fbpx

Сӯхтор дар як бинои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

Сӯхтор дар як сехи хурди барқтаъминкунии ин ниҳод дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада, масоҳати тақрибан 50 метри мураббаъро фаро гирифтааст.


0
Сӯхтор дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

19-уми май дар яке аз биноҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон сӯхтор сар задааст. Ба иттилои Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ, ҳодиса тақрибан соати 16:42 рух додааст.

Манбаъ хабар медиҳад, сӯхтор дар як сехи хурди барқтаъминкунии ин ниҳод дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада, масоҳати тақрибан 50 метри мураббаъро дарбар гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони хадамоти оташнишонӣ, кормандони онҳо ба маҳалли ҳодиса сари вақт расида, алангаи оташро дар муддати кӯтоҳ хомӯш кардаанд. Хушбахтона, дар натиҷаи ин сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон ҳаҷми хисороти молии расида аз ин ҳодиса муайян нашудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend