fbpx

DITE 2025: Дар Душанбе имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Намоишгоҳи 2-юми сайёҳии Душанбе 18-уми сентябр оғоз гардид ва дар он беш аз 200 ширкат аз 25 кишвари дунё ҷамъ омаданд.


0

Дар Маркази Экспои шаҳри Душанбе масъулони соҳаи сайёҳии кишвар, намояндагони ширкатҳои зиёди сайёҳии дохиливу хориҷӣ ҷамъ омада, баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанберо муҳим арзёбӣ карданд.

Намоишгоҳи 2-юми сайёҳии Душанбе 18-уми сентябр оғоз гардид ва дар он беш аз 200 ширкат аз 25 кишвари дунё, аз ҷумла ширкатҳои пешсафи сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, шабакаҳои меҳмонхонаҳо ва фондҳои сармоягузорӣ ҷамъ омада, бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ошно шуда, таҷрибаҳои худро байни ҳамдигар ба иштирок мегузоранд.

Дар саҳни майдони Маркази Экспо маҳсулоти дастии ҳунармандони Тоҷикистон ва Эрон ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар як тарафи намоишгоҳ ошпазон ва кадбонуҳо хӯрокҳои миллиро ба намоиш гузоштаанд.

Масъулони ширкати “Сомон Трэвел”, ки ташкилкунандаи намоиш мебошанд, зикр мекунанд, DITE 2025 минбари стратегиест, ки дар он ҳамандешон, сармоягузорон, мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва аҳли фарҳанг ҷамъ омадаанд, то иқтидори истифоданашудаи сайёҳии Тоҷикистонро биомӯзанд.

Намоишгоҳ рӯзҳои 19 ва 20-уми сентябр низ идома меёбад ва хоҳишмандон метавонанд аз он дидан намоянд.

Тоҷикистон, ки кӯҳҳои бошукӯҳ, дарёҳои мусаффо ва мероси таърихи чандинҳазорсолаи Роҳи Абрешимро дорост, метавонад ганҷинаҳои худро ба ҷаҳон муаррифӣ намояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend