fbpx

Узбекистон ба “рейд”-и мақомоти Русия дар консерти сарояндаи узбек вокуниш кард

Ба иттилои консулгарӣ, дар пайи санҷиш 8 шаҳрванди Узбекистон боздошт шуда, 4 нафари дигар ҷарима ва аз ҳудуди Русия ихроҷ гардидаанд.


0
Намогирифт аз навори "рейд"

Агентии муҳоҷирати Узбекистон ва Консулгарии генералии ин кишвар дар Новосибирск ба “рейд”-и мақомоти Русия дар консерти сарояндаи узбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев дар Красноярск вокуниш карданд.

Дар изҳороти Агентии муҳоҷират, ки рӯзи 24-уми сентябр нашр шуд, таъкид мешавад, ки барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон намояндаи ваколатдор дар Русия таъйин гардидааст.

Консулгарии генералии Узбекистон дар Новосибирск дар вокуниши худ таъкид кардааст, ки сабаби рейд бо мақомоти маҳаллӣ мувофиқа нашудани консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев будааст.

“Баргузории чунин рейдҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд асосҳои ҳуқуқии муҳкам дошта бошад ва ба фароғати фарҳангии шаҳрвандон монеъ нагардад”,- таъкид кардааст консулгарӣ.

Ба иттилои консулгарӣ, дар пайи санҷиш 8 шаҳрванди Узбекистон боздошт шуда, 4 нафари дигар ҷарима ва аз ҳудуди Русия ихроҷ гардидаанд.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дар маҷмӯъ 26 нафарро аз толор ба шуъбаи полис бурданд. Ҳоло бархе аз онҳо дар Маркази муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев рӯзи 22-юми сентябр дар толори “Корона”-и деҳаи Солонси баргузор шуда, тақрибан 620 меҳмон, аз ҷумла 210 муҳоҷир ширкат доштанд. Шоҳидон гуфтаанд, ки кормандони мақомот дар ҷараёни барнома ногаҳон вориди толор шуда, консертро қатъ карданд.

Дар давоми моҳи сентябр ин аллакай бори сеюм аст, ки муҳоҷирони узбек дар Русия ба тафтишоти сахти мақомоти ин кишвар ва таҳқиру латукӯб аз ҷониби шаҳрвандони он дучор мешаванд. Аз ҷумла, шаби 10 сентябр шаҳрвандони Узбекистон дар минтақаи Приморск аз ҷониби як гурӯҳи наврасони маст таҳқир ва латукӯб шуданд.

Консулгарии генералии Узбекистон дар Владивосток дар робита ба ин ҳолат ба мақомоти Русия нота ирсол карда, таъкид кардааст, ки ин қазия таҳти назорати ҳам намояндагии дипломатӣ ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қарор дорад.

Дар аввали моҳи сентябр ВКХ Узбекистон низ ба ВКХ Русия нотаи расмӣ ирсол карда буд. Он замон Узбекистон хост нисбати як шаҳрванди Русия, ки дар шаҳри Химкии вилояти Москва ронандаи таксии узбекро таҳқир кардааст, чораҳои қонунӣ андешида шаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend