fbpx

5 нишонаи зери таъсири бад мондани кӯдак. Варақаи санҷишӣ барои волидон

Бо кӯмаки равоншиноси оилавӣ мо нишонаҳои нигаронкунандаи рафтори наврасонро баррасӣ мекунем, ки волидон бояд ба онҳо диққат диҳанд.


0

Дар ҷаҳони муосир волидон ҳамеша дар ҷустуҷӯи тавозун ҳастанд: аз як тараф набояд ҳарими шахсии фарзандро вайрон кунанд, аз тарафи дигар бояд ӯро аз таъсирҳои номатлуб эмин нигоҳ доранд.

Мо дар бораи он мегӯем, ки на ҳар як чизи нав маънои “таъсири бад”-ро дорад, аммо нишонаҳои нигаронкунанда ҳастанд, ки онҳоро набояд нодида гирифт.

Муҳим аст дарк кардан, ки наврасон имрӯз на танҳо дар зиндагии воқеӣ тавассути ҳамсолон, балки аз фазои интернет низ метавонанд зери таъсири манфӣ қарор гиранд.

Шахсони ношинос дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба наврасон таъсири манфӣ расонанд, ки аксар вақт намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ мебошанд ва на танҳо гурӯҳҳои ба ном динӣ. Ин метавонад ҷамъиятҳои ҷиноятӣ ё ҳаракатҳои дигари харобиовар бошанд, ки платформаҳои онлайниро ба ҳамон тарзи роҳҳои суннатии ҷалбкунӣ истифода мебаранд.

Ҳамааш аз дуздиҳои хурд оғоз ёфт

Равоншиноси кӯдакон аз Тоҷикистон Ниссо Азизова аз таҷрибаи худ нақл мекунад, ба назди ӯ падару модари як навраси 15-сола муроҷиат карданд, ки ба дуздӣ дар хона оғоз карда буд.

“Ҳамааш аз дуздиҳои хурд дар хона сар шуд – аз маблағҳои ночизе, ки падару модар гум шудани онҳоро зуд пай намебурданд. Ин пулҳо барои меҳмондории гурӯҳҳои нав сарф мешуд, то писар дар миёни бачаҳои аз худ калонтар худро “худӣ” нишон диҳад. Бо гузашти вақт, дӯстоне, ки аз ӯ калонтар буданд, ӯро ба дуздии баъзе чизҳо аз хона таҳрик доданд”,- нақл мекунад Азизова.

Ниссо Азизова

Ба гуфтаи ӯ, нуқтаи калидӣ дар ин ҳолат вокуниши падару модар буд. Онҳо фаҳмиданд, ки ҷазо ва мамнуъиятҳо метавонанд танҳо нобоварӣ ва пинҳонкориро зиёд кунанд. Ба ҷои ин, онҳо ба мутахассис муроҷиат карданд.

“Дар раванди кор муяссар шуд, ки гуфтугӯи байни падару модар ва наврас барқарор гардад. Маълум гардид, ки писарак кадом эҳтиёҷот – эътироф, шинохта шудан, эҳсоси аҳамиятро кӯшиш дошт тавассути ин гурӯҳ қонеъ созад. Натиҷа чунин шуд: кӯдак робитаашро бо гурӯҳи хатарнок қатъ кард ва дар оила сатҳи эътимод зиёд шуд”,- нақл мекунад Ниссо Азизова.

Ба гуфтаи ӯ, ин яке аз мисолҳои равшан аст, ки нишон медиҳад, бояд на танҳо паёмадҳои мушкил ҳал шаванд, балки сабабҳои пайдоиши онҳо низ бартараф гарданд. Дар ин ҳолат, падару модарон тавонистанд сари вақт мушкилро пай баранд ва бо арзёбии дурусти вазъият аз пайомадҳои вазнинтар пешгирӣ кунанд.

Агар бархе аз падару модар нишонаҳои зери таъсири манфӣ қарор гирифтани фарзандро аз сабаби беэътиноӣ нодида гиранд, бархеи дигар аз вайрон кардани марзҳои шахсии фарзанд метарсанд. Мавзӯи марзҳои шахсӣ солҳои охир хусусан муҳим шуд, зеро волидони шӯравӣ мекӯшиданд тамоми паҳлуҳои зиндагии фарзандони худ, бахусус духтаронро назорат кунанд.

Ба гуфтаи Ниссо Азизова, хатти марз байни марзҳои шахсӣ ва огоҳии падару модар аз ҳаёти фарзанд дар он ҷост, ки таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба назорати куллӣ табдил наёбад.

“Барои падару модар муҳим аст, ки ба доираи муоширати фарзанд таваҷҷуҳ зоҳир кунад, дӯстони ӯро бишносад ва фазои умумии онҳоро дарк намояд. Вале ин бояд тавассути гуфтугӯи эътимоднок сурат гирад, на тавассути ҷосусӣ ё фишор. Агар фарзанд эҳсос кунад, ки марзҳои шахсиаш эҳтиром мешаванд, ӯ худаш бо омодагии бештар мушкилотро нақл мекунад, агар чизе нороҳаташ созад”,- мегӯяд Азизова.

Варақаи санҷишӣ барои падару модарон: 5 нишонаи асосии таъсири хатарнок

Мутаассифона, таҳқиқоти махсус оид ба таъсири ҳамсолон ба наврасон дар Тоҷикистон дастрас нашуд. Аммо таҳқиқоти байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки дар бораи таъсири ҳамсолон ба рафтори наврасон маълумот медиҳанд.

Бар асоси таҳқиқоте, ки дар яке аз маҷаллаҳои пешрафтаи тиббии Амрико нашр шудааст, таъсири ҳамсолон тақрибан тамоми соҳаҳои рафтори хатарноки наврасонро фаро мегирад. Дар ҳамин синну сол афзоиши нишондиҳандаҳои нигаронкунанда сабт мешавад: аз шумораи қатлу садамаҳо то ҳолатҳои рондани мошин дар ҳолати мастӣ, сирояти бемориҳои алоқаи ҷинсӣ ва таҷрибаҳо бо моддаҳои психоактивӣ.

Муҳити наврасӣ дар шаклгирии одатҳо ва интихоби ҷавонон нақши бузург дорад: аз услуби либос ва тарзи суханронӣ то муносибат ба моддаҳои мамнуъ, таҷрибаи ҷинсӣ, хушунат ва ҳатто рафтори ҷиноятӣ.

Дар ҳамин ҳол, таъсири манфӣ метавонад ҳам аз муҳити наздик, яъне ҳамсолон ва ҳам аз шахсони ношинос дар интернет сарчашма гирад, ки метавонанд намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ бошанд.

Дар айни замон, набудани дӯстон низ хатар дорад: дуршавӣ аз ҷомеа имкониятҳои наврасро барои муошират, ташаккули алоқаҳои нав ва омӯзиши малакаҳои зарурии иҷтимоӣ маҳдуд мекунад.

Муҳим: ба ҳодисаҳои алоҳида аҳамият надиҳед, балки ба динамикаи тағйирот диққат диҳед. Агар дар давоми 2-6 ҳафта шумо тағйиротро дар чанд соҳаи ҳаёти наврас якҷо мушоҳида кунед ё дар ҳар як бахш ду ё зиёда нишонаҳоро қайд кунед ин сигналест, ки бояд диққат диҳед. Ин дастурест барои он ки ҳадди ақал бо наврас суҳбат кунед ё, ҳамчун вариант, бо мутахассис машварат кунед.

Ниссо Азизова мегӯяд, ки меъёри калидӣ барои падар ё модар дар арзёбӣ набояд чунин бошад: “ба ман маъқул нест, ки онҳо чӣ гуна либос мепӯшанд”, балки он аст, ки пас аз муошират бо ин гурӯҳ чӣ чиз дар рафтор, саломатӣ ва муносибати кӯдак ба худ ва ҷаҳон рӯй медиҳад.

“Муҳим аст фаҳмидан: ҳар гурӯҳи нав – “таъсири бад” нест. Наврасон ба таври табиӣ гурӯҳҳои навро ҷустуҷӯ мекунанд, бар асоси манфиатҳои умумӣ муттаҳид мешаванд, нақшҳои гуногунро санҷида мебароянд ва ин марҳилаи табиии калон шудан аст. Дар ҷомеаи солим бояд эҳтиром бошад, фишор ва ҳамла вуҷуд надошта бошад ва ба рафторҳои хатарнок ҷалб накунад.

Гурӯҳи хатарнок бошад, дар кӯдак ҳисси гунаҳкорӣ барои рад кардани онҳоро ба вуҷуд меорад, вайро ба нақзи қонун ё меъёрҳои амниятӣ ташвиқ мекунад, арзишҳои ӯ ва оиларо масхара мекунад”,- мегӯяд психолог.

Падару модар чӣ гуна метавонанд ин марҳиларо аз даст надиҳанд?

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки муносибат бо падару модар метавонад таъсири манфии ҳамсолон ба наврасонро кам кунад. Муоширати озод ва бо эътимод дар оила ҳамчун омил барои муҳофизат аз ҷалб шудан ба рафтори хатарнок, аз ҷумла истеъмоли спирт, тамоку ва дигар моддаҳои психоактивӣ хизмат мекунад.

Ҳатто амалҳои содаи ҳаёт, ба монанди хӯроки муштараки оилавӣ, метавонанд эътимод байни падару модар ва кӯдакро тақвият диҳанд. Онҳо кӯмак мекунанд, ки эҳтимоли истифодаи моддаҳои психоактивӣ дар духтарон кам шавад ва инчунин хатари вобаста ба истеъмоли машрубот, хушунат ё қонуншиканӣ миёни писарон коҳиш ёбад.

Фарқ байни ҷинсҳоро бо он шарҳ додан мумкин аст, ки духтарон одатан ба анъанаҳои оилавӣ аҳамияти бештар медиҳанд, аммо ин маънои онро надорад, ки писарон ба онҳо бетафовутанд, танҳо фаҳмиши онҳо дар бораи муносибатҳои оилавӣ дигар аст.

Ниссо Азизова ба падару модарон тавсия медиҳад, ки бо кӯдакон робитаи мунтазамро нигоҳ доранд, ба ҳаёти наврас, рағбату фикрронии вай ва он чизҳое, ки барои ӯ муҳим аст, таваҷҷуҳ кунанд. Бо кӯдакон бояд ҷамъомадҳои якҷоя ташкил кард, бо ҳам хӯрок хӯрдан, пиёдагардӣ ё кӯмак дар корҳои ҳамдигар.

“Пешгирии ҳама гуна мушкилот дар ҳаёти наврас – ин робитаи хуби эмотсионалӣ бо падар ё модар аст, вақте ки кӯдак метавонад бе тарс аз маҳкумкунӣ, танқиди сахт ё ҷазо ба назди онҳо биёяд ва чизеро нақл кунад. Будани робита кафолати амнияти кӯдак ва огоҳии шумо аз воқеаҳои муҳими ҳаёти ӯст”,- мегӯяд равоншинос.

Ниссо Азизова, аз таҷрибааш нақл мекунад, бо ҳолатҳое рӯбарӯ шудааст, ки наврасон кӯшиш карданд назари дигари худро ба падару модар баён ё нақл кунанд, аммо ҷавобе нагирифтанд (масалан, падар ё модар аҳамият надод) ё вокуниши сахти маҳкумкунанда ва тарсро мушоҳида карданд, ва дар натиҷа онҳо беҳтар донистанд, ки хомӯш бимонанд.

“Дар чунин ҳолат падару модар риштаи муҳими робитаро аз даст медиҳанд ва тағйирот дар ҷаҳонбинӣ ё муҳити атрофи кӯдак намешавад”,- таъкид кард ӯ.

Дар ҳолати ошкор шудани таъсири манфӣ ба кӯдак, Азизова тавсия медиҳад, ки ором бошед, сабабҳои тағйирёбии рафторро фаҳмед ва ба мутахассис муроҷиат кунед, ҳатто агар кӯдак ба ин розӣ набошад.

“Агар наврас розӣ нест, ки ба назди мутахассис равад, чунин ҳолат хеле зиёд рух медиҳад, падар ё модар худ метавонад ба равоншиноси кӯдакон ё оилавӣ барои машварат муроҷиат кунад, ки мутахассис дар рафти он стратегияҳои ҳамкорӣ ва тағйирот дар раванди тарбияро пешниҳод менамояд. Ин кӯмак мекунад, ки аз ҳолатҳои гарангӣ, ваҳм ва беҳавсалагӣ, ки одатан дар падар ё модар рух медиҳад, бароед ва бо оромӣ ба ҳалли мушкилот наздик шавед”,- мегӯяд Азизова ва зарурати фаҳмидани сабабҳои осебпазирии кӯдакро таъкид мекунад.

Ба ҷои ҷазо додан муҳим аст, ки ба наврас роҳи алтернативӣ барои қонеъ кардани эҳтиёҷот пешниҳод карда шавад, масалан иштирок дар маҳфилҳо, ҷамъомадҳо ё фаъолияти волонтёрӣ.

“Ҷазо ва додзанӣ одатан таъсири комилан баръакс дорад, яъне наврасро “ба замин задан” на ҳамеша муносибати ӯро бо гурӯҳҳо қатъ мекунад, аммо метавонад онро пинҳон кунад”,- хулоса кард коршинос.

Ин мақола бо гранти Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ шудааст. Андешаҳо, натиҷаҳо ва хулосаҳои дар он ироашуда танҳо ба муаллиф(он) тааллуқ доранд ва на ҳамеша мавқеи расмии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаро инъикос мекунад.

Тарҷумам мутобиқшуда аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend