fbpx

Дастурамал барои бемор: Чӣ тавр ба табиб саволҳои дуруст дода, дар табобат сарфа кардан мумкин

Шарҳ медиҳем, ки аз рӯйи кадом нишонаҳо метавон бесамар будани табобатро муайян метавон кард.


0
Тасвир: Kalle Wolters

Далер, дӯзандаи 51-солаи сокини Душанбе, ҳамасола бо тавсияи духтури худ барои “пешгирии умумӣ” ба маблағи 700-800 сомонӣ дору мехарад.

“Ӯ як шиноси наздики ман аст, ҳамеша ба ман мегӯяд: “Ҳеҷ касро гӯш накун, фақат он чизе бикун, ки ман мегӯям. Давра ба давра ин курси табобатиро гузар ва ҳеҷ ҷоят дард намекунад”,- нақл мекунад Далер.

Камаш як бор дар сол, духтур ба Далер доруҳо барои дарди миён, нигоҳдории саломатии ҷигар, витаминҳо барои боло бурдани масуният, қатрадору (капельница) барои “тозакунии бадан” ва малҳамҳои гуногун менависад.

“Баъди ҳар як муроҷиат, ман бо ду халтаи вазнини дору ба хона бармегардам. Ҳамсарам ба ин халтаҳо нигоҳ карда, шӯхиомез мегӯяд: “Ту чӣ қадар худатро дӯст медорӣ?” Аммо ман, новобаста аз ҳама, чанд сол мешавад, ки ба тавсияҳои ин шиноси худ амал мекунам ва худро хуб ҳис мекунам”,- мегӯяд ӯ.

Аммо саволе ба миён меояд: оё дар ҳақиқат ҳамаи ин доруҳоро истеъмол кардан зарурат дорад, вақте ки бемор ягон шикоят надошта бошад?

Дар Тоҷикистон, мувофиқи маълумоти Обсерваторияи аврупоии низом ва сиёсати тандурустӣ, 63% хароҷоти тиббӣ аз ҳисоби худи шаҳрвандон пардохт мешавад. Ин маънои онро дорад, ки табобати бесамар на танҳо ба сиҳатӣ, балки ба буҷаи хонавода ҳам таъсири манфӣ мерасонад.

Қиссаи Далер хоси як шахс нест, мисли ӯ бисёр одамон дар Тоҷикистон ба ҳар чизе, ки духтур мегӯяд, бовар мекунанд. На аз он сабаб, ки низоми тандурустӣ бидуни нуқсон аст, балки аз он ҷиҳат, ки саводи тиббӣ дар ҷомеа паст аст, ҳатто дар кишварҳои рушдёфта ҳам.

Масалан, як таҳлили систематиктӣ ва мета-таҳлили тадқиқоте, ки солҳои 2000 то 2019 гузаронида шудаанд, нишон додааст, ки ҳар дуввум аврупоӣ асосҳои одии тиб, хизматрасониҳои тиббӣ ва фоидаи онҳо барои саломатиро намефаҳмад.

Сатҳи поён ё нокифояи саводи тиббӣ аксаран ба табобати бесамар ва хароҷоти нозарур мебарад.

Моҳияти муҳим доштани саводи тиббӣ дар шароити табобати бемориҳои қалб бештар эҳсос мешавад. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, бемории ишемиявии дил сабаби асосии фавт дар Тоҷикистон аст.

Дар мақолаи илмӣ доир ба барқарорсозии беморон баъди амалиёти шунтгузаронии аортокоронарӣ (амали ҷарроҳӣ барои барқарорсозии гардиши хун дар рагҳои дил), таъкид шудааст, ки сатҳи пасти саводи тиббӣ боиси он мегардад, ки беморон тарзи ғизохӯрии худро дигар намекунанд, машқҳои ҷисмонӣ намекунанд, доруҳоро сари вақт намегиранд, сатҳи стрессро назорат намекунанд ва аз табобати самаранок даст мекашанд, ки дар натиҷа, бо осебҳои ҷиддӣ баъди амалиёт рӯ ба рӯ мешаванд.

Саводи тиббӣ – ин қобилияти дарк кардан ва фаҳмидани маълумоти марбут ба саломатии шахсист. Бемороне, ки ин малакаҳоро надоранд, се баробар бештар ба бахши ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат мекунанд, нисбат ба онҳое, ки сатҳи баланди фаҳмиши тиббӣ доранд.

Бемор бояд чиро бидонад?

Барои рушди саводи тиббӣ ва қабули қарорҳои дуруст доир ба саломатии худ, фаҳмидани чанд принсипи асосие, ки илми тибби муосир бар онҳо бунёд ёфтааст, зарур аст.

Акси марбута аз espresso.tv

Эффекти пласебо – ин ҳолатест, ки инсон ба ҷойи доруи воқеӣ “чизи пуч” мегирад, вале бо вуҷуди ин худро беҳтар ҳис мекунад. Ин як механизми воқеии биологист.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар муолиҷаи мигрен, пласебо метавонад то 50% аз доруи ҳақиқӣ самараноктар бошад, зеро дар мағзи сар истеҳсоли дофамин ва опиоидҳои эндогенӣ (моддаҳои табиие, ки бадан худаш истеҳсол мекунад ва ҳамчун дардкуш амал мекунанд) фаъол мешавад.

Ғайр аз эффекти пласебо, як доми маъмули дигари шуур вуҷуд дорад – тамоюл ба пайдо кардани робитаи сабабу натиҷа дар ҳолатҳое, ки чунин робита дар асл нест.

Мисол, дар Тоҷикистон бисёр одамон дар вақти таб ва зуком антибиотик ва доруҳои зиддивирусӣ мегиранд. Ҳол он ки барои зукоми одӣ чунин доруҳо тамоман бесамар мебошанд.

Баъди як ҳафта, вақте ки аломатҳо аз байн мераванд, бисёриҳо гумон мекунанд, ки маҳз антибиотик ва антивирус “кӯмак кард”. Аммо дар асл, зуком табиатан дар давоми 5 то 7 рӯз худ аз худ мегузарад.

Пеш аз он ки ягон доруро қабул кунед, бовар ҳосил намоед, ки он дору самаранокии исботшуда дорад. Барои ин ҳатман лозим нест таҳқиқоти илмӣ бихонед, кофист тафтиш кунед, ки ин дору дар феҳрасти доруҳои бесамар ва беасар нест.

Аломатҳои муолиҷаи бесамар

Чанд нишонаи муҳим вуҷуд дорад, ки метавонанд ба бесамарии муолиҷа ишора кунанд. Аммо муҳим аст донист, ки ҳеҷ яке аз ин нишонаҳо набояд сабаби худсарона қатъ ё иваз кардани табобат гардад. Баръакс, онҳо бояд баҳонаи суҳбати рӯирост ва ошкоро бо духтури табобатгар шаванд.

🚩 1. Аломатҳо намегузаранд ё вазъ бадтар мешавад

Ин нишонаи рӯшантарини табобати номуваффақ аст. Агар шумо тамоми дастурҳои духтурро софдилона иҷро мекунед, вале дар муҳлати муайян ягон беҳбудиро эҳсос намекунед ё ҳатто вазъият бадтар мешавад, ин аломати ҷиддии зарурати бозбинӣ кардани табобат аст.

“Ҳангоми истифодаи антибиотикҳо, мо интизори беҳбудӣ дар давоми 3 рӯз мешавем. Агар дар ин муддат ягон беҳбудӣ нашавад, ин маънои онро дорад, ки табобат самаранок нест ва доруро бояд иваз кард”,- шарҳ медиҳад терапевт Фируза Ҷӯраева.

Ба гуфтаи ӯ, ин қоида барои дигар бемориҳо фарқ мекунад, масалан, ҳангоми фишори баланди хун, натиҷаҳои табобат одатан баъд аз 2 ҳафта арзёбӣ мешаванд. Муҳим аст, духтур ҳамеша ба бемор фаҳмонад, ки кай метавон интизори таъсири дору бошад.

🚩 2. Пайдо шудани таъсири манфии шадид ё тоқатфарсо

Ҳар як доруи самарабахш метавонад таъсири манфӣ дошта бошад. Аммо агар ин таъсирҳо он қадар шадид бошанд, ки ба ҳаёти рӯзмарраи шумо аз худи беморӣ бештар халал расонанд, чунин табобат дигар муносиб ҳисобида намешавад.

Тасвир бо ҳуши масауии Gemini сохта шудааст.

“Ба ман аксар вақт кормандони идоравӣ муроҷиат мекунанд, ки аз дард ва кашишхӯрии мушакҳои даҳон ва ҷоғ ранҷ мебаранд. Ин натиҷаи стресс ва нишастани зиёд аст. Ман одатан машқҳои махсус ва миорелаксант (доруе, ки мушакҳоро ором мекунад) таъйин мекунам. Аммо ин дору метавонад хоболуд кунад, инсонро нотавон ва дар тӯли рӯз беэнергия кунад. Вақте ки бемор аз чунин таъсири манфӣ шикоят мекунад, ман табобатро бозбинӣ мекунам”,- мегӯяд невролог Комрон Парпиев.

Таҳаммули таъсири манфии сахт зарур нест. Агар дору як мушкилро ҳал кунад, вале дар баробари он мушкили дигарро ба вуҷуд оварад, табобат оқилона нест. Дар чунин ҳолат бояд дубора ба духтур муроҷиат карда шавад, то ки миқдори дору тағйир ёбад, вақти истеъмол иваз шавад, доруи дигар пешниҳод гардад ё усулҳои иловагии табобат баррасӣ шаванд.

🚩 3. Ба Шумо ташхис ва ҳадафи табобатро дуруст фаҳмонида наметавонанд

Табобат набояд амали эътиқоди кӯр-кӯрона бошад. Ин як равандест, ки бемор бояд дар он фаъолона иштирок кунад. Агар духтур натавонад ё нахоҳад ба таври равшан шарҳ диҳад, ки чаро ва барои чӣ ин ё он дору таъйин шудааст, шумо бояд нигарон шавед.

“Мо бояд фарҳанги ташхисгузорӣ ва фаҳмондани моҳияти беморӣ ва табобатро ҷорӣ кунем. Бояд фаҳмонем, ки мо чӣ чизро муолиҷа мекунем ва чӣ натиҷаро интизорем”,- мегӯяд Феруза Ҷӯраева.

Ҳар як бемор ҳуқуқи комил дорад, ки ҷавобҳои дақиқ ба ҳадди ақал чаҳор саволи калидӣ бигирад:

“Ташхиси дақиқи ман чист?”

Ҷавоб бояд умумӣ ва норавшан набошад, мисли “шумо мушкили рагҳо доред” ё “иммунитетатон суст шудааст”. Шумо бояд истилоҳи дақиқи тиббиро бишнавед. Агар ин термин барои шумо нофаҳмо бошад, бипурсед, ки онро бо забони сода фаҳмонанд.

“Ҳадафи ин дору ё муолиҷа чист?”

Ин дору маҳз чӣ кор мекунад? Аломатҳоро нест мекунад? Бактерияро мекушад? Фишори хунро паст мекунад? Пешгирии оризаҳоро таъмин мекунад? Ҳадаф бояд мушаххас ва вобаста ба ташхис бошад.

“Чӣ гуна мефаҳмем, ки табобат натиҷа медиҳад?”

