Подкасти “Роҳи ӯ – кувваи ӯ” – силсилаи суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва самимӣ бо занҳоест, ки худ ва сарнавишти худро сохтаанд.
Меҳмони имрӯзаи подкаст Зебо Шарифова, ҳуқуқшинос, ҳомии ҳуқуқ, собиқ вакил, яке аз ҳаммуаллифони Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва бунёдгузори созмони ҷамъиятиест, ки аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад.
Ҳар коре, ки ӯ мекунад барои пуштибонӣ, ҳуқуқи садо баровардан ва тағйироте аст, ки аз як нафар оғоз меёбад.
Ӯ дар сӯҳбат зикр кард, ки “коре, ки ман бо занҳо мекунам, кори бисёр масъулиятнок аст”.
Меҳмони подкаст зикр кард, ки ҳангоми вакил будан, пуле байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳокимият буд, то садои занон шунида шавад.
“Занҳо вақте ки ба зӯроварӣ дучор мешаванд, онҳо дар бораи ин тамоман намегӯянд, ё пинҳон мекунанд”, – гуфт ӯ.
Зебо Шарифова таъкид кард, ки дар кишвар қонун амал мекунад ва тибқи он зӯроварӣ дар оила бояд ҷой надошта бошад.
Ба назари ӯ “қолабҳои шахшуда ё фишори анъанавӣ аст, ки мегӯянд “кори зан дар ошхона аст””.
Дар идомаи сӯҳбат Зебо Шарифова дар бораи фаъолияи худ, замони вакилӣ, кор дар созмони “Лигаи занони ҳуқуқшинос”, таъсис додани ташкилоти “Занони ҳуқуқшинос барои рушд” ва дигар паҳлуҳои кориву таҷрибаҳои худ қисса кард.
Ин нашри подкаст дар бораи он аст, ки чӣ гуна ҳатто дар лаҳзаҳои душворӣ ҳам аз роҳи интихобкарда барнагардем.
Шакли садоии подкастро дар ин ҷо гӯш кунед:
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди баробарии гендерӣ тавассути ҷомеаи шаҳрвандӣ» (AGECS), ки ҷузъи барномаи «Бунёдҳои саломатӣ ва тавонмандсозӣ» (F4HE) мебошад, ташаббуси Фонди Оғохони Канада бо дастгирии молиявии Ҳукумати Канада таҳия гардидааст.