мо дар Тоҷикистон аввалин будем. Система, матнҳо, идея, қоидаҳо – ҳамаашро аз мо гирифтанд. Мо бо хизматрасониҳои худ аз дигарон фарқ мекунем

Ҷавобҳои фаврӣ, муоширати боэҳтиром бо муштариён, инчунин. бо мо ҳамкорӣ кардан бехатартар аст”,- мегӯяд намояндаи ReBuket.tj.

Ба гуфтаи ӯ, бархе муштариён вақте дар баъзе сервисҳои нашр мекарданд, гоҳ вақт аз ҷониби сервис масдуд мешудаанд. Дар баъзе ҳолатҳо маблағро мустақим ба фурӯшанда мегузаронанд ва фурӯшанда метавонад шахсро масдуд кунад.

“Мизоҷ ба мо акс, видео мефиристад, нархи дилхоҳашро мегӯяд, кай харида ё тӯҳфа шудааст, суроға ва рақами телефонро барои тамос ба мо пешниҳод мекунад ва гулдаста ё тӯҳфа дар канали телеграми мо нашр мешавад. Ҳамааш махфӣ мегузарад, бо хоҳиши фурӯшанда метавонем рақамро ба мизоҷ диҳем ё надиҳем, мизоҷ танҳо метавонад нишонаро донад”,- шарҳ дод раванди корро ӯ.

Баъд аз он харидор менависад. Пас аз фурӯхта шудан, ӯ ё худаш гулдастаро мегирад ё бурда мерасонанд. Баъди ба харидор дастрас шудани гулдаста маблағ ба фурӯшанда гузаронида мешавад.

ReBuket.tj  чиро бозфурӯшӣ мекунад?

Ба гуфтаи намояндаи ReBuket.tj, аксаран мизоҷон садбаргҳои ҳолландӣ, хирсакҳо ва қулфинай бо шоколад мефиристанд.

“Ин аз мавсим низ вобаста аст. Масалан, дар апрел гули насрин бештар мешавад, моҳҳои май ва июн гулҳои дигар. Ин гуна нозукиҳо дар фаъолияти мо ҳастанд”,- мегӯяд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар як рӯз тахминан 30–40 нафар муроҷиат мекунанд.

“Ҳар дафъа гуногун аст. Рӯзҳои авҷ ҳастанд: Соли нав, 14 феврал, 8 март, 1 сентябр ва 5 октябр. Ҳамчунин вобаста ба рӯзҳои ҳафта муроҷиатҳо зиёд мешаванд: душанбе ва якшанбе рӯзҳои авҷ мебошанд”,- шарҳ дод ӯ.

Сервис бо дигар мағозаҳои гул низ ҳамкорӣ мекунад, баъзеашон ҳатто аз онҳо гул мехаранд, зеро ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, баъзан аз нархи яклухт ҳам арзонтар мефурӯшанд.

Ӯ афзуд, муҳимтар аз ҳама он аст, ки мизоҷ розӣ шавад. Аз ҳамин сабаб ҳамеша барои беҳтар кардани хизматрасонӣ рӯи лоиҳа кор карда истодаанд.

“Вокунишҳо аксаран мусбатанд. Дуо мекунанд, бароямон рушду нумуъ орзу мекунанд, аммо ҳолатҳои хандаовар ҳам мешаванд. Фикр мекунам дар ҳар соҳа чунин чизҳо ҳастанд. Ба бисёриҳо кӯмак кардем ва мехоҳем ин корро идома диҳем. То тӯҳфа кардан ба наздикон ва пайвандон дастрас, қулай ва фоидаовар бошад.

Дар хона нишаста метавонед гул фармоиш диҳед. Ба шумо ҳеҷ ҷо баромадан лозим нест. Мо худамон интихоб карда, бурда мерасонем ва ҳамаи ин дастрас ва фоидаовар аст”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

“На ҳама имкони харидани гулдастаи гаронбаҳоро дорад”

Намояндаи сервиси дигари бозфурӯшии гулҳо ва тӯҳфаҳо Flora Market дар суҳбат ба мо пайдоиши идеяро ба хоҳиши кӯмак кардан ба ҷавонмардон рабт дод.

“То онҳо тавонанд наздикони худро осонтар ва бо нархҳои дастрастар хурсанд кунанд. На ҳама имкони харидани гулдастаи гаронбаҳоро дорад, аммо тавассути сервиси мо метавон бо нархи фоидаовартар шодӣ бахшид”,- шарҳ дод вай.

Инчунин афзуд, ки лоиҳаро худаш амалӣ кард ва идора менамояд. Дар канали Telegram-и Хуҷанд як маъмур фаъолият мекунад, дар Душанбе ҳамсуҳбати мо ва ёрдамчиаш.

