fbpx
0

Думаи давлатии Русия як қатор тағйиротро ба қонунгузории муҳоҷират вобаста ба муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ таҳия мекунад. Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар Telegram-канали худ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, пешниҳодҳо ба «такмили сиёсати муҳоҷират» равона шудаанд.

Тибқи изҳороти Володин, дар назар аст муҳлати гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ба муҳлати зиёда аз се моҳ меоянд, аз 90 рӯз то 30 рӯз коҳиш дода шавад.

Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки муассисаҳои тиббӣ уҳдадор шаванд маълумотро дар бораи хулосаҳои тиббии додашуда ба Вазорати корҳои дохилии Русия ирсол кунанд ва дар бораи ошкор шудани бемориҳои сироятӣ дар муҳоҷирон ба Роспотребнадзор, «бо ҳадафи ихроҷи фаврӣ» хабар диҳанд.

Илова бар ин, пешбинӣ мешавад, ки барои саркашӣ аз гузаштани муоинаи тиббӣ ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима бо имкони ихроҷ аз кишвар бо қарори суд ҷорӣ гардад. Ҳамзамон, пешниҳод шудааст ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қалбакӣ кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ дар бораи набудани бемориҳои барои ҷомеа хатарнок ва муомилоти чунин ҳуҷҷатҳо шадидтар карда шавад.

«Тадбирҳои пешниҳодшуда ба тақвияти назорат аз болои муҳоҷирон ва баланд бардоштани амнияти ҷамъиятӣ дар кишвари мо равона шудаанд», – хулоса кардааст раиси Думаи давлатӣ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия ва Тоҷикистон расмиёти гузаштани муоинаи тиббии муҳоҷиронро содда кардаанд. Онро дар Душанбе пеш аз сафар гузаштан мамкин аст ва муоинаи такрорӣ дар Русия талаб намешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend