fbpx

Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар рафт. Аз он ҷо ба ИМА меравад

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Доналд Трамп, президенти ИМА барои иштирок дар нишасти «Осиёи Марказӣ-ИМА» (C5+1) ба шаҳри Вашингтон сафар мекунад.


0

3 ноябр президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар кард.

Баъди анҷоми он Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои иштирок дар нишасти «Осиёи Марказӣ – ИМА» (C5+1) ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳад кард.

Баргузории мулоқоти навбатии «C5+1» рӯзи 6 ноябр дар Вашингтон дар назар аст. Ин дуюмин вохӯрии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо президенти ИМА дар чунин формат хоҳад буд. Аввалин нишаст соли 2023 дар Ню-Йорк, дар ҳошияи Маҷмаи Умумии СММ, замони президентии Ҷо Байден доир шуда буд.

Қабл аз ирсоли даъватномаҳо ба кишварҳои минтақа, Фиристодаи махсуси ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серхио Гор ва муовини котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау ба Тошканд ва дигар пойтахтҳои минтақа сафари корӣ анҷом дода буданд.

Ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, ҳадафи ин сафар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди сармоягузорӣ дар соҳаи захираҳои маъданӣ ва энергетика, инчунин густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи формати «C5+1» мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend