fbpx

Русия 26 ҳазор патенти муҳоҷирони кориро бекор кард

Дар байни ин муҳоҷирон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.


0
Акс: abmrsk.ru

Вазорати корҳои дохилии Русия аз бекор шудани беш аз 26 ҳазор патенти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки уҳдадории пешниҳоди маълумот дар бораи ҷои кори худро иҷро накардаанд, хабар дод, менависад хабаргузории ТАСС.

Ба иттилои манбаъ, шумораи патентҳои бекоршуда дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ тақрибан ҳафт маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта будааст. Дар байни ин муҳоҷирон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

“Вазорати корҳои дохилии Русия чораҳои фаъолона барои бекор кардани патенти шаҳрвандони хориҷие, ки дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо огоҳ намекунанд, роҳандозӣ кардааст. Дар натиҷа, давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 26 ҳазор патент бекор карда шуд”,- омадааст дар гузориш.

Тибқи қонунгузории Русия, муҳоҷироне, ки иҷозатномаи корӣ мегиранд, бояд дар муддати на дертар аз ду моҳ баъд аз гирифтани он, мақомоти марбути кишварро дар бораи шартномаи басташуда бо корфармо огоҳ кунанд.

Қаблан намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дода буд, ки танҳо дар панҷ моҳи соли 2024 зиёда аз 21,5 ҳазор патенти муҳоҷирон дар ин кишвар беэътибор дониста шудааст.

Барои огоҳсозии мақомоти Русия муҳоҷирон метавонанд аз се роҳ истифода баранд:

  • Тавассути почтаи давлатии “Почта России”;
  • Ба воситаи портали ягонаи давлатии “Госуслуги”;
  • Бо муроҷиат ба “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар минтақаи фаъолият.

Дар сурати иҷро накардани ин талабот, патент ба таври худкор бекор мешавад ва номи муҳоҷир ба феҳристи шахсони таҳти назорат ворид мегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend