fbpx

1,2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан $1,8 миллиард фиристодаанд

Ба гуфтаи намояндаи Кремл, муҳоҷирони тоҷик 16 дарсади шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии дар Русия коркунандаро ташкил медиҳанд


0
Акси марбута аз сомонаи otdeln.ru

Маблағи интиқолҳои пулии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан дар соли 2024 ба 1,8 миллиард доллар расидааст, ки 17 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, изҳор дошт ёвари президенти Русия Юрий Ушаков.

Ба гуфтаи намояндаи Кремл, айни замон дар Русия 1,2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият доранд, ки онҳо 16 дарсади шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии дар Русия коркунандаро ташкил медиҳанд, менависад нашрияи русии «Московский комсомолец».

Ба гуфтаи Ушаков, яке аз мавзуъҳои асосии музокироти Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 8-9 октябр баргузор мегардад, масъалаи муҳоҷират хоҳад буд.

Владимир Путин шоми 8-уми октябр ба Душанбе меояд.

Ӯ ҳамчунин дар ҳамоиши «Осиёи Марказӣ + Русия» ва ҳамоиши сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 9 ва 10-уми октябр доир мешаванд, ширкат хоҳад кард.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (СҶМ), муҳоҷирони тоҷик дар соли 2024 ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллари амрикоӣ маблағ фиристодаанд. Ин рақам нисбат ба соли як соли пеш аз он 27 дарсад (беш аз 1,5 миллиард доллар) зиёд мебошад. Тибқи иттилои дар ин гузориш овардашуда, 15 миллион доллар аз маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирони тоҷик аз Қазоқистон фиристода шудааст.

Ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар соли 2023-юм 4,6 миллиард долларро ташкил дода, ба 39 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар будааст. Маблағҳои интиқолшуда дар соли 2024 ба 45 дарсади ММД баробар шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend