fbpx

#Бояддонист. Қувват дар садои баланд ё муштзӯрӣ нест


0

Ду ронанда. Рӯзи одӣ, кӯчаи одӣ. Яке ба кор шитоб дорад, дигаре барои гирифтани фарзандонаш меравад. Ҳарду худро ҳақ медонанд ва мехоҳанд онро бо зӯр исбот кунанд. Пас аз чанд сония, баҳс ба ҷанҷол табдил меёбад.

Ҳолати шинос, ҳамин тавр не? Як ҷанҷоли ночиз метавонад ба низое табдил ёбад, ки дигар муҳим нест, сабабаш чӣ буд. Дар чунин лаҳзаҳо одамон аз ёд мебаранд, зӯроварӣ мушкилро ҳал намекунад, балки онро зиёдтар месозад.

Алӣ ва ҳамсоягонаш метавонистанд барои солҳои дароз ба ҳамдигар душман шаванд, аммо як садои орому боақл ҳамаашро дигар кард. Ӯ ёдрас намуд, ки кӯдакон аз калонсолон меомӯзанд ва қувват дар мушт не, балки дар тавони гӯш кардан, сухан гуфтан ва дарк кардан аст.

Ин наворро тамошо кун. Ба онҳое бифирист, ки зуд оташин мешаванд, гӯш карданро намедонанд, ё гумон доранд, ки садо баланд кардан ин ғалаба аст. Баъзан як сухани саривақтӣ метавонад хашмро боздорад ва эҳтиромро ба одамон баргардонад.

Қувват дар ягонагӣ ва гуфтушунид аст. Зӯроварӣ ҳеҷ мушкилеро ҳал намекунад.

Ин матлаб бо гранти Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ шудааст. Андешаҳо, натиҷаҳо ва хулосаҳои дар он ироашуда танҳо ба муаллиф(он) тааллуқ доранд ва на ҳамеша мавқеи расмии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаро инъикос мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend