fbpx
0

Заринахон Ҷумъабоева ягона духтараки ҳаҷвнигор дар лоиҳаи ҳаҷвии “Территория юмора” буд. Ҳарчанд ин лоиҳа дигар фаъол нест, аммо ӯро ҳамчун ҳаҷвнигор ва стендапер дар Хуҷанд ва берун аз он мешиносанд.

Ӯ дар Instagram бо номи @lastochka_44 фаъол буда, дар бораи муносибати хонаводагӣ муҳтавои ҳаҷвӣ таҳия мекунад.

Заринахон Ҷумъабоева бо муаллифи Your.tj ҳамсуҳбат шуда, дар бораи чӣ гуна пас аз оиладор шудан фаъолиятии ҳаҷвнигориро давом додан, баҳравар шудан аз кӯмаки хонавода, рӯҳангезии мухотабон барои пешбурди кор нақл кард.

Таҷрибаомӯзӣ аз лоиҳаи Шоу “Дугонаҳо”

Фаъолияти ҳаҷвнигории Заринахон дар лоиҳаи замоне машҳури Шоу “Дугонаҳо” оғоз ёфт. Соли 2018 буд, ки продюсери ин лоиҳа духтарони соҳибистеъдодро ба ҳам оварда, наворҳои ҳаҷвӣ сабт мекард. Маҳсули кори онҳо дар Хуҷанд ва берун аз он тамошобин ёфта буд.

“Ман духтараки 17-сола будам. Дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дар ихтисоси дирижёрӣ таҳсил мекардам. Бо роҳнамоии продюсери лоиҳаи Шоу “Дугонаҳо” Фаррух Ёрматов тасодуфан ба гурӯҳи духтарон ҳамроҳ шудам. Аллакай, аз он айём солҳо гузашт, аммо 4 соли таҷрибаи ҳамкорӣ бо аҳли гурӯҳ, ки дар пайи он лаҳзаҳои хуше доштем, асло фаромӯш намешавад”, – ба ёд овард Заринахон.

“Иҷрои нақше, ки аз хотирам намеравад”

Аз лоиҳаи маъруфи Шоу “Дугонаҳо” лаҳзаҳои хотримоне дар ёди Заринахон мондаааст. Ҳангоми иҷрои нақш дар пеши камера ҳолатҳое рух медод, ки хандаовар буду ҳам омӯзанда.

“Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, вақте нақши як зани ҷангараро ба ман бовар карданд. Кӯшиш намудам, ки онро хуб бозӣ кунам, аммо ба як бор аз уҳдаи иҷрои он баромада натавонистам. Барои ман барин духтараки навроҳ осон набуд, дар роҳи зеризаминии шаҳри Хуҷанд, ки одатан серодам аст, характери кадом як зани ҷанҷолиро бо овози баланд хархашакунон нишон диҳам.

Лекин имрӯз бозӣ кардани чунин нақшҳо бароям осон аст. Таҷриба ва сол аз сол бузург шудан ба кас боварӣ медодааст ”, – қисса кард ҳаҷвнигор.

Оё Шоу “Дугонаҳо” боз фаъол мешавад?

Тавре Заринахон афзуд, ӯ то имрӯз бо дигар духтарони ин лоиҳа дар тамос аст. Алҳол 3 тан аз онҳо дар Русия зиндагӣ ва фаъолият доранд. Яке аз онҳо дар бонк ва дигаре дар қаҳвахона ба ҳайси менеҷер, сеюмӣ дар толори ҳусн кор мекунад.

“Вақте бо ҳам онлайн ҳамсуҳбат мешавем, баъзан афсӯс мехӯрем, ки онҳо дур аз Ватан ҳастанд ва Шоу “Дугонаҳо” низ чун солҳои пеш дигар фаъол нест. Ният доштем, ки дар 3 моҳи таътили тобистонаи сипаришуда вохӯрему барои мухлисон ягон идеяи хуберо тайёр кунем.

Аммо имкон нашуд. Акнун ният дорем, ки дар ягон фурсати мусоид дар Тоҷикистон барои мухлисон консерт барпо намоем”, – иброз дошт қаҳрамони мо.

“Духтараконе, ки ба саҳна мебароянд, шавҳар карда метавонанд!”

Вақте Зарринахон Ҷумъабоева ҳанӯз доншҷӯ буд, рӯ ба ҳаҷвнигорӣ овард. Касе аз оила монеъи хоҳиши духтарак нашуд. Боре ҳам нагуфтанд, ки “не, наметавонӣ, ин кори ту нест”.

“Шояд гуфта бошанд, ки актрисагӣ кори душвор. Аммо ҳеҷ вақт интихоби маро рад накарданд, баръакс дастгирӣ мекарданд. Албатта, дар аввал баъзеҳо ба ҳаҷвнигории духтарон назари манфӣ доштанд. Лоиҳаи Шоу “Дугонаҳо” аввалин бор гурӯҳи духтарони ҳаҷвнигорро ба ҳам овард, ки ҳоло шавҳар накарда буданд.

Бархе духтарони соҳибистеъдоде низ буданд, ки аз тарси дар оянда бе шавҳар мондан рӯйи саҳна намебаромаданд”, – бо ғамгинӣ афзуд Заринахон.

“Маро дар телевизор дида, ба хостгорӣ меомаданд”

Ӯ баъдан аз тақдири худ дарк кард, духтараки ҳаҷвнигоре, ки дар саҳна бо латифаву шӯхиҳояш маҳбуби тамошобин мешавад, бе мушкилӣ ба шавҳар баромада, оилаи солим барпо карда метавонад. “Шавҳар карда наметавонӣ” – гуфтани дигарон як қолаби нонавиштае будаасту халос.

“Маро лоиҳаҳои ҳаҷвиии Шоу “Дугонаҳо”, Шоуи ҳаҷвии занона “Fenomen” ва “Территория Юмора” ба мардум чун ҳаҷвнигор ба қадре шиносонид. Бовар мекунед, ки маро дар телевизор дида, ба хона хостгорҳо омада буданд?Аслан, шавҳарам маро ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ мешинохт.

Ба духтарон мегӯям, ки барои саҳна баромадан натарсед, пас аз он ба шавҳар баромадан мумкин аст. Ба сухани беасоси баъзе одамон гӯш додан зарур нест”, – арз дошт Заринахон.

Ягона духтараки ҳаҷвнигор дар лоиҳаи “Территория Юмора”

Дар сабти як реклама ба гурӯҳи бачаҳои “Территория Юмора” духтараке лозим меояд, ки нақш бозӣ кунад. Роҳбари бадеии гурӯҳ Далер Комилов Заринахон Ҷумъабоеваро даъват мекунад, ки ба гурӯҳашон пайваст шавад. Ҳамин тариқ, ҳамкории духтарак бо ин лоиҳаи ҳаҷвӣ оғоз меёбад.

“Аввалин саҳнае, ки дар он нақш бозидам, саҳначаи “Джентльмены” буд. Дар он ҷавонон ба духтаре “гаппартоӣ” мекунанд. Духтарак ба ҳар кадоми онҳо ҷавоби рад дода, гӯё онҳоро пушаймон мекунад, ки “гап партофтанд”. Кор кардан бо ин бачаҳо бароям ифтихор буд. Онҳо дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва маҳбубият буданд.

На ҳар кас метавонист, ки дар саҳна бо онҳо бозӣ кунад. Дар Шоу “Дугонаҳо” ҳамаи саҳнаҳо сабт мешуд, дар пеши мухотабон бозии зинда надоштем. Дар лоиҳаи “Территориря Юмора” ҳар моҳ ба саҳна баромада, дар пеши аудотирияи зинда нақш офариданро ёд гирифтам”, – афзуд Заринахон.

Дар Коллеҷ ба ӯ ҳавас бурда, пурсон мешуданд, ки чӣ хел бачаҳои “Территория юмора” духтаракеро ба сафашон қабул карда бошанд. “Як худаш дар миёни ин қадар мардҳо” – бо чунин гумони бад ҳеҷ касе ба Заринахон чизе нагуфтааст.

“Навиштани латифаҳо кори осон нест”

Дар лоиҳаи Шоу “Дугонаҳо” Заринахон бо дугонааш Парвина латифаҳо эҷод карда, сенарияи наворҳои ҳаҷвиро менавиштанд. Барои ҳазл мавзуъро аз ҳаёти рӯзмарра мегирифтанд. Мисол, вақте дар Хуҷанд ягон мавзуъ актуалӣ шуда, миёни сокинон дар мавриди он таваҷҷуҳ зиёд шавад, вобаста ба он аллакай латифаҳои “Дугонаҳо” тайёр буд.

“Навишта тавонистани латифаҳои хуб кори осон нест. Нозукиҳои ин корро ба ман Далер Комилов ёд доданд. Ҳангоми навиштани он ҳамеша як қоидаро риоя мекунам. Мавзуъи ҳаҷвӣ набояд бофтаву хаёлӣ бошад. Ҳамаи он латифаву шӯхиҳое, ки дар саҳнаи “Худжандский Стендап” ва наворҳои кӯтоҳи худ таҳия мекунам, дар асоси мавзуъҳои воқеӣ сохта мешавад.

Агар нақши хушдоманро бозӣ карданӣ шавам, пешакӣ сенарияи умумии саҳнаро менависам. Боз дар вақти сабт диалогҳо пурратар шуда, луқмаҳои зарурӣ ба забон меояд. Ҳаракат мекунам, ки гуфтугӯ зиндаву таъсирбахш барояд. Ба худ иҷоза намедиҳам, ки ҳангоми ҳаҷв ба иззати нафси касе бирасам”, – гуфт ҳаҷвнигор.

Мавзуъҳое, ки бештар пайгирӣ мешаванд

Имрӯз Заринахон бисёртар мавзуъҳои марбут ба оиладориро бештар пайгирӣ мекунад. Муҳтавое, ки дар Instagram мегузорад ва латифаҳое, ки дар барномаҳои консертии “Худжандский Стендап” мегӯяд, аслан ҳадафи муштарак доранд. Нишон додани он, ки ба ҳаёти оилаҳои ҷавон дахолати бемавқеи баъзе аз узви хонавода таъсири манфӣ мегузорад.

Дар ҳаҷвияҳояш нақши хушдоману арӯсро низ мебозад. Ба бовари ӯ, ҳаҷв бояд мисли оина бошад, то хушдоману арӯс аз он рафтору кирдори худро дида тавонанд ва хулосаи зарруӣ бароранд.

Пештар мавзуъҳое, ки пайгирӣ мекардам, ба масъалаи таҳсилу интихоби касб озод будани духтарон дахл дошт. Мехостам, нишон диҳам, ки духтарон метавонанд, дар дилхоҳ соҳа кор карда, ҷойи худро ёбанд. Пеши роҳи онҳоро гирифтан ба зарари кор аст.

Ба худи духтарон низ фаҳмониданӣ мешудам, ки агар нияти нек дошта бошед, бо пеш бурдани кори худ оилаи хушбахт бунёд карда метавонед”, – шарҳ дод ҳаҷвнигор.

Пешравӣ бо кӯмаки шавҳар, хусуру хушдоман

Ба назари Заринахон, баъд аз оладоршавӣ пеш бурдани кори блог ва стендаперӣ осонтар аст, агар аҳли оила ба интихобу қарорҳои ту “ҳа” гӯянд. Ӯ имрӯз бо аҳли оилаи шавҳар ва кӯдакаш зиндагӣ дорад.

“Вақте кӯдаки майда доред, боз душвортар аст. Бояд як мураббияи нағз пайдо кунед, то барои сабту танзими наворҳо ва саҳнабароӣ вақту хоҳиш ёфта тавонед. Барои тайёр шудани як навор соатҳо вақт сарф мешавад. Танзими наворҳоямро низ худам мекунам.

Хушбахтона, пеш аз тӯй аҳли хонаводаи шавҳарам розӣ буданд, ки корамро идома диҳам. Онҳо видеоҳои маро дида, хурсанд мешаванд. Агар бо таҳияи ягон реклама банд шавам, хусуру хушдоманам кӯдакамро нигоҳубин карда меистанд” – бо қаноатмандӣ гуфт ҳаҷвнигор.

Суҳбат бо мухотабон

Заринахон пай мебарад, ки дар зери муҳтавои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари манфии мухотабон қариб, ки нест. Онҳо дар паёмҳои шахсӣ аз вазъи оиладории ӯ пурсида меистанд. Баъзҳо хавотиромез мепурсанд, ки “чаро бо шавҳаратон якҷоя ролик нагузошта истодаед?”

“Дар миёни обуначиёни саҳифаи Instagram-и ман, ки қариб 100 ҳазор нафар аст, занони калонсол низ зиёданд. Онҳо модарвор тавсия медиҳанд, ки “ҳеҷ вақт аз оилаатон ҷудо нашавед, сабр кунед”. Ростӣ, суҳбат бо аудитория ҳам бароям мавзуъ ва идеяҳои нав медиҳад”, – афзуд қаҳрамони мо.

Ҳунарнамоӣ дар стендапи Узбекистон

Заринахон Ҷумъабоева чанд сол пеш дар Узбекистон бо Индира ном стендапери узбек шинос шуда буд. Онҳо зуд забони ҳамдигарро ёфтанд, зеро ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, шӯхиву ҳазли тоҷикону узбекон низ ҳамсон аст.

Вай дар миёни дӯстони узбекистонӣ бо забони модариаш – узбекӣ стендап гуфта, камтар азоб кашид. Чунки имрӯзҳо бештар бо забони тоҷикӣ фикр мекунад. Дар хона ҳам бо забони тоҷикии бо узбекӣ омехта гап мезанад. Аз ин рӯ, тасмим гирифт, ки вақте боз Узбекистон рафтанӣ шавад, аввалан матни ҳаҷвияҳояшро ба узбекӣ пурра тартиб медиҳад.

“Бо даъвати дӯстон ду бор дар шаҳри Тошканд стендап гуфтам. Хушбахтона, стендапи маро гарм пазируфтанд. Мавзуи ҳаҷвҳоям асосан дар бораи оиладорӣ ва ҳаёти шахсиам буд. Солимтар шудани муносибатҳои хонаводагӣ яке аз ҳадафҳои асосии стендапи ман буд ва ҳаст.

Тариқи ҳаҷв гуфтан мехоҳам, ки ба ҳаёти арӯсу домод дахолати аз ҳад зиёд кардан, келинҳоро аз “имтиҳон”-ҳои беасос гузаронидан, ба ҷо наовардани эҳтироми волидон хатои маҳз аст”, – изҳор дошт ҳаҷвнигор.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend