fbpx

Муҳоҷиронеро, ки фарзандонашон ба мактаб намераванд, метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд

Фадеев гуфтааст, вале бархе муҳоҷироне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия меоянд, "ба мактаб фиристодани фарзандони худро зарур намешуморанд".


0
Акси марбута

Раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсони (СПЧ) назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод кардааст, ки оилаҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки фарзандонашон ба мактабҳои русӣ намераванд, аз кишвар ихроҷ шаванд.

Ин изҳороти Фадеев рӯзи 25 июн дар Телеграм-канали хадамоти матбуоти СПЧ нашр шуд.

Валерий Фадеев. Акс: РИА Новости

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои дохилии Русия 785 ҳазору 593 кӯдаки хориҷии ноболиғро дар қаламрави кишвар ба қайд гирифтааст, вале танҳо 192 254 нафари онҳо таҳсил дар муассисаҳои таълимии Русияро идома медиҳанд.

Фадеев таъкид кардааст, ки дар ин омор кӯдакони синни томактабӣ низ ҳастанд, аммо ба андешаи ӯ, ҳадди ақал 300 ҳазор кӯдаки боқимонда бояд ба мактабҳои русӣ ҷалб шаванд.

Роҳбари СПЧ бо такя ба моддаи 43 Конститутсияи Русия ва моддаи 63 Кодекси оилавии кишвар гуфтааст, ки мувофиқи онҳо, волидоне, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, вазифадоранд ба фарзандони худ таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Фадеев гуфтааст, чунин талабот дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон низ амал мекунад, вале бархе муҳоҷироне, ки аз ин кишварҳо ба Русия меоянд, “ба мактаб фиристодани фарзандони худро зарур намешуморанд”.

Ба гуфтаи ӯ, чунин муносибат ҳуқуқи “садҳо ҳазор кӯдакеро, ки дар Русия қарор доранд”, поймол мекунад.

“Агар шаҳрвандони хориҷӣ намехоҳанд қонунҳои кишвари мизбонро риоя кунанд, бигузор ба Ватан баргарданд ва таъмини ҳуқуқи фарзандонашон ба таҳсилро кишвари худашон ба зимма бигиранд”, — афзуд ӯ.

Ҳамзамон, ҳангоми пешниҳоди ихроҷи оилаҳои муҳоҷироне, ки фарзандонашон ба мактаб намераванд, Фадеев асосан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ном бурдааст, дар ҳоле ки омори Вазорати корҳои дохилии Русия тамоми кӯдакони хориҷиро фаро мегирад.

Ба ғайр аз ин, дар Русия қонун талаб мекунад, ки волидон таҳсилоти умумии фарзандонро таъмин намоянд, аммо қонунҳоеро, ки махсус ҳатман дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таҳсил намудани фарзандонро маҷбур кунад, вуҷуд надорад.

Баъд аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл”-и вилояти Москва, сиёсатҳои муҳоҷиратӣ дар Русия шадидтар шуданд ва мавҷҳои эҳсосоти зидди муҳоҷирон дар ҷомеа боло гирифт.

Тибқи иттилои созмони ҳуқуқи башар Human Rights Watch, пас аз ин ҳодиса муҳоҷирон дар Русия бо афзоиши бегонаситезӣ, истифодаи забони нафратангез ва хушунат рӯ ба рӯ шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend