fbpx
0

Дар Душанбе як донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи миллӣ пас аз бохт дар шартбандии варзишӣ (букмейкер) даст ба худкушӣ задааст.

Бахтовар Расулов, донишҷӯйи 19-сола, рӯзи 6 декабр дар хобгоҳи №8-и донишгоҳ худро овехтаааст. Ҷасади ӯро яке аз ҳамхонаҳояш пайдо кардааст. Ба гуфтаи дӯстону наздиконаш, Бахтовар пеш аз ҳодиса ба модараш дар Зафаробод занг зада, аз қарздор шуданаш дар бозии букмейкерӣ хабар додааст.

Падараш, Шералӣ Расулов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки фарзандаш дар бозиҳои интернетӣ қарздор шуда, аз шарм ба ин амали ноумедона даст задааст. Ҳамсабақонаш низ тасдиқ кардаанд, ки Бахтовар як шаб пеш аз ҳодиса футбол тамошо карда, баъди пешгӯии нодуруст маблағ бохтааст.

Масъулони донишгоҳ ҳодисаро шарҳ надодаанд. Ҳуҷрае, ки Бахтовар зиндагӣ мекард муҳр зада шуда, ҳамхонаҳояш баёнот додаанд. Мақомот қазияро таҳқиқ доранд ва яке аз фарзияҳо худкушӣ вобаста ба қарзи шартбандӣ будааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend