fbpx

107 парвандаи ҷиноятӣ ва таъйини ҷазо ба 30 нафар барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гузориш додааст, ки нисбати онҳо парвандаҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ — саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ боз шудааст.


0
Қадамзании низомӣ
Акси марбута аз интернет

Дар соли 2024 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 107 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар гузориши солонаи худ иттилоъ дода гуфтааст, ки нисбати 30 ҷавон ҷазо таъйин гардидааст.

Гуфта мешавад, нисбати онҳо парвандаҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ — саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ боз шудааст, ки ҷарима ба маблағи аз 37,5 то 75 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад. Вале ҷузъиёти ҷазо барои ҳар нафар мушаххас нашудааст.

Ҳамчунин, соли гузашта 95 қазияи латукӯб ва озори сарбозон, ё ба истилоҳи расмӣ «вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ», сабт шудааст. Ба иттилои Омбудсмен, 13 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои иҷро накардани вазифаҳои худ муҷозот шудаанд.

Дар соли 2024, ба иттилои манбаъ, 34 афсар аз қисмҳои ҳарбӣ фирор карда, 28 кас худсарона маҳалли хизматро тарк кардааст. Омбудсмен ин амалҳоро ҷиноят ном бурда, ҷузъиёти ҷазоро нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Ваколатдор навиштааст, ки шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд, афзудааст. Мавзуи ҷалби маҷбурии ҷавонон ва шароити номуносиб дар қисмҳои ҳарбӣ ҳамасола баҳсбарангез мебошад.

Мавсими тирамоҳии даъвати ҳарбӣ 1-уми октябр оғоз гардида, ба иддаои Вазорати мудофиа дар рӯзи аввали маърака нақша 55% иҷро шудааст. Даъвати тирамоҳӣ то охири ноябр идома мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend