Ҳодиса шоми 9 ноябр дар ҳудуди микроноҳияи 65, наздикии мактабҳои миёнаи №77 ва №78 рух додааст. Дар занозанӣ хонандагони чанд мактаб иштирок доштаанд.
Яке аз наврасони маҷрӯҳро ронандаи таксӣ, ки аз он ҷо мегузашт, дида, ба беморхона расондааст. Гуфта мешавад, ӯ ҳоло дар беморхона қарор дорад ва вазъи саломатиаш ниҳоят вазнин аст.
Ин наврас қаблан дар мактаб таҳсил мекардааст ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ донишҷӯи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ мебошад.
Як навраси дигар, ки хонандаи синфи даҳуми мактаби №78 будааст, ҷасадашро танҳо субҳи рӯзи дигар пайдо кардаанд. Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки яке аз гумонбарон, ки низ хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ҳоло бо хонандагони ин мактабҳо суҳбатҳои профилактикӣ бо иштироки намояндагони прокуратура ва милиса гузаронида мешаванд. То ҳол ягон маълумоти расмӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ дар бораи ин ҳодиса нашр нашудааст.









