Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 8 май бо даъвати Владимир Путин президенти Русия ба шаҳри Москва сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Гуфта мешавад, сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок мекунад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, сарвазири Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.