fbpx

Заҳролудшавӣ аз ғизо дар тобистон: чӣ бояд кард?

Шарҳ медиҳем, ки чӣ сабаби заҳролудшавӣ аз ғизо мешавад ва чӣ гуна онро пешгирӣ ва табобат бояд кард.


0
Акс аз сомонаи guranka.ru

Тобистон фаслест, ки бештар аз ҳама мутахассисони бемориҳои сироятиро ба ташвиш меорад. Дар рӯзҳои гарм заҳролудшавӣ аз ғизо зиёд мешавад, ки бо афзоиши микробҳои бемориовар алоқаманд аст.

Манбаи асосии чунин сироятҳо ғизо ва оби олуда ба микроорганизмҳои хатарнок мебошанд. Шарҳ медиҳем, ки чӣ гуна муайян кардан мумкин, ки заҳролуд шудед ва чӣ тавр бояд пешгирӣ кард.

Чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст, ки шумо аз ғизо заҳролуд шудед?

Заҳролудшавӣ аз ғизо ҳолатест, ки баъди истеъмоли ғизо ногаҳон вазъи саломатӣ бад мешавад. Вайрон шудани фаъолияти меъдаву рӯда бештар дар фасли тобистон рух медиҳад ва одатан аз истеъмоли маҳсулоти бесифат ё оби олуда ба вуҷуд меояд.

Барои сари вақт чораандешӣ кардан, хуб аст аломатҳои заҳролудшавӣ, навъҳои он ва қоидаҳои ёрии аввалро бидонед.

Ин беморӣ вақте ба вуҷуд меояд, ки ба организм бактерияҳои шартии патогенӣ ё пурра патогенӣ ва инчунин моддаҳои заҳрноке, ки онҳо истеҳсол мекунанд, ворид мешаванд. Бактерияҳо зуд афзоиш меёбанд, пардаи луобии узвҳои ҳозимаро варам кунонида, боиси халалдор шудани фаъолияти онҳо мешаванд.

Ғайр аз ин, дар баъзе ҳолатҳо моддаҳои заҳрнок ба хун ҷаббида шуда, ба тамоми бадан паҳн мешаванд ва кори дигар узвҳо ва системаҳои организмро халалдор мекунанд.

Дар хотир доред, ки заҳролудшавӣ аз ғизо асосан аз бактерияҳо мешавад. Бактерияҳои шартии патогенӣ, ки ба маҳсулоти ғизоӣ роҳ ёфтаанд, моддаҳои заҳролуд хориҷ мекунанд.

Заҳролудшавии организм дар натиҷаи таъсири моддаҳои заҳрноке ба амал меояд, ки ё худ дар ғизо ҳастанд, ё дар натиҷаи фаъолии бактерияҳо дар дохили рӯда пайдо мешаванд.

Бинобар ин, заҳролудшавӣ аз ғизоро аксар вақт “токсикоинфексияи ғизоӣ” ҳам меноманд.

Оё заҳролудшавӣ аз ғизо гузаранда аст?

Заҳролудшавӣ аз ғизо сирояткунанда нест. Яъне як шахс наметавонад ин бемориро ба шахси дигар ҳангоми муошират интиқол диҳад. Аммо агар ҳарду шахс як маҳсулоти вайроншуда ё олударо бихӯранд, ҳарду метавонанд дар як вақт бемор шаванд.

Дар ҳамин ҳол, бояд донед, ки микробҳои сабабгори заҳролудшавӣ дар дохили ғизо баробар паҳн намешаванд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки ду нафар як ғизоро истеъмол мекунанд, вале танҳо яке аз онҳо заҳролуд мешавад, дар ҳоле ки дувумӣ ягон аломати заҳролудшавиро эҳсос намекунад.

Аломатҳои заҳролудшавӣ аз ғизо кадомҳоянд?

  • баланд шудани ҳарорати бадан;
  • паст шудани фишори хун;
  • дилбеҳузурӣ, баъдан қайкунӣ;
  • дарунравӣ, рафтани оби бадан тавассути наҷосати обдор ва зуд-зуд ба ҳоҷатхона рафтан, ки сабаби он халалдор шудани ҷаббиши моеъ дар рӯда аст;
  • пайдо шудани дард дар рӯда ва кашишхӯрии мушакҳо бинобар таъсири моддаҳои заҳрнок ба пардаи луобии рӯдаҳо;
  • халалдоршавии мубодилаи сафедаҳо ва карбогидратҳо, инчунин беобшавии бадан.

Дар чунин ҳолати заҳролудшавӣ аз ғизо ба шахси бемор зарур аст, ки фавран ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намояд.

Чӣ тавр заҳролудшавӣ аз ғизоро ташхис кардан мумкин аст?

Нишонаҳои клиникии заҳролудшавӣ аз ғизо метавонанд бо аломатҳои дигар бемориҳо монанд бошанд. Бисёр вақт ташхиси фарқкунанда аз сироятҳои вирусӣ ва бактериявии рӯда гузаронида мешавад.

Барои ташхис ҷамъоварии маълумоти тиббӣ (анамнез) хеле муҳим аст: агар маълум шавад, ки шахс ғизои бесифат ё муҳлаташ гузаштаро истеъмол кардааст, эҳтимоли заҳролудшавӣ аз ғизо бештар мешавад. Сироятҳо дар рӯда одатан аз узвҳои ҳозима оғоз меёбанд.

Дар ҳолати заҳролудшавии шадид аз ғизо аксар вақт фурсат барои муайян кардани сабаби дақиқи беморӣ ва гурӯҳи токсикоинфексияҳо намерасад.

Аз ин рӯ, табибон муолиҷаро бидуни интизории натиҷаҳои ташхиси лабораторӣ оғоз мекунанд. Аммо агар заҳролудшавии оммавӣ (гурӯҳӣ) рух диҳад, таҳқиқоти эпидемиологӣ гузаронида мешавад.

Чӣ гуна заҳролудшавӣ аз ғизоро муолиҷа бояд кард?

Ёрии тиббӣ ҳангоми заҳролудшавӣ аз ғизо аз бартарафсозии сабаби он оғоз мешавад. Меъдаи шахси заҳролудшударо шуста, дар ӯ қайкуниро барангехтан лозим аст. Барои ин, ба ӯ 1-2 стакан оби гарми тоза дода, баъдан бо ангуштон ба бехи забонаш пахш кунед.

Ин амал бояд то тоза шудани дохили меъда такрор карда шавад. Агар кӯдаки то 2-сола заҳролуд шуда бошад, барангехтани қайкунӣ манъ аст, чунки кӯдак наметавонад онро идора намояд.

Қадами навбатӣ хориҷ кардани боқимондаи моддаҳои заҳрнок аз бадан ва бартарафсозии нишонаҳои хатарнок мебошад.

Барои ин энтеросорбентҳо истифода мешаванд. Онҳо моддаҳои заҳрнокро мисли исфанҷ мебанданд ва бо наҷосат аз бадан хориҷ мекунанд.

Машҳуртарин дору аз ин гурӯҳ ҳабҳои ангишти фаъолшуда мебошанд, аммо доруҳои муосири таъсирноктар низ мавҷуданд:

  • Энтеросгел,
  • Смекта,
  • Полисорб,
  • Полифепан,
  • Лактофилтрум,
  • Энтеродез.

Энтеросорбентҳоро баъди қатъ шудани қай ва анҷом додани амалҳои аввалия истеъмол мекунанд. Ҳангоми истифода риояи миқдор ва вақти қабул ҳатмист.

Бояд донист, ки энтеросорбентҳо на танҳо моддаҳои заҳрнок, балки боқимондаи доруҳоро низ аз бадан хориҷ мекунанд, бинобар ин байни истеъмоли доруҳо фосилаи ҳадди ақал 2 соат бояд нигоҳ дошта шавад.

Муолиҷаи минбаъда – табобати аломатҳо аст, яъне доруҳоро вобаста ба нишонаҳои беморӣ таъйин мекунанд. Онҳо сабабро бартараф намекунанд, балки аломатҳоро сабук месозанд:

  • Спазмолитикҳо – дар ҳолати дард ва кашишхӯрии рӯда;
  • Доруҳои висмутдорҳангоми илтиҳоби девори рӯда ва барои тезонидани барқароршавии луобпарда.

Барқарорсозии тавозуни об ва намакҳо баъди заҳролудшавии микробӣ бо ёрии табобати регидратсионӣ анҷом дода мешавад. Барои ин чунин доруҳо таъйин мешаванд:

  • Орсол,
  • Реосолан,
  • Регидрон.

Онҳоро кам-кам, вале тез-тез менӯшанд, дар ҳар 10 дақиқа 1 қошуқ. Инчунин метавонед худатон маҳлул омода кунед: ба 1 литр оби ҷӯшонидашуда 1 қошуқ намак, 1 қошуқ сода ва 2 қошуқ шакар илова намоед.

Агар ҳамаи ин чораҳо натиҷа надиҳанд, ба бемор табобати инфузионӣ таъйин мекунанд, яъне ӯро ба беморхона хобонда, тавассути системаи қатрагӣ маҳлулҳои глюкоза, натрий-хлорид ва трисол медиҳанд, то ки аз оризаҳо пешгирӣ шавад.

Агар кори системаи ҳозима барқарор нашавад, табиб доруҳои зидди қайкунӣ ва зидди дарунравӣ таъйин мекунад. Барои ба ҳолати муътадил овардани микрофлораи рӯда пробиотикҳо тавсия дода мешаванд.

Дар тамоми давраи муолиҷа ва барқароршавӣ ба бемор парҳези махсус лозим аст. Дар рӯзи аввал пас аз заҳролудшавӣ беҳтар аст, ки танҳо моеъ истеъмол шавад. Аз рӯзи дувум метавон ғизои сабук қабул кард, аз ҷумла:

  • Марҷумак ё биринҷ пухта (бе равған);
  • Фатиркулча;
  • Нони хушк.

Чӣ тавр пеши роҳи заҳролудшавӣ аз ғизоро гирифт?

Заҳролудшавӣ аз ғизоро бо роҳи эмгузаронӣ пешгирӣ кардан мумкин нест, зеро ғизои заҳролуд ё кӯҳнашуда ҳамеша хатар ба саломатӣ дорад. Чораҳои асосии пешгирӣ дар риояи қоидаҳои зерин мебошад:

  • Пок нигоҳ доштани дастон ва ҷойи тайёр кардани ғизо. Муҳим аст, ки тозагии ошхона ва макони нигоҳдории маҳсулот ҳамеша зери назорат бошад. Барои пешгирии воридшавии микробҳо бо ҳашарот ва хояндаҳо, аз ҷумла пашшаҳо ва нонхӯракҳо мубориза бурдан лозим аст.
  • Ҷудо нигоҳ доштани намудҳои гуногуни маҳсулот. Дар ошхона барои ҳар як намуди маҳсулот – гӯшт, моҳӣ, сабзавот тахтачаҳои алоҳида бояд бошад. Ин на танҳо хатари заҳролудшавиро кам мекунад, балки аз омехташавии ғизоҳо пешгирӣ менамояд. Баъди тайёр кардани ғизо тахтачаҳоро бо оби ҷӯш тоза кунед.
  • Назорати муҳлати истифодаи маҳсулот. Барои пешгирии заҳролудшавии микробӣ бояд ҳам ҳангоми харид ва ҳам дар хона муҳлати истифодаи маҳсулотро санҷед.
  • Маҳдуд кардани нигоҳдории ғизои зуд вайроншаванда. Ҳатто дар яхдон нигоҳ доштани маҳсулоти зуд вайроншаванда, бахусус ширу маҳсулоти ширӣ тавсия намешавад. Онҳоро танҳо тару тоза истеъмол кардан мумкин аст. Истифодаи маҳсулоти муҳлаташон гузашта қатъиян манъ аст.
  • Назорати оби нӯшокӣ. Барои кам кардани хатари заҳролудшавӣ беҳтар аст, ки оби нӯшокиро ҷӯшонед, аз истифодаи оби кран ё обе, ки дар зарфи боз истодааст, худдорӣ намоед.
  • Истеъмоли хӯрок дар ҷойҳои кушод ҳангоми гармӣ мумкин нест. Дар рӯзҳои хеле гарм аз хӯрдани ғизо дар кӯча ё дигар ҷойҳои кушод худдорӣ кардан лозим аст.

Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend