fbpx

Дар ноҳияи Б.Ғафуров писар падарашро бо корд куштааст

Гуфта мешавад, падару писар дар ҳолати мастӣ бо ҳам муноқиша кардаанд.


0
Намогирифт аз гузориши "Милитсия хабар медиҳад"

Як сокини 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони латукӯб ва куштори падари 67-солааш бо корд дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, падару писар дар ҳолати мастӣ бо ҳам муноқиша кардаанд.

Дар гузориши видеоии “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дастгиршуда дар ин бора нишондод медиҳад.

“Падарам маро заданд, ман падарамро задам. Баъд дидам, ки набзашон намезанад, ҷон кандаанд. Барои пинҳон кардани ҷиноят падарамро ба ҳавз партофтам”,- гуфтааст гумонбар дар гузориш.

Ба иттилои милитсия, нисбати дастгиршуда бо моддаи 104 (Одамкушӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Тибқи ин модда, шахси гумонбарро аз 8 то 15 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таҳдид мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend