Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки Сайвалӣ Шарипов шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ин ниҳод ҷасорат ва қаҳрамонии ӯро намунаи олии инсонгарӣ ва шуҷоат арзёбӣ кардааст.
Қаблан расонаҳои маҳаллии Русия аз ин муҳоҷир Саид Шарипов ном бурда, ҳувияти ӯро ошкор накарда буданд. Танҳо гуфта мешуд, ки дар шаҳри Березовскийи вилояти Свердловски Русия як муҳоҷири 32-сола, ки 16 сол боз дар ин кишвар ба ҳайси ронандаи такси кор мекунад, се кӯдакро аз сӯхтор наҷот додааст.
Вале ба иттилои Намояндагӣ, шаҳрванди Тоҷикистон Сайвалӣ Шарипов рӯзи 14-уми май, тақрибан соати 19:12, дар дорухонаи шаҳри Екатеринбург, бо шунидани гиряи кӯдак, ба кӯмаки ӯ шитофтааст.
“Пас аз наздик шудан ба ҷойи ҳодиса, Сайвалӣ аз тиреза вориди хона шуда, кӯдакро аз коми оташ наҷот медиҳад. Кӯдак бо гиря мегӯяд, ки бародараш ҳам он ҷост.
Сайвалӣ бори дуввум вориди хонае мегардад, ки ин лаҳза дар оташи баланд месӯхт. Ҳангоми ҷустуҷӯ дар утоқҳои оташгирифта кӯдаки дигареро, ки бар асари гармӣ ва дуд беҳуш шуда буд, наҷот медиҳад”,- менависад манбаъ.
Сипас, шоҳидон ва ҳамсояҳо хабар медиҳанд, ки дар бино боз як навраси дигаре боқӣ мондааст.
Сайвалӣ ин лаҳза аз дуд нафасгир шуда буд, вале сарашро аз тиреза берун карда, ҳавои тозаро нафас мегирад ва бори сеюм ба бинои сӯхтаистода медарояд.
“Хушбахтона, ба туфайли ҷасорат, қатъият ва арзёбии дурусти вазъ, ӯ кӯдаки севвумро низ наҷот медиҳад ва дар ҳоле аз оташ берун мебарояд, ки шуълаи он аллакай қисми дигари хонаро фаро гирифта буд”,- меафзояд Намояндагӣ.
Таъкид мегардад, ки бо вуҷуди таҳдид ба ҷонаш, Сайвалӣ ҷони се кӯдаки русро наҷот додааст.
Ӯ дар суҳбат бо намояндагони Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст:
“Ҳодиса дар маҳалли зиндагии ман рух дод. Солҳои зиёд боз дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунам ва ҳамаи сокинони маҳаллӣ маро мешиносанд. Он кореро, ки анҷом додам, вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии худ медонам. Ҳар касе, ки дар ҷои ман мебуд, ҳамин тавр амал мекард”.
Дар робита ба ин ҳодиса, корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо аз ин шахси ҷасур изҳори сипос ва эҳтиром кардаанд. Ба гуфтаи Намояндагӣ, сокинони маҳаллӣ низ барои корномаи нишондодааш ба ӯ миннатдорӣ намудаанд.
Сайвалӣ гуфтааст, пас аз тавассути расонаҳо паҳн шудани ҳодиса бо волидонаш суҳбат карда, ҳамаашро ба онҳо фаҳмонидааст.
“Падарам ба ман гуфт: “Вазифаи ҳар тоҷик накӯкорӣ, нишон додани ҷасорат ва мардонагист. Писарам, ту кори дуруст анҷом додӣ””,- нақл мекунад ӯ аз суханони падараш.
Бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик чунин дар Русия чунин қаҳрамонӣ нишон медиҳанд. Аммо на ҳамеша расонаҳои ин кишвар аз онҳо хабар медиҳанд. Инчунин, онҳое, ки расонаӣ мешаванд, аксаран мансубияти миллӣ ё шаҳрвандиашон ошкор карда намешавад.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи гузашта як муҳоҷири тоҷик дар Москва сӯхтори мошини сабукравро хомӯш карда буд. 24-уми апрел шаҳрванди Тоҷикистон Отабек Мадраҳимов, дар яке аз шоҳроҳҳо шоҳиди оташ гирифтани нақлиёти сабукрав шуда, зуд ба кӯмак мешитобад.
Чор моҳ пеш як зодаи дигари Тоҷикистон Бахтиёр Исмоилов, дар вилояти Москва духтараки 11-моҳаро, ки дар роҳ бе либоси зимистона танҳо монда буд, наҷот дод. Бахтиёр дар як ширкати интиқоли ғизои тайёр кор мекард ва ҳангоми аз кор баргаштан дар роҳ кӯдакро мебинад.
Ба гуфтаи Исмоилов, ӯ таваққуф кард, духтарро ба мошин даровард, ба матоъ печонид, ба ёрии таъҷилӣ ва полис занг зад.