“Ҳоло моҳи дуюми фаъолият идома дорад. Мо аллакай дар Душанбе ва Хуҷанд кор мекунем ва барои чунин муҳлат натиҷаҳо хеле хубанд”,- афзуд ӯ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Floramarket – перепродажа цветов (@floramarket.tj)

Ба саволи фарқи сервиси Flora Market аз дигар сервисҳои монанд, ӯ шӯхиомез савол дод, ки “магар ғайр аз мо боз чунин сервисҳо ҳастанд?”,- ва афзуд, ки корро то ҳадди имкон сода ва зуд анҷом медиҳанд. “Баъзан фурӯш дар чанд дақиқа сурат мегирад. Муҳим қулайӣ, ростқавлӣ ва суръат аст”.

Раванди корро чунин шарҳ дод: мизоҷ акси гулдаста ё тӯҳфаро мефиристад, менависад, ки кай тақдим шудааст, рақам ва суроға мегузорад. Эълон дар канал ҷойгир карда мешавад ва дар давоми якчанд дақиқа ё соат, вобаста ба нарх ва талабот мол фурӯхта мешавад.

Ҳама чиз комилан махфӣ аст. Рақамҳо ва суроғаҳо танҳо назди мудири сервис мемонанд, дар канал маълумоти шахсӣ нашр намешавад. Ба гуфтаи ӯ, баъзан соҳиби туҳфа мехоҳад нархро аз нархи тавсияшуда баландтар гузорад. Дар натиҷа харидорон намегиранд ва фурӯш тӯл мекашад.

“Пеш аз идҳо канали мо воқеан “метаркад””

Аксаран ба сервис гулҳо, гулдастаҳо ва сабадҳо пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин мизоҷон баъзан хирсакҳо мефиристанд.

“Дар моҳи аввал ба ман мағозаҳои гул кӯмак карданд. Ҳоло худ дар бозор роҳ ёфтаам ва мефаҳмам, ки кадом нархро гузоштан беҳтар аст, то зуд фурӯхта шавад. Пеш аз идҳо канали мо воқеан “метаркад”. Ҳолатҳои хандаовар ҳам мешаванд, бо ин лоиҳа зиндагӣ бароям воқеан рангинтар шудааст.”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ вокунишҳо ҳамеша мусбатанд ва аз фикру мулоҳизаҳои онҳо лаззат мебарад.

“Ин барои ҳама фоидаовар аст: фурӯшанда маблағ ба даст меорад, харидор сарфа мекунад ва ман кори худро рушд медиҳам”,- гуфт мудири Flora Market.

“Ҳаёти дуюм ба гулҳо” хароҷотҳоро сарфа мекунад

Роҳбари сервиси бозфурӯшии Reuse Love Фархунда гуфт, идеяи ӯ аз он пайдо шуд, ки чун медид пас аз идҳо гулдастаҳои зебо беҳуда пажмурда мешаванд.

“Одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд наздиконашонро хурсанд кунанд, аммо на ҳамеша имкони харидани гулҳои гаронбаҳоро доранд. Нархҳо дар дӯконҳои гул ҳам чандон табъи дил нестанд.

Фикр кардам, ки ин роҳи ҳалли ин ду ҳолатро метавон ёфт. Ҳамин тавр, идеяи “ҳаёти дуюм ба гулҳо” ба миён омад, то тӯҳфаҳо ҳайф нашаванд, балки боз ҳам хурсандӣ ва фоидаи бештар оваранд”,- гуфт ӯ.

Дастаи ӯ ҷавонони донишҷӯ иборат аст ва барои онҳо ин танҳо бозфурӯшӣ, балки як формати қулай ва муосири хизматрасонӣ аст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Reuse Love (@reuselove.tj)

Лоиҳа нав таъсис ёфтааст ва ин даста кӯшиш мекунад онро фаъолона рушд диҳад. Ба гуфтаи Фархунда хизматрасонии онҳо дар тамоми Тоҷикистон дастрас аст.

“Мо танҳо “бозфурӯшӣ” намекунем. Мо ин равандро қулай, ботартиб ва муосир гардонидаем. Илова бар ин ҳамааш зуд ва бе саволҳои зиёдатӣ анҷом меёбад. Саъй мекунем, ки нархҳо нисбат ба дигар платформаҳо поёнтар бошанд”,- мегӯяд ӯ.

Раванди кор дар Reuse Love низ мисли дигар серверҳо аст: фурӯшанда акси тӯҳфаро мефиристад, сервис ҳолати онро арзёбӣ карда, нарх пешниҳод намуда, пас аз мувофиқа, онро дар платформа нашр мекунад. Вақте харидор пайдо мешавад, фурӯшанда маблағашро мегирад. Маълумоти фурӯшандагон танҳо ба харидорони воқеӣ пешниҳод мешавад. Барои дигарон он махфӣ мемонад.

“Мо ҳама гуна тӯҳфаҳои барои ҳадя кардан мувофиқро қабул мекунем. Аммо бештар гулҳо ва хирсакҳо мефиристанд. Ба ҳисоби миёна ҳисоб накардаем, аммо пеш аз идҳо муроҷиат хеле зиёд мешавад.

Нархи ибтидоӣ, ҳолат ва зарурияти молро ба назар мегирем. Одатан арзиш 30-50% поёнтар аз бозор аст, то барои харидор фоиданок ва дастрас бошад”,- шарҳ дод Фархунда.

“Гулҳо зуд тароваташонро гум мекунанд”

Мушкили маъмултарин, ба гуфтаи Фархунда, муҳлати маҳдуди таровати гулҳост. Аз ин рӯ, суръат хеле муҳим аст. Ҳамчунин баъзан лозим меояд, ки мақсади хизматрасониро шарҳ диҳем, зеро ин формат барои бозори Тоҷикистон нав аст.

Ӯ афзуд, вокунишҳо аксаран мусбатанд. Бисёриҳо қайд мекунанд, ки ин қулай ва роҳи ҳалли оқилона аст. Баъзан ҳолатҳои хандаовар ҳам мешаванд, вақте одамон ҳайрон мешаванд, ки “магар чунин ҳам мешудааст?”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

“Ин роҳи сарфакорӣ ва эҳтиром ба заҳматҳост. Имкони хурсанд кардани наздикон бидуни хароҷоти зиёд аз ҳамён”,- шарҳ дод Фархунда.

Ба гуфтаи ӯ нақшаҳои ояндаи Reuse Love рушд кардан ва табдил додани сервис ба қисми маъмулии ҳаёти шаҳрӣ аст.

Бо илҳом аз Узбекистон

Намояндаи Lily Flowers TJ – сервиси дигари бозфурӯшии гулу туҳфаҳо гуфт, идеяи онҳо моҳи декабр бо илҳом аз роҳандозии чунин формат дар Узбекистон пайдо шудааст.

“Ин хизматрасониро мо – се нафар анҷом медиҳем. Як нафар ба қабул ва коркарди фармоишҳо машғул аст, ду нафари дигар пешбурд дар Instagram ва шабакаҳоро ба уҳда доранд.

Мо ҳоло навкорем, тақрибан як ҳафта мешавад, ки фаъолиятро оғоз кардем. Хизматрасонии мо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Хуҷанд дастрас аст”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от LILY FLOWER | ДУШАНБЕ (@lilyflower.tj)

Ба гуфтаи ӯ, ҳар сервис хусусияти хуби худро дорад ва худро махсус намешуморанд. Аммо кӯшиш доранд ба ин кор аз таҳи дил муносибат карда, бо масъулият фаъолият баранд.

“Ҳамааш аз аввал то охир пурра махфӣ. На фурӯшанда ва на харидор мустақим бо ҳам иртибот намегиранд, ҳама раванд тавассути мо анҷом мешавад. Шахсе, ки мехоҳад гулдаста ё тӯҳфаи худро фурӯшад, ба мо акс мефиристад.

Мо нархеро, ки барои ҳар ду ҷониб мувофиқ бошад, мувофиқа мекунем. Сипас аксро дар Instagram ва Telegram-и худ нашр мекунем. Харидорон бо мо тамос мегиранд ва мо тавассути такси молро мефиристем.

Азбаски нав оғоз кардаем, ба ҳисоби миёна дар як рӯз 4-5 гулдаста бозфурӯшӣ мекунем. Аммо дар рӯзҳои ид, мисли 14 феврал ё 8 март кор авҷ мегирад. Ҳам шумораи фурӯшандагон зиёд мегардад ва ҳам талабот ба гулдастаҳо меафзояд”,- шарҳ дод ӯ раванди бозфурӯшии туҳфаҳоро.

“Нархҳо 2-3 маротиба поёнтар аз бозор”

Ин сервис низ хирсакҳо, гулдастаҳо, сабадҳо, композитсияҳои гуногун ва ҳатто қулфинай бо шоколадро қабул мекунад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо нархро 2-3 маротиба поёнтар аз бозор мегузоранд. Арзёбӣ аз рӯи тароват ва ҳолати гулдаста ё тӯҳфа сурат мегирад.

Агар гулдаста фурӯхта нашавад, нархаш паст мешавад, зеро таровати он кам мегардад. Ҳамаи тағйирот бо фурӯшанда мувофиқа карда мешавад.

“Баъзан соҳибони гулдастаҳо онро дар чанд сервис якбора бо нархҳои гуногун мегузоранд. Барои харидорон чунин менамояд, ки гӯё мо ё дигар сервисҳо қаллоб бошем, зеро нарх фарқ мекунад.

Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем ба фурӯшандагон фаҳмонем, ки беҳтар аст нархи дақиқ ва ягона пешниҳод кунанд”,- афзуд вай.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, баъзан ҳатто вақте гулдастаро бо нархи хеле паст мегузоранд, баъзеҳо боз ҳам тахфиф мепурсанд ё савдо мекунанд, ки ин хандаовар аст.

Инчунин бисёр вақт ин сервиси бозфурӯширо бо дӯкони гулфурӯшӣ омехта мекунанд ва менависанд, ки “гулдаста созед”.

“Мо фикр мекунем, сервис барои духтароне, ки аз шахсе, ки дилашон ба ӯ гарм нест гулдаста гирифтаанд ва намехоҳанд онро партоянд, муфид аст, ҳамчунин барои наврасон ва донишҷӯёне, ки буҷаи маҳдуд доранд, вале мехоҳанд таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нишон диҳанд”,- гуфт ӯ дар охир.

“Ба гулҳо ғамхорӣ мекунем”

Идея Sekond flower, ба гуфтаи роҳбари он аз як ҳолати одии зиндагӣ пайдо шуд: бисёр вақт гулдастаҳо ва тӯҳфаҳои зебо баъд аз ҳадя шудан дигар истифода намешаванд.

“Диламон месӯхт, ки гулҳо ва ашё арзиши худро аз даст медиҳанд, дар ҳоле ки метавонанд боз каси дигареро хурсанд кунанд. Ҳамин тавр сервисе ба вуҷуд омад, ки ба онҳо “ҳаёти дуюм” мебахшад.

Дастаи хурди мо ин хизматрасониро бодиққат иҷро мекунад. Мо гулҳоро дӯст медорем ва истифодаи оқилонаро қадр мекунем. Ба ҳар як гулдаста ва тӯҳфа бо ғамхорӣ, мисли моли худ муносибат мекунем”,- шарҳ дод ӯ.

Сервис аллакай чанд муддат аст фаъолият дорад ва босуръат рушд мекунад. Ҳоло дар Душанбе ва Хуҷанд дастрас аст.

Раванди кори он тақрибан ҳамранги дигар сервисҳо аст: мизоҷ гулдаста ё тӯҳфаро меорад, ҳолати онро арзёбӣ мешавад, акс гирифта мешавад, дар канал ҷойгир карда мешавад ва соҳибони нави он пайдо мешаванд.

“Махфият барои мо принсипи муҳим аст. Маълумоти фурӯшандагон ҳеҷ ҷо нашр намешавад ва тамоми раванд комилан махфӣ ва боэҳтиёт анҷом меёбад”,- гуфт вай.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Второй жизнь цветам (@sekond_flower)

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ба онҳо аксаран гулдастаҳои тару тозаи садбарг, гулдастаҳои омехта, инчунин тӯҳфаҳои бодиққат нигоҳдошташуда ва хирсакҳо пешниҳод мешаванд.

Дар як рӯз якчанд муроҷиат мешавад. Пеш аз идҳо талабот ба таври назаррас меафзояд ҳам фурӯшандагон ва ҳам харидорон бештар мешаванд, зеро тӯҳфа ва гулдастаҳо махсусан муҳим мегарданд.

“Мардум идеяи “ҳаёти дуюм”-и гулдастаҳоро писандиданд”

Арзиш аз ҳолати гулдаста, андозаи тӯҳфа, тароват, тарзи ороиш ва нархи бозорӣ вобаста аст. Вазифаи сервис муайян кардани нархе мебошад, ки ҳам барои фурӯшанда ва ҳам барои харидор муфид бошад.

“Мушкили асосӣ вақт аст. Гулҳо нигоҳубин ва диққати фавриро талаб мекунанд, бинобар ин барои мо муҳим аст, ки гулдастаҳоро сари вақт қабул ва омода намоем”,- гуфт гулфурӯш.

Ба гуфтаи ӯ, мардум идеяи “ҳаёти дуюм”-и гулдастаҳоро писандиданд. Баъзан ҳолатҳои ҷолиб ҳам мешаванд, вақте ки харидорон ҳатто гумон намекунанд, ки гулдаста қаблан ба каси дигар тақдим шуда буд.

“Мо ба одамон кӯмак мекунем, ки сарфа кунанд, ба тӯҳфаҳо бо назари оқилона муносибат намоянд ва зебоиро беҳуда напартоянд. Ҳамзамон имконият медиҳем, ки гулдастаҳо ва тӯҳфаҳо арзиши худро дар рӯзи аввал аз даст надиҳанд, балки боз ҳам шодии бештар бахшанд”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Айни ҳол сервис ният дорад танҳо дар Душанбе ва Хуҷанд фаъолият кунад. Минбаъд вобаста имкониятҳо рушд мекунад.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend