fbpx
0

Фараҳнӯш Назарова, ду соҳаи тамоман гуногун – мудирияти лоиҳаҳои IT (IT-project-менеҷмент) ва блоги пухтупазро якҷо пеш мебарад.

Ӯ мегӯяд, ҳамеша ба сохтан, эҷод кардани чизҳои нав ва тасвирсозии онҳо шавқ дошт. Ҳамзамон Фараҳнӯш қобилияти таҳлил ва низомноксозии ҳама чизро дорад.

Қаҳрамони мо ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки чӣ гуна ҳар ду шуғлаш ӯро аз хасташавии равонӣ ва буҳрони эҷодӣ наҷот медиҳанд.

“Баъзан бояд эътироф кунем, ки роҳи аввала хуб буд, аммо роҳи ту набуд”

Фараҳнӯш дар Душанбе таваллуд ва ба камол расидааст. Ӯ Литсейи президентиро хатм карда, баъдан дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бо ихтисоси “барномасоз-иқтисоддон” таҳсил кард.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, омезиши IT ва иқтисод барои кори имрӯзааш заминаи устувор гузошт. Айни ҳол Фараҳнӯш ҳамчун мудири ITлоиҳаҳо “Ҳумо Бонк” фаъолият мекунад.

“Ман ду хусусияти худро кашф кардам. Яке эҷод кардан, тасвирсозӣ ва корҳои зеборо дӯст медорад. Дигаре бошад тартиб, рӯйхати вазифаҳо ва назорати бетартибиҳоро меписандад.

Соҳаи IT дер боз маро ҷалб мекард. Барномасозӣ, шабакаҳо, веб-дизайн, муҳтавои ҳуши маснуӣ. Ҳамааш ҷолиб буд, аммо дар як касб намеғунҷид.

Дар баробари ин, ман дар бонк кор мекардам. Дар аввал дар назорати асъор, баъд дар шуъбаи мутобиқат (комплаенс). Ҳамааш бо як маром мерафт, мақом, роҳи равшани касбӣ.

Аз берун чунин менамуд, ки ҳамааш хуб аст, аммо дар дарун овозе оромона мегуфт, ин охири роҳи ман нест”, – мегӯяд Фараҳнӯш.

Лаҳзае фаро расид, ки Фараҳнӯш ҷуръат кард ҳамаи чизеро, ки дар давоми даҳ соли кор дар соҳаи бонкдорӣ сохта буд, пас гузошта аз сифр корро дар соҳаи IT оғоз намояд.

Ба эътирофи ӯ, ин қарор каме аз ақл берун менамуд, вале айнан ҳамин қадам нуқтаи гардиш шуд.

Дар менеҷменти лоиҳаҳо ду ҷанбаи ӯ, ҳам тартиб, ҳам эҷод ниҳоят ба ҳам омаданд.

“Баъзан барои ёфтани ҷойи худ бояд ростқавлона эътироф кунӣ, ки роҳи аввала хуб буд, аммо комилан роҳи ту набуд ва ба худ иҷозат диҳӣ, ки аз нав оғоз намоӣ”, – мегӯяд ӯ.

“Блог худ аз худ пайдо шуд, аз хоҳиши мубодила кардан”

Блоги пухтупаз дар зиндагии Фараҳнӯш комилан тасодуфӣ пайдо шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ худро шахсе бо қобилиятҳои хоси пухтупаз ҳисоб намекард. Фикр мекард, ки ҳама тақрибан яксон таом омода мекунанд.

Фараҳнӯш бо дастурамалҳо аз YouTube торт омода мекард ва аксҳояшонро дар Instagram мегузошт. Рӯзе аввалин паёмҳо ба ӯ омаданд. Пурсиданд, ки вай барои тортҳо фармоиш қабул мекунад.

“Қарор додам, ки таҷриба кунам. Рӯзона дар бонк кор мекардам, шом торт мепухтам, саҳар пеш аз кор шириниҳоро бурда мерасондам.

Баъд ба сабти раванди пухтупаз оғоз кардам. Аввал танҳо барои худ мекардам, баъд дидам, ки ба мардум ҷолиб аст. Ҳамин тавр тадриҷан блог пайдо шуд. Бе нақша, танҳо аз рӯи хоҳиши мубодила кардан”,- мегӯяд Фараҳнӯш.

“Одамонро на танҳо дастурамалҳои қадам ба қадам ҷалб мекунад”

Яке аз видеоҳои хотирмонтарине, ки ба гуфтаи қаҳрамони мо то ҳол дар ёд дорад, видеои кекс аз афлесун буд.

Фараҳнӯш дар он видео ёдовар шуд, ки дар кӯдакиаш хӯрдани афлесун ба мисли як ид буд ва хонаводаашон онҳоро асосан шаби Соли нав мехӯрданд.

“Маълум шуд, ки ин хотира барои даҳҳо ҳазор одам умумӣ будааст. Шарҳҳо ба як китоби хотироти кӯдакӣ, падару модар, нишастҳои хонаводагӣ табдил ёфтанд”.

Дар ҳамин гуна лаҳзаҳо мефаҳмӣ, ки одамонро на танҳо дастурамалҳои қадам ба қадам ҷалб мекунанд.

Шояд бештар аз ҳама ҳаминро дӯст медорам. Танҳо “пухтани таом” не, балки порае аз ҳаётро ба он ворид кардан”, – таъкид мекунад Фараҳнӯш.

Ба гуфтаи Фараҳнӯш, ба назари дигарон чунин менамояд, ки гӯё ӯ дар як вақт ду зиндагии алоҳида дорад: рӯз – маҷлисҳо, шаб – крем, хамир ва камера.

Аммо, ба боварии ӯ, ин ду ҷаҳони ба назар мухталиф аслан аз ҳам он қадар дур нестанд.

Блог ҳам нақша мехоҳад, ҳам сенария, ҳам танзим, ҳам таҳлил, қариб мисли ҳамон мудирияти лоиҳаҳо аст, танҳо дар блогерӣ ба ҷои KPI мебинӣ, ки “чанд кас дастурамалро ҳифз кард”.

Дар соҳаи IT бошад, ба Фараҳнӯш тафаккури эҷодӣ ва одати “тамоми тасвирро якбора дидан” кӯмак мекунад.

“Беҳтарин ҷузъи ин ҳама он аст, ки ман ҳеҷ гоҳ дилгир намешавам. Барои он ки зиндагиро рангоранг кунам, дар ҷустуҷӯи шуғли дигар нестам. Аллакай ду соҳа дорам, ки якдигарро дастгирӣ мекунанд.

Аз IT ба ман бисёр чизҳо нафъ мерасонанд: банақшагирӣ, тартиб додани равандҳо, кор бо асбобу барномаҳои гуногун, зуд омӯхтани чизҳои нав ва муносибати ором ба он ки чизе метавонад мувофиқи нақша пеш наравад.

Агар нашри як видео каме дер шавад, ман ба он аллакай орому фалсафӣ муносибат мекунам.

Пухтупаз бошад, маро ба сабр ва диққат ба ҷузъиёт омӯхта мекунонад. Агар дар лоиҳа камбудӣ бошад, ислоҳ мешавад. Аммо агар торт хушк шавад, шонси дувум танҳо дар қабати навбатист. Таом омӯхтани дақиқкориро хеле хуб ёд медиҳад.

Дар ҳар ду соҳа, тафаккури эҷодӣ хеле кумак мекунад. Баъзан як роҳи ғайристандартӣ дар IT ҳамон тавр ба миён меояд, ки як усули нави пешниҳоди шириниро меёбӣ. Ту танҳо каме дигар хел месанҷӣ”,- мегӯяд Фараҳнӯш.

Ду соҳаи фаъолият – даво аз хастагӣ

Яке аз ин ду шуғл аксар вақт Фараҳнӯшро аз хастагии шуғли дигар наҷот медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, вақте муддати тӯлонӣ танҳо ба IT машғул мешавад, сабти дастурамалҳо барои ӯ мисли “тағйири манзара” мешавад.

“Аз ҷаҳони дедлайну вазифаҳо ба ҷаҳони хамир, тафдон ва кадрҳои зебо мегузарӣ. Ин барои кори мағзи сар бисёр кӯмак мекунад.

Баръакс, вақте аз сабт хаста мешавам, ба тартиби ҷиддӣ, диаграммаҳо ва барномаҳо бармегардам. Ин худ як такягоҳи дигар аст.

Баъзан фикр мекунам, ки агар танҳо як шуғл медоштам, кайҳо зиндагии ман беранг мешуд. Аммо ҳоло он гуногунрангу пурҷӯшу хурӯш аст”, – мегӯяд ӯ.

Бештар аз ҳама Фараҳнӯш пухтани шириниҳоро дӯст медорад, зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо “сеҳри хоси худ”-ро доранд.

“Аз маҳсулоти хеле одӣ чизе ҳосил мекунӣ, ки ба одамон кайфият мебахшад”, – нақл мекунад қаҳрамони мо.

Аз таомҳои миллӣ Фараҳнӯш ба ош, курутоб ва шӯрбо дилбастагӣ дорад. Барои ӯ инҳо таомҳое ҳастанд, ки ҳамеша ҳисси “хона”-ро медиҳанд.

Бо ин вуҷуд, вай бо шавқ таомҳои дигар миллатҳоро низ меозмояд. Зеро соуси нав ё тарзи пешниҳоди дигар метавонад ҳисси таоми шиносро комилан тағйир диҳад.

“Ин хеле монанд аст ба он ки чӣ гуна як идея тамоми равиши кор бо лоиҳаро дигар мекунад”, – таъкид мекунад ӯ.

“Чашидан беҳтар аз ҳар гуна тимбилдинг”

Аввалин тамошобинон ва обуначиёни Фараҳнӯш ҳамкорони худи ӯ буданд, ки аз оғози роҳи блогерӣ ӯро дастгирӣ мекарданд.

Баъзан дар ҷои кор касе ба ӯ муроҷиат карда, хоҳиш мекунад, ки барои блог ягон хӯроки мушаххасро сабт кунад, ё аксҳои хӯрокеро мефиристад, ки онро аз рӯи дастурамали Фараҳнӯш пухтааст.

“Вақте фурсати муносиб ва илҳом дорам, махсус барои идора торт ё шириние мепазам. Чашидани шириниҳо дар танаффуси байни корҳо аз ҳар гуна тимбилдинг натиҷаи беҳтар медиҳад. Одамон баъди як лаълича ширинӣ одатан нармтару меҳрубонтар мешаванд”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Обуначиёни Фараҳнӯш одамоне мебошанд, ки ба онҳо фазои хона, хӯроки гарму самимӣ ва ҳикояҳои росту воқеӣ наздиканд. Ба гуфтаи блогер, онҳо хеле боэҳтиром ва самимӣ ҳастанд.

“Ба ман писанд аст, ки мо якдигарамонро мешунавем, на танҳо “ман мегузорам, шумо тамошо кунед”. Онҳо андешаҳояшонро мубодила мекунанд, аксҳои хӯрокҳои пухта аз рӯи дастурамалҳои манро мефиристанд, маслиҳат мепурсанд. Баъзан шарҳҳоро мехонам ва мефаҳмам, ки он дигар мисли як ҷамъияти хурд шудааст”, – мегӯяд созандаи муҳтаво.

Дар оғоз Фараҳнӯш аз дағалгуфторҳо ва шарҳҳои манфӣ хеле метарсид, аммо дертар пай бурд, ки агар баъзан фикрҳои баҳсбарангез ҳам пайдо шаванд, маънояш ин аст, ки блог аз доираи одӣ берун шуда, рушд мекунад.

“Каме аҷиб садо медиҳад, вале ҳамин тавр аст. Муҳимаш ин аст, ки одамони солиму одил дар ин тавозун бештар бошанд”, – таъкид мекунад ӯ.

Фараҳнӯш орзуҳо ва ҳадафҳои бузург дорад, ҳам барои блоги худ ва ҳам барои карера.

Дар блог ӯ мехоҳад сатҳи сифатро баланд барад: видеоҳои мукаммалтар созад, унсурҳои миллиро бештар истифода барад ва форматҳои дарозро рушд диҳад.

Орзуҳои махсуси ӯ, китоби пухтупазҳо, курси пурраи пухтупаз ва баъдан қаҳвахонаи зебою хурд, ки дар он ҷо одамон на танҳо дастурамалҳои ӯро бубинанд, балки шириниҳоро ба таври зинда бичашанд.

Дар IT бошад, Фараҳнӯш мехоҳад ҳамчун мудири лоиҳаҳо рушдро идома диҳад, лоиҳаҳои бузургтарро бар дӯш гирад ва шояд дар оянда раҳбари як самти алоҳида шавад.

“Дар дунёи ормонҳоям, дар қаҳвахонаи худ ба лоиҳаи корӣ онлайн пайваст мешавам, дар толори дигар касе шириниеро мехӯрад, ки аз рӯи дастурамали ман омода шудааст.

Ҳам IT ва ҳам пухтупаз як қисми ҳаёти ман боқӣ мемонанд”, – хулоса мекунад Фараҳнӯш.

Сомон Комилов

Тарҷумаи мутобиқшуда аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend