Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони пули нави мошингард миёни микроноҳияи 12-ум ва маҳаллаи Раззоқ дар назар аст. Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, афзоиши сол ба соли шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ зарурати татбиқи ин лоиҳаро ба миён овардааст.

Гуфта мешавад, лоиҳаи пул аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» таҳия шуда, иншоот аз микроноҳияи 12-ум то маҳаллаи Раззоқ бунёд мегардад.
Дарозии умумии пул 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад. Дар ду тарафи он роҳравҳои махсус барои пиёдагардон пешбинӣ шуда, тамоми талаботу меъёрҳои сохтмонию меъморӣ риоя хоҳанд шуд. Тибқи нақша, барои бунёди пул сохтмони 11 сутунпоя дар назар буда, ҳамзамон роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба пул аз ҳар ду ҷониб сохта мешаванд.

Гуфта мешавад, амалисозии ин лоиҳа ба коҳиши тамбашавии роҳҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ва сабук гардидани ҳаракат дар пули куҳна мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи васеъкунии роҳҳои дохилии шаҳр ҳамчунин пули куҳнаи Хуҷанд таҷдид мегардад. Тибқи нақша, паҳноии он то 16 метр васеъ шуда, роҳи автомобилгард фарохтар мегардад. Бо ин мақсад васеъсозии роҳи мошингард аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то истгоҳи «Универмаг» ба масофаи 818 метр пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ ва навсозии ҳар ду иншоот дар доираи тадбирҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тибқи нақша дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом хоҳанд расид.