Мо кадом беҳбудиҳоро бояд бубинем? Дард тибқи шкала аз 1 то 10 паст мешавад? Хун ба меъёр бармегардад? Фишори хун ба шумораҳои муайян поён меравад? Меъёри натиҷабахши табобат бояд ченшаванда бошад.

“Натиҷаи аввалро кай интизор шавем?”

Духтур бояд муҳлати тахминӣ диҳад. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки бифаҳмед кай натиҷаро интизор шавед ва табобатро бармаҳал қатъ накунед ё беасос онро муддати тӯлонӣ идома надиҳед.

Акст аз amsny.org

Духтури ботаҷриба ва масъул ба ҳамаи ин саволҳо бо диққат ва равшан ҷавоб медиҳад, зеро фаҳмиши бемор аз раванди табобат хеле муҳим аст. Агар ба шумо ҷавобҳои равшан дода нашаванд, ё духтур аз саволҳои шумо асабӣ шавад, ҳамин кофист, ки ба мутахассиси дигар муроҷиат кунед.

🚩 4. Табобат хусусиятҳои шахсии шуморо ба назар намегирад

Духтури хуб на танҳо бемориро мебинад, балки шахсияти беморро низ дар назар мегирад. Таъйинот бояд тарзи зиндагӣ, бемориҳои дигар, доруҳои аллакай то ин дам қабулкарда ва имкониятҳои молии шуморо ба назар гирад.

Масалан, агар ба шумо бе муайян кардани он ки кадом доруҳоро аллакай истеъмол кардаед, боз доруи дигар таъйин карда шавад, хавфи таъсири манфии байни доруҳо зиёд мешавад. Ё метавонанд доруи гаронарзиш таъйин кунанд, дар ҳоле ки муодили дастрас ва самарабахши он вуҷуд дорад.

Шумо беҳтар аз ҳама вазъи молӣ ва хусусиятҳои баданатонро медонед.
Ҳамеша ба духтур ҳамаи бемориҳо ва доруҳоеро, ки мегиред, бигӯед. Агар табобати таъйиншуда гарон бошад, бе ҳиҷолат бипурсед, ки оё ивазшавандаи арзонтар вуҷуд дорад ё не.

Бемори огоҳ – касест, ки савол медиҳад, нигарониҳои худро баён мекунад ва якҷоя бо духтур беҳтарин роҳи табобатро меёбад.

🚩 5. Вақте аз ҳад зиёд дору таъйин мешаванд

Агар ба бемор панҷ ё бештар аз панҷ дору таъйин шавад, хавфи таъсири номатлуби байни онҳо ба таври ҷиддӣ меафзояд. Ин ҳолат бо номи поли-прагмазия (polyprescription) шинохта мешавад. Доруҳо метавонанд таъсири якдигарро ё зиёд кунанд, ё коҳиш диҳанд, ё боиси заҳролудшавӣ гарданд, ва самаранокии умумии табобатро паст кунанд.

“Дар дарсҳои фармакология ба мо мегуфтанд: як дору – духтур мефаҳмад чӣ мешавад. ду дору – фармакологи клиникӣ мефаҳмад чӣ мешавад. се ва зиёда – оқибаташро танҳо Худо медонад”, – ба ёд меорад терапевт Фируза Ҷӯраева.

Ҳар қадар дору зиёдтар бошад, ҳамон қадар хавфи таъсири манфӣ бештар мешавад.

Баъзан ин таъсирҳоро саҳван аломати бемории нав мешуморанд ва боз доруи дигар таъйин мекунанд.

Масалан, доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ метавонанд таъсири доруҳои фишори хунро кам кунанд, ё варфарин + аспирин якҷоя хатари хунравии шадидро чандин маротиба зиёд мекунанд.

Шакли мураккаби табобат бо доруҳои гуногун, боиси саргардонӣ, фаромӯш кардани воя ва нодуруст истифода бурдани доруҳо мешаванд. Дар натиҷа, самаранокии табобат коҳиш меёбад ва хатарҳои ориза зиёд мешаванд.

Аз ин рӯ, тибби муосир ба принсипи фармакотерапияи оқилона пойбанд аст, яъне таъйини шумораи ками доруҳо бо фоидаи терапевтии бештар.

Имрӯз худро чӣ гуна эҳсос мекунед? Ин посухро қайд кунед.

Агар шумо бемории музмин, масалан, диабет, депрессия ё ҳолатҳои изтиробӣ дошта бошед, табибон тавсия медиҳанд, ки дафтари қайди аломатҳоро нигоҳ доред. Дар ин дафтар бемор маълумоти марбут ба саломатии худро ҷамъ мекунад, то самаранокии табобатро пайгирӣ намояд.

“Вақте бемор ба ман дафтари қайд меорад, ки дар он ҳолатҳои худро навиштааст, кори мо куллан тағйир меёбад, – мегӯяд психиатр Мария Гончарова. – Ба ҷои пурсуҷӯи тӯлонӣ, мо танҳо ба динамикаи аломатҳо дар давоми моҳи охир менигарем ва баъди чанд дақиқа ман тасвири пурраи ҳолати беморро ба даст меорам. Тағйироти рӯҳияро мебинам, таъсири доруҳоро, ҳолатҳои шиддатёбӣ ва сабабҳои онҳоро. Ман аз кор чунин бо беморон хушҳолам, онҳо иштирокчиёни фаъол дар раванди табобат мешаванд ва ба зудӣ ба ремиссияи устувор мерасанд”.

Истифода кардани чунин дафтари қайд дар як рӯз танҳо 3-5 дақиқа вақт мегирад.

Аввал шакли онро бояд интихоб кард. Барои оғоз, шумо бояд формати мувофиқро интихоб кунед. Ин метавонад дафтари одӣ, ҷадвал дар Excel, ё барномаи махсуси саломатӣ дар телефони шумо бошад. Муҳим он аст, ки ин васила ҳамеша дастрас ва барои шумо қулай бошад.

Муайян кунед, ки чӣ чизро чен кардан лозим аст. Барои ҳар як аломат ё беморӣ нишондодҳои мушаххаси ченшаванда вуҷуд доранд.

  • Ҳангоми фишорбаландӣ: фишори хун (систолӣ/диастолӣ) ва набз;
  • Ҳангоми диабет: сатҳи глюкоза дар хун;
  • Ҳангоми изтироби шадид: шумораи ҳамлаҳои ваҳм дар як ҳафта ва арзёбии сатҳи изтироб аз рӯйи миқёси 1 то 10;
  • Ҳангоми дарди музмин: шиддати дард аз рӯйи миқёси 1 то 10 ва шумораи доруҳои дардкуши истеъмолшуда;
  • Ҳангоми бедорхобӣ: соатҳои хоби шабона ва шумораи бедоршавиҳои шабона.

Ин рӯйхат танҳо намунаи сода ва кӯтоҳ аст. Ҳамеша бо духтури худ маслиҳат кунед, ки дар мавриди шумо кадом нишондиҳандаҳо муҳим мебошанд.

Моҳияти саводи тиббӣ дар он нест, ки шумо бо духтур баҳс кунед.
Бо пурсидани саволҳо ва фаҳмидани мантиқ ва мақсади табобат, шумо ба худ ва духтур кӯмак мекунед, то ба ҳадафи асосӣ – табобати дуруст бирасед.

Ин гуна муносибат имкон медиҳад, ки шумораи муроҷиатҳо ба ёрии таъҷилӣ то 3 маротиба коҳиш ёбад ва ҳамзамон шумо аз хароҷоти зиёдатӣ эмин хоҳед монд.

Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи Internews “Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод” (CARAVAN) таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи муаллиф, Навруз Каримов, вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.

Тарҷума мутобиқгардонида аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend